Ишаъё 60
60
БОБИ ШАСТУМ
Давоми он.
1Бархез, мунаввар шав, зеро ки нури ту омадааст,
ва ҷалоли Худованд бар ту тулӯъ намудааст.
2Зеро инак, торикӣ заминро,
ва меғ қабилаҳоро мепӯшонад,
вале бар ту Худованд тулӯъ хоҳад кард,
ва ҷалоли Ӯ бар ту зоҳир хоҳад шуд.
3Ва халқҳо сӯи нури ту,
ва подшоҳон сӯи дурахши тулӯи ту равона хоҳанд шуд.
4Чашмони худро ба ҳар ҷониб баланд намуда, бингар:
ҳамаашон ҷамъ шуда, сӯи ту меоянд:
писаронат аз дур хоҳанд омад,
ва духтаронат дар канор гирифта хоҳанд шуд.
5Онҳоро дида, чеҳраат аз шодӣ хоҳад дурахшид,
ва дилат ба тапиш афтода, васеъ хоҳад шуд,
зеро ки сарвати баҳр сӯи ту рӯ хоҳад овард,
дороии халқҳо назди ту хоҳад омад.
6Анбӯҳи шутурон — шутурони ҷавони Мидьён
ва Эйфо — туро пур хоҳад кард;
ҳамаашон аз Шабо хоҳанд омад,
тилло ва лебӯно хоҳанд овард,
ва ҳамду санои Худовандро башорат хоҳанд дод.
7Ҳамаи гӯсфандони Қедор назди ту ҷамъ хоҳанд шуд;
қӯчқорҳои Набойӯт ба ту хизмат хоҳанд кард:
бар қурбонгоҳи Ман баромада, мақбул хоҳанд шуд,
ва Ман хонаи шавкати Худро ҷалол хоҳам дод.
8Инҳо кистанд, ки мисли абр парвоз мекунанд,
ва мисли кабӯтарон сӯи равзанҳои худ?
9Ба яқин, ҷазираҳо, ва пешопешашон
киштиҳои Таршиш
назди Ман ҷамъ хоҳанд шуд,
то ки писарони туро аз дурдаст,
ва нуқраю тиллои онҳоро бо онҳо биёранд,
ба хотири исми Худованд Худои ту,
ва ба хотири Қуддуси Исроил,
зеро ки Ӯ туро ҷалол додааст.
10Ва аҷнабиён ҳисорҳои туро бино хоҳанд кард,
ва подшоҳони онҳо хизмати туро ба ҷо хоҳанд овард,
зеро ки дар ғазаби Худ туро зарба задаам,
вале дар таваҷҷӯҳи Худ ба ту раҳм хоҳам кард.
11Ва дарвозаҳои ту ҳамеша воз хоҳад буд,
рӯз ва шаб баста нахоҳад шуд,
то ки дороии халқҳоро назди ту биёранд,
ва подшоҳони онҳо низ оварда шаванд.
12Зеро ҳар халқ ва мамлакате ки ба ту хизмат
накунад, нобуд хоҳад шуд,
ва он халқҳо тамоман нест хоҳанд гардид.
13Ҷалоли Лубнон, сарв, коҷ ва шамшоди он
бо якҷоягӣ назди ту хоҳад омад,
то ки макони муқаддаси Маро зинат диҳад,
ва Ман қадамгоҳи Худро ҷалол хоҳам дод.
14Ва писарони онҳое ки туро ба танг меоварданд,
сар фурӯд оварда, назди ту хоҳанд омад,
ва ҳамаи онҳое ки аз ту нафрат доштанд,
ба кафи пойҳои ту саҷда хоҳанд кард,
ва туро шаҳри Худованд,
Сиони Қуддуси Исроил хоҳанд номид.
15Дар ивази он ки ту матрук ва манфур будӣ,
ва касе аз ту гузар намекард,
Ман туро ифтихори ҷовидонӣ,
шодии наслҳои зиёд хоҳам гардонид.
16Ва аз шири халқҳо сер хоҳӣ шуд,
ва пистони подшоҳонро хоҳӣ макид,
ва хоҳӣ донист, ки Ман Худованди Наҷотдиҳандаи ту
ва Раҳокунандаи ту, Неруманди Яъқуб ҳастам.
17Ба ҷои мис тилло хоҳам овард,
ва ба ҷои оҳан нуқра хоҳам овард,
ва ба ҷои чӯб — мис,
ва ба ҷои санг — оҳан;
ва осоиштагиро ҳокими ту,
ва адолатро нозири ту хоҳам гардонид.
18Зулм дар замини ту, тороҷу шикаст дар ҳудуди ту дигар шунида нахоҳад шуд;
ва ҳисорҳои худро наҷот,
ва дарвозаҳои худро ҷалол хоҳӣ номид.
19Офтоб барои ту дигар рӯшноии рӯз нахоҳад буд,
ва дурахши моҳ барои ту равшанӣ нахоҳад дод,
балки Худованд барои ту нури ҷовидонӣ,
ва Худои ту шавкати ту хоҳад буд.
20Офтоби ту дигар ғуруб нахоҳад кард,
ва моҳи ту пинҳон нахоҳад шуд,
зеро ки Худованд барои ту нури ҷовидонӣ хоҳад буд,
ва рӯзҳои мотами ту тамом хоҳад шуд.
21Ва қавми ту ҳамаашон одил хоҳанд буд,
ба сурати абадӣ вориси замин хоҳанд шуд;
онҳо ниҳоли шинондаи Ман,
амали дастҳои Ман ҳастанд,
то ки ҷалол ёбам.
22Камшумор ба ҳазорҳо мубаддал хоҳад шуд,
ва бемаҷол — ба халқи зӯровар.
Ман — Худованд инро дар вақташ хоҳам тезонид.
Currently Selected:
Ишаъё 60: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.