Ишаъё 64
64
БОБИ ШАСТУ ЧОРУМ
Тарс ва умедҳои бақияи кавм. Дуо дар бораи наҷом.
1Кошки Ту осмонро дарронда, нузул менамудӣ!
Кӯҳҳо аз ҳузури Ту гудохта мешуд,
2Мисли он ки хасу хошок аз оташ аланга мезанад,
ва об аз оташ ба ҷӯш меояд, —
нузул намо, то ки исми Худро
ба душманони Худ машҳур созӣ,
ва халқҳо аз дидори Ту ба ларза оянд.
3Вақте ки Ту корномаҳои аҷоибе ки мо чашми интизор надоштем, ба ҷо оварда,
нузул менамудӣ, кӯҳҳо аз ҳузури Ту гудохта мешуд.
4Ва ҳаргиз нашнидаанд, ва гӯш накардаанд,
ва чашм Худоеро ғайр аз Ту надидааст,
ки барои умедворонаш чунин амал карда бошад.
5Ту бо онҳое ки шодмонанд, ва адолатро ба амал меоваранд,
ва дар роҳҳои Ту Туро зикр менамоянд,
бо хушӣ мулоқот мекунӣ;
лекин Ту ба ғазаб омадаӣ, чунки мо гуноҳ кардаем,
ва муддати зиёде дар он ғӯтидаем, —
ва оё метавонем наҷот ёбем?
6Ва ҳамаамон мисли палиде гардидаем,
ва тамоми адолати мо мисли либоси чиркин аст;
ва ҳамаамон мисли барг пажмурда шудаем,
ва гуноҳҳоямон мисли боде моро бардошта мебарад.
7Ва касе нест, ки исми Туро бихонад,
ва бедор шуда, Туро пайравӣ намояд,
зеро ки Ту рӯи Худро аз мо пинҳон кардаӣ,
ва моро гузоштаӣ, ки аз гуноҳҳои худ нобуд шавем.
8Ва акнун, эй Худованд, Ту Падари мо ҳастӣ;
мо гил ҳастем, ва Ту — кӯзагари мо,
ва ҳамаамон амали дастҳои Ту мебошем.
9Худовандо! Бениҳоят дар ғазаб нашав,
ва гуноҳро то абад дар хотир нигоҳ надор;
лутфан назар андоз, ки ҳамаамон қавми Ту ҳастем.
10Шаҳрҳои муқаддаси Ту биёбон шудааст;
Сион биёбон,
ва Ерусалим харобазор гардидааст.
11Хонаи қудси мо ва ҷалоли мо,
ки падарони мо дар он Туро ҳамду сано мехонданд,
тӯъмаи оташ гардидааст,
ва ҳар он чи барои мо азиз буд, харобазор шудааст.
12Оё баъд аз ҳамаи ин, эй Худованд, боз худдорӣ менамоӣ?
Ва хомӯш монда, моро бениҳоят хорузор мекунӣ?
Currently Selected:
Ишаъё 64: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.