YouVersion Logo
Search Icon

Ишаъё 4

4
БОБИ ЧОРУМ
Рӯъёи малакути оянда.
1Ва дар он рӯз ҳафт зан ба як мард часпида, хоҳанд гуфт: «Нони худро хоҳем хӯрд, ва либоси худро хоҳем пӯшид, фақат номи ту бигзор бар мо хонда шавад, — нанги моро дур кун».
2Дар он рӯз навдаи Худованд шукӯҳ ва ҷалол, ва меваи замин барои бақияи Исроил кибриё ва шавкат хоҳад буд.
3Ва ҳар кӣ дар Сион боқӣ ва дар Ерусалим саломат монад, яъне ҳар кӣ дар Ерусалим дар дафтари ҳаёт навишта шавад, муқаддас номида хоҳад шуд.
4Вақте ки Худованд наҷосати духтарони Сионро бишӯяд, ва хуни Ерусалимро бо рӯҳи доварӣ ва бо рӯҳи сӯзон аз даруни он дур кунад,
5Он гоҳ Худованд бар тамоми макони кӯҳи Сион ва бар ҷамъомадҳои он абр ва дудро дар рӯз ва дурахши оташи шӯълаварро дар шаб хоҳад офарид, ва бар тамоми ҷалол пардае хоҳад буд.
6Ва соябоне дар рӯз барои соя аз гармо, ва барои малоз ва паноҳгоҳ аз бод ва борон хоҳад буд.

Currently Selected:

Ишаъё 4: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in