Ишаъё 54
54
БОБИ ПАНҶОҲУ ЧОРУМ
Исроили аз нав барпошуда дар симои Арӯси Худованд.
1«Шод бош, эй безурьёт, ки назоидаӣ;
тараннум намо ва хурсандӣ бикун,
ки дарди зоиш накашидаӣ;
зеро писарони зане ки матрук аст,
назар ба зани шавҳардор зиёдтаранд, — мегӯяд
Худованд.
2Ҷои хаймаи худро васеътар бикун,
то ки пардаҳои масканҳоят паҳн шавад;
дареғ надор: танобҳоятро дароз карда,
мехҳоятро маҳкамтар бизан.
3Зеро ки ту ба тарафи рост ва чап паҳн хоҳӣ шуд,
ва насли ту халқҳоро тасарруф хоҳанд намуд
ва шаҳрҳои харобаро маскун хоҳанд кард.
4Натарс, зеро ки хиҷил нахоҳӣ шуд;
ва ошуфта нашав, зеро ки бадном нахоҳӣ гардид,
чунки хиҷолати ҷавонии худро фаромӯш хоҳӣ кард,
ва бадномии бевагии худро дигар ба ёд нахоҳӣ овард.
5Зеро ки Офаринандаи ту шавҳари туст,
ки исми Ӯ Худованди лашкарҳост;
ва Қуддуси Исроил Раҳокунандаи туст;
Ӯ Худои тамоми замин хонда хоҳад шуд.
6Зеро ки Худованд туро мисли завҷаи матрук
ва афтодарӯҳе даъват менамояд,
ва мисли завҷаи айёми ҷавонӣ, ки мардуд буд,
— мегӯяд Худои ту.
7Ба андак муддате Ман туро тарк кардаам,
ва бо марҳамати бузурге туро фароҳам хоҳам овард.
8Дар оташи ғазаб рӯи Худро як лаҳза аз ту пинҳон доштаам,
ва бо эҳсони абадӣ ба ту раҳм хоҳам кард, —
мегӯяд Худованди Раҳокунандаи ту.
9Зеро ки ин дар назари Ман мисли обҳои Нӯҳ аст:
чунон ки Ман қасам хӯрдаам,
ки обҳои Нӯҳ дигар бар замин ҷорӣ нахоҳад шуд,
ончунон Ман қасам хӯрдаам, ки бар ту ғазаб накунам
ва туро мазаммат нанамоям.
10Зеро ки кӯҳҳо аз ҷои худ дур хоҳад шуд,
ва теппаҳо футур хоҳад рафт,
вале эҳсони Ман аз ту дур нахоҳад шуд,
ва аҳди сулҳу осоиштагии Ман футур нахоҳад рафт, —
мегӯяд Худованде ки ба ту раҳм мекунад.
Исроили аз нав барпошуда дар амният.
11Эй шӯрбахт, ки дар изтироб афтодаӣ ва тасаллӣ наёфтаӣ!
Инак, Ман сангҳои туро бар сурма хоҳам ниҳод,
ва буньёди туро бар ёқути кабуд.
12Ва кунгураҳои туро аз ёқути руммонӣ,
ва дарвозаҳои туро аз сангҳои баҳрамон,
ва тамоми девори туро аз сангҳои гаронбаҳо
хоҳам сохт.
13Ва ҳамаи писарони ту аз Худованд таълим хоҳанд ёфт,
ва писарони туро осоиштагии бузурге хоҳад буд.
14Бар адолат асос хоҳӣ ёфт;
аз ситам дур хоҳӣ буд, зеро ки нахоҳӣ тарсид,
ва аз даҳшат, — зеро ки он ба ту наздик нахоҳад шуд.
15Агар барои ҷанг ҷамъ шаванд, аз ҷониби Ман нахоҳад буд.
Ҳар кӣ бар зидди ту ҷамъ шудааст, пеши ту фурӯ хоҳад ғалтид.
16Инак, Ман оҳангареро офаридаам, ки вай ангиштро дар оташ дам медиҳад,
ва олате барои кори худ месозад;
ва Ман низ вайронкорро барои хароб кардан офаридаам.
17Ҳар олате ки бар зидди ту сохта шавад, муваффақият нахоҳад ёфт;
ва ҳар забонеро, ки бар зидди ту ба мурофиа бархезад,
айбдор хоҳӣ кард.
Ин аст насибаи бандагони Худованд,
ва сафед кардани онҳо аз ҷониби Ман аст», — мегӯяд Худованд.
Currently Selected:
Ишаъё 54: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.