Ишаъё 63
63
БОБИ ШАСТУ СЕЮМ
Рӯзи инмиқом.
1Ин кист, ки аз Адӯм меояд, бо либоси сурх аз Басра меояд?
Ин кист, ки дар либоси Худ пуршукӯҳ аст,
ва дар камоли қуввати Худ қадам мегузорад?
«Ман ҳастам, ки аз рӯи адолат сухан меронам
ва барои наҷот додан тавоно мебошам».
2Чаро либоси Ту сурх аст,
ва ҷомаи Ту мисли касест, ки чархуштро поймол карда бошад?
3«Танҳо Худам чархуштро поймол кардам,
ва аз қавмон касе бо Ман набуд,
ва Ман онҳоро дар ғазаби Худ поймол намудам,
ва дар шиддати хашми Худ онҳоро лагадкӯб сохтам,
ва хуни онҳо бар либоси Ман пошида шуд,
ва Ман тамоми ҷомаи Худро олуда кардам;
4Зеро ки рӯзи интиқом дар дили Ман аст,
ва соли раҳо кардани Ман фаро расидааст.
5Ва Ман нигаристам, ва мададгоре набуд,
ва тааҷҷуб намудам, ки ёваре набуд,
ва бозуи Ман Маро мададгор шуд,
ва хашми Ман Маро ёварӣ намуд.
6Ва Ман қавмонро дар ғазаби Худ поймол намудам,
ва онҳоро аз шиддати хашми Худ маст кардам,
ва хуни онҳоро бар замин рехтам».
Тарс ва умедҳои бақияи қавм дар рӯзи инмиқом.
7Эҳсонҳои Худованд ва ҷалоли Худовандро зикр хоҳам кард,
барои ҳар он чи Худованд ба мо ато намудааст,
ва барои лутфи зиёде ба хонадони Исроил,
ки Ӯ аз рӯи марҳамати Худ
ва аз рӯи фаровонии эҳсонҳои Худ
ба онҳо ато намудааст.
8Ва Ӯ гуфтааст: «Ба яқин, онҳо қавми Ман ҳастанд,
писароне ки хиёнат намекунанд».
Ва Ӯ Наҷотдиҳандаи онҳо буд.
9Дар ҳар тангии онҳо Ӯ дилсӯзӣ мекард,
ва фариштае ки дар ҳузури Ӯ буд,
онҳоро наҷот медод;
аз рӯи муҳаббати Худ ва шафқати Худ Ӯ
онҳоро раҳо мекард,
ва дар тамоми айёми қадим онҳоро мебардошт
ва баланд мекард.
10Валекин онҳо беитоатӣ намуда,
Рӯҳулқудси Ӯро маҳзун мекарданд,
ва Ӯ душмани онҳо гашта,
ба муқобили онҳо меҷангид.
11Ва қавми Ӯ айёми қадими Мусоро ба ёд оварданд:
куҷост Он ки онҳоро бо чӯпони рамаи Худ
аз баҳр баровард?
Куҷост Он ки Рӯҳулкудси Худро
андаруни онҳо ниҳод?
12Он ки бозуи пуршукӯҳи Худро ба ямини Мусо равона намуда,
обҳоро пеши онҳо пора кард, то ки барои Худ
исми ҷовидонӣ пайдо кунад?
13Он ки онҳоро дар вартаҳо
мисли аспе дар биёбон ҳидоят намуд, ва онҳо пешпо нахӯрданд?
14Мисли чорпое ки ба водӣ фурӯд меояд,
Рӯҳи Худованд онҳоро сӯи фароғат бурд.
Ҳамин тавр Ту қавми Худро ҳидоят намудӣ,
то ки барои Худ исми пуршукӯҳе пайдо кунӣ.
15Аз осмон назар андоз ва аз маскани муқаддас
ва пурҷалоли Худ бубин!
Рашки Ту ва тавоноии Ту куҷост?
Дилсӯзии Ту ва марҳаматҳои Ту
нисбат ба ман боздошта шудааст.
16Ту, охир, Падари мо ҳастӣ, агарчи Иброҳим моро намедонад,
ва Исроил моро намешиносад;
Ту, эй Худованд, Падари мо,
Раҳокунандаи мо ҳастӣ, ва исми Ту аз азал чунин аст.
17Чаро, эй Худованд, моро гузоштаӣ, ки гумроҳ
шуда, аз роҳҳои Ту бароем?
Ва дилҳои моро сахт кардаӣ, то ки аз Ту натарсем?
Ба хотири бандагони Худ, ба хотири сибтҳои мероси Худ сӯи мо ручӯъ намо!
18Қавми муқаддаси Ту муддати каме онро тасарруф намуданд;
душманони мо қудси Туро поймол карданд.
19Мо мисли касоне шудаем, ки Ту гӯё ҳаргиз бар онҳо ҳукмронӣ накарда бошӣ,
ва онҳо ба исми Ту номида нашуда бошанд.
Currently Selected:
Ишаъё 63: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.