1
Ишаъё 54:17
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
Ҳар олате ки бар зидди ту сохта шавад, муваффақият нахоҳад ёфт; ва ҳар забонеро, ки бар зидди ту ба мурофиа бархезад, айбдор хоҳӣ кард. Ин аст насибаи бандагони Худованд, ва сафед кардани онҳо аз ҷониби Ман аст», — мегӯяд Худованд.
Compare
Explore Ишаъё 54:17
2
Ишаъё 54:10
Зеро ки кӯҳҳо аз ҷои худ дур хоҳад шуд, ва теппаҳо футур хоҳад рафт, вале эҳсони Ман аз ту дур нахоҳад шуд, ва аҳди сулҳу осоиштагии Ман футур нахоҳад рафт, — мегӯяд Худованде ки ба ту раҳм мекунад.
Explore Ишаъё 54:10
3
Ишаъё 54:4
Натарс, зеро ки хиҷил нахоҳӣ шуд; ва ошуфта нашав, зеро ки бадном нахоҳӣ гардид, чунки хиҷолати ҷавонии худро фаромӯш хоҳӣ кард, ва бадномии бевагии худро дигар ба ёд нахоҳӣ овард.
Explore Ишаъё 54:4
4
Ишаъё 54:5
Зеро ки Офаринандаи ту шавҳари туст, ки исми Ӯ Худованди лашкарҳост; ва Қуддуси Исроил Раҳокунандаи туст; Ӯ Худои тамоми замин хонда хоҳад шуд.
Explore Ишаъё 54:5
5
Ишаъё 54:2
Ҷои хаймаи худро васеътар бикун, то ки пардаҳои масканҳоят паҳн шавад; дареғ надор: танобҳоятро дароз карда, мехҳоятро маҳкамтар бизан.
Explore Ишаъё 54:2
6
Ишаъё 54:13
Ва ҳамаи писарони ту аз Худованд таълим хоҳанд ёфт, ва писарони туро осоиштагии бузурге хоҳад буд.
Explore Ишаъё 54:13
7
Ишаъё 54:8
Дар оташи ғазаб рӯи Худро як лаҳза аз ту пинҳон доштаам, ва бо эҳсони абадӣ ба ту раҳм хоҳам кард, — мегӯяд Худованди Раҳокунандаи ту.
Explore Ишаъё 54:8
8
Ишаъё 54:7
Ба андак муддате Ман туро тарк кардаам, ва бо марҳамати бузурге туро фароҳам хоҳам овард.
Explore Ишаъё 54:7
9
Ишаъё 54:9
Зеро ки ин дар назари Ман мисли обҳои Нӯҳ аст: чунон ки Ман қасам хӯрдаам, ки обҳои Нӯҳ дигар бар замин ҷорӣ нахоҳад шуд, ончунон Ман қасам хӯрдаам, ки бар ту ғазаб накунам ва туро мазаммат нанамоям.
Explore Ишаъё 54:9
10
Ишаъё 54:12
Ва кунгураҳои туро аз ёқути руммонӣ, ва дарвозаҳои туро аз сангҳои баҳрамон, ва тамоми девори туро аз сангҳои гаронбаҳо хоҳам сохт.
Explore Ишаъё 54:12