Ирмиё 10
10
БОБИ ДАҲУМ
Охири каломи назди дарвоза: Худо бутҳоро несту нобуд карда, қавми Худро ҷазо хоҳад дод.
1Каломеро, ки Худованд ба шумо, эй хонадони Исроил, мегӯяд, бишнавед.
2Худованд чунин мегӯяд:
«Роҳи халқҳоро таълим нагиред ва аз аломоти осмон натарсед,
чунон ки халқҳо аз онҳо метарсанд;
3Зеро ки фароизи қавмон ҳеҷу пуч аст:
дарахте аз ҷангал мебурранд,
ки онро дасти наҷҷор бо тешае метарошад,
4Бо нуқра ва тилло онро зинат медиҳад,
бо мехҳо ва болға мустаҳкам мекунад,
то ки ноҷунбон бошад.
5Онҳо мисли хӯсае дар полиз мебошанд,
ва наметавонанд сухан ронанд;
онҳоро бардошта бурдан лозим аст,
чунки наметавонанд қадам зананд.
Аз онҳо натарсед,
зеро ки наметавонанд осебе расонанд,
валекин некӣ кардан ҳам аз дасташон намеояд».
6Монанди Ту, эй Худованд, нест!
Ту бузург ҳастӣ, ва исми Ту дар қудрат бузург аст.
7Кист, ки аз Ту, эй Подшоҳи халқҳо, натарсад?
Зеро ки Ту сазовори ин ҳастӣ;
чунки дар миёни ҳамаи хирадмандони халқҳо
ва дар тамоми мамоликашон монанди Ту нест.
8Онҳо аз як сар ҷоҳил ва беақл мебошанд;
таълимоташон ҳеҷу пуч аст: аз ғӯлачӯб иборат аст.
9Нуқраи тахтагӣ аз Таршиш оварда шудааст, ва тилло — аз Уфоз;
маснӯи наҷҷор ва амали дасти заргар аст;
матои лоҷвард ва арғувон либоси онҳост;
ҳамаи онҳо маснӯоти ҳунармандон аст.
10Вале Худованд Худои ростист;
Ӯ Худои Ҳай ва Подшоҳи ҷовидонист;
аз ғазаби Ӯ замин ба ларза меояд,
ва халқҳо ба каҳри Ӯ наметавонанд тоб оваранд.
11Ба онҳо чунин бигӯед: худоёне ки осмон ва заминро наофаридаанд,
аз рӯи замин ва аз зери осмон
нест хоҳанд шуд.
12Ӯ заминро бо қуввати Худ офарид,
дуньёро бо ҳикмати Худ барқарор намуд,
ва осмонро бо хиради Худ густаронид.
13Ҳамин ки Ӯ овоз диҳад, обҳо дар осмон ғулғула меандозад,
ва Ӯ абрҳоро аз ақсои замин боло мебардорад,
барқҳоро барои борон ба вуҷуд меоварад,
ва бодро аз махзанҳои Худ берун меоварад.
14Ҳар одам аз ақл бегона,
ва ҳар заргар аз санаме ки сохтааст,
шармсор хоҳад шуд,
зеро ки бутҳои вай чизи дурӯғ аст,
ва ҳеҷ нафасе дар онҳо нест.
15Онҳо ҳеҷу пуч аст, амали фиребгарист;
чун ба доварӣ дучор оянд, нест хоҳанд шуд.
16Ӯ, ки насибаи Яъқуб аст, мисли онҳо нест,
зеро ки Ӯ Офаринандаи тамоми мавҷудот аст,
ва Исроил сибти мероси Ӯст;
исми Ӯ Худованди лашкарҳост.
17Эй, ки дар муҳосира нишастаӣ,
бору буди худро аз замин бардор,
18Зеро ки Худованд чунин мегӯяд:
«Инак, Ман ҳамин дафъа сокинони ин заминро
дур хоҳам андохт,
ва онҳоро ба танг хоҳам овард, то ки фаҳм кунанд».
19Вой бар ман дар ин шикасти ман!
Ҷароҳати ман сахт аст; вале ман гумон карда будам,
ки ин фақат нотобист, ва ман онро паси сар хоҳам кард.
20Хаймаи ман хароб гардид, ва ҳамаи танобҳоям канда шуд;
писаронам аз пеши ман рафтанд, ва онҳо нестанд:
дигар касе нест, ки хаймаи маро бигустаронад
ва пардаҳои маро биовезад;
21Зеро ки чӯпонон аз ақл бегона шуданд,
ва Худовандро ҷустуҷӯ накарданд,
бинобар ин муваффақият наёфтанд,
ва тамоми рамаи онҳо пароканда шуд.
22Инак, овозае ба гӯш мерасад,
ва ғулғулаи азиме аз кишвари шимолӣ,
то ки шаҳрҳои Яҳудоро ба биёбон,
ба маъвои шағолон мубаддал намояд.
23Ман, эй Худованд, медонам, ки роҳи одам
дар ихтиёри вай нест,
ва касе ки роҳ меравад, қадамҳои худро наметавонад ҳидоят намояд.
24Маро, эй Худованд, ҷазо бидеҳ, аммо аз рӯи инсоф,
на аз рӯи ғазаби Худ: мабодо маро кам кунӣ.
25Ғазаби Худро бар халқҳое бирез, ки Туро намешиносанд,
ва бар қабилаҳое ки исми Туро намехонанд;
зеро ки онҳо Яъқубро хӯрдаанд, ва ӯро хӯрда,
талаф намудаанд,
ва манзили ӯро хароб кардаанд.
Currently Selected:
Ирмиё 10: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.