Ишаъё 62
62
БОБИ ШАСТУ ДУЮМ
Аз нав барпо шудани қавми Исроил.
1Ба хотири Сион сукут нахоҳам кард,
ва ба хотири Ерусалим хомӯш нахоҳам монд,
то даме ки адолати он мисли нур тулӯъ намояд,
ва наҷоти он — мисли машъали фурӯзон.
2Ва халқҳо адолати туро,
ва ҳамаи подшоҳон ҷалоли туро хоҳанд дид,
ва ту бо исми наве
ки даҳони Худованд онро муқаррар менамояд,
хонда хоҳӣ шуд.
3Ва ту тоҷи шавкат дар яди Худованд хоҳӣ буд,
ва афсари подшоҳӣ дар дасти Худои худ.
4Туро дигар «Матрук» нахоҳанд номид,
ва замини туро дигар «Вайрона» нахоҳанд гуфт,
балки туро «Дилхоҳ»
ва замини туро «Шавҳардор» хоҳанд номид,
зеро ки Худованд туро хостааст,
ва замини ту шавҳар хоҳад кард.
5Чунон ки ҷавоне дӯшизаро ба занӣ мегирад,
ончунон писаронат туро тасарруф хоҳанд кард,
ва чунон ки домод аз арӯс шод мегардад,
ончунон Худои ту аз ту шод хоҳад шуд.
6Бар ҳисорҳои ту, эй Ерусалим, Ман посбононро гузоштаам,
ки тамоми рӯз ва тамоми шаб, ҳамеша сукут нахоҳанд кард.
Эй онҳое ки Худовандро зикр менамоед! Сукут накунед,
7Ва Ӯро оромӣ надиҳед, то даме ки Ерусалимро
аз нав барқарор намуда,
ҷалоли рӯи замин гардонад.
8Худованд ба ямини Худ ва ба бозуи қавии Худ қасам хӯрдааст:
«Ғаллаи туро дигар хӯроки душманонат нахоҳам сохт,
ва аҷнабиён шароби туро, ки барояш меҳнат кардаӣ,
нахоҳанд нӯшид,
9Балки онҳое ки онро ҷамъ мекунанд, онро хӯрда,
Худовандро мадҳ хоҳанд намуд,
ва онҳое ки онро мечинанд, онро дар саҳнҳои қудси Ман хоҳанд нӯшид».
10Аз дарвозаҳо бигзаред, бигзаред!
Роҳи қавмро тайёр кунед!
Ҷоддаро ҳамвор кунед, ҳамвор кунед!
Аз сангҳо тоза кунед! Барои қавм ливо бардоред!
11Инак, Худованд то ақсои замин эълон менамояд:
ба духтари Сион бигӯед: «Инак, Наҷотдиҳандаи ту меояд!
Инак, музди Ӯ бо Ӯст, ва подоши Ӯ пеши Ӯст».
12Ва онҳоро қавми муқаддас,
растагорони Худованд хоҳанд номид,
ва ту матлуб ва шаҳри номатрук номида хоҳӣ шуд.
Currently Selected:
Ишаъё 62: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.