1
Ишаъё 60:1
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
Бархез, мунаввар шав, зеро ки нури ту омадааст, ва ҷалоли Худованд бар ту тулӯъ намудааст.
Compare
Explore Ишаъё 60:1
2
Ишаъё 60:3
Ва халқҳо сӯи нури ту, ва подшоҳон сӯи дурахши тулӯи ту равона хоҳанд шуд.
Explore Ишаъё 60:3
3
Ишаъё 60:2
Зеро инак, торикӣ заминро, ва меғ қабилаҳоро мепӯшонад, вале бар ту Худованд тулӯъ хоҳад кард, ва ҷалоли Ӯ бар ту зоҳир хоҳад шуд.
Explore Ишаъё 60:2
4
Ишаъё 60:22
Камшумор ба ҳазорҳо мубаддал хоҳад шуд, ва бемаҷол — ба халқи зӯровар. Ман — Худованд инро дар вақташ хоҳам тезонид.
Explore Ишаъё 60:22
5
Ишаъё 60:19
Офтоб барои ту дигар рӯшноии рӯз нахоҳад буд, ва дурахши моҳ барои ту равшанӣ нахоҳад дод, балки Худованд барои ту нури ҷовидонӣ, ва Худои ту шавкати ту хоҳад буд.
Explore Ишаъё 60:19
6
Ишаъё 60:20
Офтоби ту дигар ғуруб нахоҳад кард, ва моҳи ту пинҳон нахоҳад шуд, зеро ки Худованд барои ту нури ҷовидонӣ хоҳад буд, ва рӯзҳои мотами ту тамом хоҳад шуд.
Explore Ишаъё 60:20
7
Ишаъё 60:5
Онҳоро дида, чеҳраат аз шодӣ хоҳад дурахшид, ва дилат ба тапиш афтода, васеъ хоҳад шуд, зеро ки сарвати баҳр сӯи ту рӯ хоҳад овард, дороии халқҳо назди ту хоҳад омад.
Explore Ишаъё 60:5
8
Ишаъё 60:4
Чашмони худро ба ҳар ҷониб баланд намуда, бингар: ҳамаашон ҷамъ шуда, сӯи ту меоянд: писаронат аз дур хоҳанд омад, ва духтаронат дар канор гирифта хоҳанд шуд.
Explore Ишаъё 60:4
9
Ишаъё 60:21
Ва қавми ту ҳамаашон одил хоҳанд буд, ба сурати абадӣ вориси замин хоҳанд шуд; онҳо ниҳоли шинондаи Ман, амали дастҳои Ман ҳастанд, то ки ҷалол ёбам.
Explore Ишаъё 60:21
10
Ишаъё 60:18
Зулм дар замини ту, тороҷу шикаст дар ҳудуди ту дигар шунида нахоҳад шуд; ва ҳисорҳои худро наҷот, ва дарвозаҳои худро ҷалол хоҳӣ номид.
Explore Ишаъё 60:18
11
Ишаъё 60:11
Ва дарвозаҳои ту ҳамеша воз хоҳад буд, рӯз ва шаб баста нахоҳад шуд, то ки дороии халқҳоро назди ту биёранд, ва подшоҳони онҳо низ оварда шаванд.
Explore Ишаъё 60:11
12
Ишаъё 60:6
Анбӯҳи шутурон — шутурони ҷавони Мидьён ва Эйфо — туро пур хоҳад кард; ҳамаашон аз Шабо хоҳанд омад, тилло ва лебӯно хоҳанд овард, ва ҳамду санои Худовандро башорат хоҳанд дод.
Explore Ишаъё 60:6
13
Ишаъё 60:10
Ва аҷнабиён ҳисорҳои туро бино хоҳанд кард, ва подшоҳони онҳо хизмати туро ба ҷо хоҳанд овард, зеро ки дар ғазаби Худ туро зарба задаам, вале дар таваҷҷӯҳи Худ ба ту раҳм хоҳам кард.
Explore Ишаъё 60:10
14
Ишаъё 60:15
Дар ивази он ки ту матрук ва манфур будӣ, ва касе аз ту гузар намекард, Ман туро ифтихори ҷовидонӣ, шодии наслҳои зиёд хоҳам гардонид.
Explore Ишаъё 60:15
15
Ишаъё 60:16
Ва аз шири халқҳо сер хоҳӣ шуд, ва пистони подшоҳонро хоҳӣ макид, ва хоҳӣ донист, ки Ман Худованди Наҷотдиҳандаи ту ва Раҳокунандаи ту, Неруманди Яъқуб ҳастам.
Explore Ишаъё 60:16