Чунон ки бисьёр касон аз Ту дар ҳайрат
монда буданд, —
зеро ки намуди Ӯ аз ҳар шахс,
ва симои Ӯ аз банӣ‐одам бештар маиб шуда буд! —
Ончунон Ӯ халқҳои зиёдро дар ҳайрат хоҳад андохт;
подшоҳон пеши Ӯ даҳони худро хоҳанд баст,
зеро он чиро, ки ба онҳо ҳикоят карда нашуда буд,
хоҳанд дид,
ва он чиро, ки нашунида буданд, хоҳанд фаҳмид.