Ирмиё 9
9
БОБИ НӮҲУМ
Давоми он.
1Кошки сари ман чашмаи об мебуд, ва чашмонам — чашмаи ашк!
Рӯзу шаб барои шаҳидони духтари қавми худ мегиристам.
2Кошки дар биёбон мусофирхонае меёфтам!
Қавми худро тарк карда, аз пешашон мерафтам,
чунки ҳамаашон зинокоранд, анбӯҳи хоинонанд.
3«Забони худро барои дурӯғ мисли камон зеҳ мекунанд,
ва бар замин на аз барои ростӣ пурзӯр шудаанд,
зеро ки аз як шарорат ба шарорати дигар мегузаранд, вале Маро намешиносанд», — мегӯяд Худованд.
4Ҳар яке аз ёри худ барҳазар бошед,
ва ба ҳеҷ бародар эътимод накунед,
зеро ки ҳар бародар пойпечак медиҳад,
ва ҳар ёр бӯҳтон зада мегардад.
5Ва ҳар яке ёри худро фиреб медиҳанд,
ва сухани рост намегӯянд:
забони худро ба дурӯғгӯӣ одат кунондаанд,
то ба дараҷаи хастагӣ каҷравӣ менамоянд.
6«Маскани ту андаруни макр аст;
аз боиси макр намехоҳанд Маро бишносанд», мегӯяд Худованд.
7Бинобар ин Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд:
«Инак, Ман онҳоро гудохта, имтиҳон хоҳам намуд,
зеро ки нисбат ба духтари қавми Худ
чӣ гуна метавонам амал кунам?
8Забони онҳо тири қотил аст, бо макр сухан меронад;
бо даҳони худ ба ёри худ суханони сулҳомез мегӯянд,
вале дар дили худ бар вай камин мегиранд.
9Оё барои чунин аъмол ҷазо нахоҳам дод? — мегӯяд Худованд. —
Ва оё ҷони Ман аз чунин халқ интиқом нахоҳад гирифт?»
10Барои кӯҳҳо гирья ва нола мекунам,
ва барои чарогоҳҳои биёбон — навҳагарӣ,
зеро онҳо сӯхтааст, ба тавре ки касе аз он ҷо гузар намекунад,
ва садои рамаҳо шунида намешавад:
аз мурғони осмон гирифта то чорпоён пароканда шуда рафтаанд.
11«Ва Ман Ерусалимро ба сангтӯдаҳо,
ба маъвои шағолон табдил хоҳам дод,
ва шаҳрҳои Яҳудоро биёбони ғайримаскуне хоҳам гардонид».
12Кист марди хирадманд, ки инро тавонад фаҳм кунад, ва даҳони Худованд ба ӯ сухан гуфта бошад, ва ӯ эзоҳ диҳад, ки чаро замин талаф шуда, мисли биёбоне сӯхтааст, ба тавре ки касе аз он ҷо гузар намекунад?
13Ва Худованд мегӯяд: «Чунки онҳо шариати Маро, ки дар пешашон гузошта будам, тарк карданд, ва ба овози Ман гӯш надоданд, ва бар тибқи он рафтор накарданд,
14Балки ба саркашии дили худ пайравӣ намуданд, ва ба Баалҳо низ, чунон ки падаронашон онҳоро таълим додаанд».
15Бинобар ин Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: «Инак, Ман онҳоро, яъне ин қавмро, явшон хоҳам хӯронид, ва онҳоро оби заҳрдор хоҳам нӯшонид.
16Ва онҳоро дар миёни халқҳое ки онҳо ва падаронашон намешинохтанд, пароканда хоҳам кард, ва шамшерро аз қафои онҳо хоҳам фиристод, то ки онҳоро талаф намоям».
17Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд:
«Диққат диҳед, ва занони навҳагарро бихонед,
то ки биёянд,
ва назди занони хирадманд бифиристед, то ки биёянд;
18Бигзор онҳо шитоб намуда, барои мо навҳагарӣ кунанд,
то ки аз чашмони мо сиришк резад,
ва аз мижгони мо об ҷорӣ шавад.
19Зеро ки садои навҳа аз Сион шунида мешавад:
„Чӣ сон мо тороҷ шудаем!
Мо бағоят шармсор гардидаем,
зеро ки заминро тарк кардаем,
ва масканҳои мо фурӯ ғалтидааст“».
20Пас, эй занон, каломи Худовандро бишнавед,
ва бигзор гӯши шумо каломи даҳони Ӯро бипазирад;
ва шумо ба духтарони худ навҳаро таълим диҳед,
ва ҳар зан ба дугонаи худ — овозандозиро.
21Зеро ки мамот ба тирезаҳои мо баромада,
ба кӯшкҳои мо дохил шудааст, то ки тифлонро аз кӯчаҳо
ва ҷавононро аз майдонҳо талаф намояд.
22Бигӯй: «Худованд чунин мегӯяд:
„Ва ҷасадҳои одамон мисли ахлоте
бар рӯи саҳро,
ва мисли бандҳо дар қафои даравгар афтодааст,
ва касе нест, ки онҳоро ҷамъ кунад“».
23Худованд чунин мегӯяд: «Бигзор хирадманд бо хиради худ наболад, ва зӯровар бо зӯри худ наболад, ва сарватдор бо сарвати худ наболад,
24Балки каси боланда фақат бо ин биболад, ки Маро фаҳм мекунад ва мешиносад, ки Ман Худованд ҳастам, ки марҳамат, инсоф ва адолатро бар замин ба амал меоварам, зеро фақат ҳамин барои Ман матлуб аст», — мегӯяд Худованд.
25«Инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ки Ман ҳамаи онҳоеро, ки дар ҷисм махтун ҳастанд, ҷазо хоҳам дод:
26Миср ва Яҳудо, ва Адӯм ва банӣ‐Аммӯн ва Мӯоб, ва ҳамаи онҳоеро, ки мӯи чаккаҳошонро метарошанд ва дар биёбон сокинанд; зеро ки ҳамаи ин халқҳо номахтунанд, ва тамоми хонадони Исроил дили номахтун доранд».
Currently Selected:
Ирмиё 9: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.