Ирмиё 12
12
БОБИ ДУВОЗДАҲУМ
Фош кардани гуноҳҳои қавм.
1Ту, эй Худованд, одил хоҳӣ баромад,
агар ман бо Ту мубоҳиса намоям,
аммо бо Ту дар бораи доварӣ сухан хоҳам ронд:
чаро роҳи шарирон муваффақиятнок аст,
ва ҳамаи хоинон некрӯзанд?
2Ту ниҳоли онҳоро шинондаӣ, ва онҳо реша давондаанд,
ва нашъунамо ёфта, мева ҳам додаанд;
Ту ба даҳони онҳо наздик ҳастӣ, валекин аз ботинашон — дур.
3Ва Ту, эй Худованд, маро медонӣ,
ва маро дидаӣ, ва дили маро нисбат ба Худат имтиҳон намудаӣ.
Пас онҳоро мисли гӯсфандон барои забҳ берун овар,
ва онҳоро барои рӯзи қатл таъин намо.
4То ба кай замин мотам хоҳад гирифт,
ва алафи ҳамаи саҳроҳо хушк хоҳад шуд?
Чорпоён ва мурғон аз боиси шарорати сокинони он талаф мешаванд,
зеро ки он шахсон мегӯянд: «Ӯ ояндаи моро нахоҳад дид».
5«Агар ту бо пиёдагардон давида, хаста шуда бошӣ,
чӣ гуна бо аспсаворон мусобиқа хоҳӣ кард?
Ва агар дар сарзамини осоишта ту ба ҳарос афтода бошӣ,
дар ҷангалистони анбӯҳи Урдун чӣ гуна рафтор хоҳӣ кард?
6Зеро ки ҳатто бародаронат ва хонадони падарат,
ҳатто онҳо ба ту хиёнат менамоянд,
ҳатто онҳо аз қафоят бо овози баланд хитоб мекунанд;
ба онҳо, вақте ки ба ту суханони нек гӯянд, бовар накун».
7«Хонаи Худро тарк кардам; мероси Худро партофтам;
ҷононаи Худро ба дасти душманонаш супурдам.
8Мероси Ман барои Ман мисли шери ҷангал шуд:
овозашро ба Ман баланд кард, бинобар ин аз вай нафрат намудам.
9Оё мероси Ман бози рангин аст,
ки бозони дигар аз ҳар тараф ба он ҳамла карданд?
Рафта, тамоми ҳайвоноти саҳроро ҷамъ кунед,
ва омада, гӯшти онро бихӯред.
10Чӯпонони бисьёр токзори Маро хароб карданд,
қитъаи Маро поймол сохтанд;
қитъаи маҳбуби Маро ба биёбони вайронае табдил доданд.
11Онро вайрона карданд,
ва он вайрона шуда, пеши Ман мотам гирифтааст;
тамоми замин вайрона шудааст,
зеро касе нест, ки инро дар дили худ роҳ диҳад.
12Ба ҳамаи теппаҳои биёбон тороҷгарон омаданд,
чунки шамшери Худованд аз як канори замин
то канори дигари замин талаф менамояд:
барои ҳеҷ башаре осоиштагӣ нест.
13Гандум коштанд, вале хор даравиданд;
заҳмат кашида, манфиате надиданд;
ва шумо аз маҳсулоти худ, ба сабаби оташи хашми Худованд, хиҷил гардед».
14Худованд дар бораи ҳамаи ҳамсоягони шарири Худ, ки таҷовуз менамоянд ба мулке ки Ӯ ба қавми Худ — Исроил мерос додааст, чунин мегӯяд: «Инак, Ман онҳоро аз заминашон хоҳам барканд, ва хонадони Яҳудоро аз миёни онҳо хоҳам барканд.
15Ва баъд аз он ки онҳоро барканам, Ман руҷӯъ намуда, ба онҳо раҳм хоҳам кард, ва ҳар якеро ба мулки вай, ва ҳар якеро ба замини вай хоҳам баргардонид.
16Ва агар онҳо роҳҳои қавми Маро ба хубӣ таълим гирифта, ба исми Ман, яъне „ба ҳаёти Худованд“ гӯён қасам ёд кунанд, — чунон ки онҳо ба қавми Ман таълим дода буданд, ки ба Баал қасам ёд кунанд, — дар он сурат онҳо дар миёни қавми Ман ҷойгир хоҳанд шуд.
17Вале агар нашнаванд, он гоҳ чунин халқро барканда, талаф хоҳам намуд», — мегӯяд Худованд.
Currently Selected:
Ирмиё 12: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.