YouVersion Logo
Search Icon

Ирмиё 11

11
БОБИ ЁЗДАҲУМ
Мазаммат намудан қавмро барои беимонӣ.
Ҳаёти Ирмиё дар хатар.
1Каломе ки бар Ирмиё аз ҷониби Худованд нозил шуда, гуфт:
2«Суханони ин аҳдро бишнавед ва ба мардони Яҳудо ва сокинони Ерусалим бигӯед.
3Ва ба онҳо бигӯй: Худованд, Худои Исроил чунин мегӯяд: малъун бод касе ки суханони ин аҳдро нашнавад,
4Ки онро ба падарони шумо дар рӯзе ки онҳоро аз замини Миср, аз кӯраи оҳан берун овардам, амр фармуда, гуфтам: овози Маро бишнавед ва ҳар он чиро, ки ба шумо амр фармоям, ба ҷо оваред, — ва шумо қавми Ман хоҳед буд, ва Ман Худои шумо хоҳам буд,
5То қасамеро, ки ба падарони шумо хӯрдаам, ба ҷо оварам, яъне заминеро, ки шир ва асал дар он ҷорист, чунон ки имрӯз аст, ба онҳо бидиҳам». Ва ман дар ҷавоб гуфтам: «Омин, эй Худованд».
6Ва Худованд ба ман гуфт: «Ҳамаи ин суханонро дар шаҳрҳои Яҳудо ва дар кӯчаҳои Ерусалим эълон намо ва бигӯй: суханони ин аҳдро бишнавед ва онҳоро ба ҷо оваред.
7Зеро ки Ман падарони шуморо, аз рӯзе ки онҳоро аз Миср берун овардам, то имрӯз сахт таъкид намудам; ҳар рӯз аз субҳидам онҳоро таъкид намуда, гуфтам: овози Маро бишнавед.
8Валекин онҳо нашниданд ва гӯши худро хам накарданд, балки ҳар яке бар тибқи саркашии дили шарири худ рафтор карданд; ва Ман ҳамаи суханони ин аҳдро бар онҳо овардам, ки иҷро кардани онро Ман ба онҳо амр фармуда будам, вале онҳо иҷро накарданд».
9Ва Худованд ба ман гуфт: «Суиқасде дар миёни мардуми Яҳудо ва сокинони Ерусалим вуҷуд дорад:
10Онҳо ба гуноҳҳои аҷдоди худ, ки аз шунидани суханони Ман рӯ тофта буданд, баргаштанд, ва онҳо худоёни дигарро пайравӣ карданд, то ки ба онҳо ибодат намоянд. Хонадони Исроил ва хонадони Яҳудо аҳди Маро, ки бо падаронашон баста будам, поймол карданд.
11Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман мусибате бар онҳо хоҳам овард, ки аз он натавонанд раҳо шаванд, ва сӯи Ман истиғоса хоҳанд бурд, вале Ман онҳоро иҷобат нахоҳам кард.
12Ва он гоҳ шаҳрҳои Яҳудо ва сокинони Ерусалим рафта, ба худоёне ки барояшон бухур месӯзонанд, истиғоса хоҳанд бурд, вале он худоён онҳоро дар вақти мусибаташон ба ҳеҷ ваҷҳ наҷот нахоҳанд дод.
13Зеро ки худоёни ту, эй Яҳудо, баробари шумораи шаҳрҳои ту ҳастанд; ва баробари шумораи кӯчаҳои Ерусалим шумо барои қабоҳат қурбонгоҳҳо барпо кардаед, яъне қурбонгоҳҳо аз баҳри сӯзонидани бухур барои Баал.
14Ва ту барои ин қавм дуо нагӯй, ва барои онҳо овози тазаррӯъ ва истиғоса баланд накун, зеро вақте ки онҳо ба сабаби мусибати худ сӯи Ман бихонанд, иҷобат нахоҳам кард.
15Маҳбуби Маро дар хонаи Ман чӣ кор аст,
дар сурате ки ӯ бисьёр корҳои бад кардааст?
Ва оё гӯшти муқаддас метавонад гуноҳҳоятро аз ту дур кунад,
ки дар вақти бадкирдории худ ин қадар ваҷд менамоӣ?
16Худованд туро зайтуни сарсабзи хушсамар ва хушманзар номидааст,
ва алҳол Ӯ бо садои ғулғулаи азиме бар вай оташ зад, ва шохаҳои он шикаст.
17Ва Худованди лашкарҳо, ки ниҳоли туро шинондааст, мусибате бар ту фармуд, аз боиси бадие ки хонадони Исроил ва хонадони Яҳудо ба муқобили худашон карданд, яъне барои Баал бухур сӯзонида, Маро ба ғазаб оварданд».
18Ва Худованд ба ман маълум кард, ва ман донистам:
он гоҳ Ту аъмоли онҳоро ба ман нишон додӣ.
19Ва ман мисли барраи дастомӯзе будам, ки онро ба забҳ мебаранд;
ва намедонистам, ки бар зидди ман ниятҳои баде доранд:
«Дарахтро бо меваи он талаф намоем,
ва аз арсаи ҳаёт онро барканем, то ки номаш дигар зикр наёбад».
20Вале Ту, эй Худованди лашкарҳо, ки довари одил ҳастӣ,
ва ботину дилро меозмоӣ, чунин бикун,
ки аз онҳо интиқом гирифтанатро бубинам,
зеро ки даъвои худро пеши Ту зоҳир намудаам.
21Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд дар ҳаққи мардуми Анотӯт, ки қасди ҷони ту дошта, мегӯянд: «Ба исми Худованд нубувват накун, то ки аз дасти мо намирӣ».
22Бинобар ин Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Инак, онҳоро ҷазо хоҳам дод: ҷавононашон ба дами шамшер хоҳанд мурд, писаронашон ва духтаронашон аз қаҳтӣ хоҳанд мурд.
23Ва бақияе аз онҳо нахоҳад монд, зеро ки Ман бар мардуми Анотӯт дар соли ҷазои онҳо мусибате хоҳам овард».

Currently Selected:

Ирмиё 11: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

Video for Ирмиё 11