Ишаъё 47
47
БОБИ ЧИЛУ ҲАФТУМ
Доварӣ бар Бобил.
1Фурӯд омада, бар хок бинишин,
эй духтари бокираи Бобил! Бе курсӣ,
бар замин бинишин,
эй духтари калдониён!
Зеро ки дигар туро нозанин ва латиф нахоҳанд хонд.
2Дастосро гирифта, ордро ос кун;
ҳиҷобатро бикаш, доманатро бардор
ва соқҳоятро бараҳна карда, аз наҳрҳо убур намо.
3Аврати ту ошкор хоҳад шуд,
нанги ту низ намудор хоҳад гардид.
Ман интиқом хоҳам гирифт,
ва касеро рӯихотир нахоҳам кард.
4Раҳокунандаи мо — исми Ӯ Худованди лашкарҳо,
Қуддуси Исроил аст.
5Хомӯш бинишин ва ба зулмот бирав,
эй духтари калдониён!
Зеро ки дигар туро хотуни мамлакатҳо
нахоҳанд хонд.
6Ман бар қавми Худ хашм гирифтам,
мероси Худро хор доштам,
ва онҳоро ба дасти ту супурдам, —
аммо ту ба онҳо раҳм накардӣ,
юғи худро бар пирон бағоят гарон кардӣ.
7Ва ту гуфтӣ: «То абад хотун хоҳам буд»,
то ба дараҷае ки ба ҳамаи ин чизҳо диққат надодӣ,
ва оқибати корро ба хотир наовардӣ.
8Ва акнун инро бишнав, эй нозпарвард,
ки бепарво нишастаӣ
ва дар дили худ мегӯӣ:
«Ман ҳастам, ва ғайр аз ман дигаре нест!
Ман бева нахоҳам шуд,
ва талафоти фарзандонро нахоҳам дид».
9Вале ин ду чиз — талафоти фарзандон ва бевагӣ —
баногоҳ дар як рӯз ба сари ту хоҳад омад:
сарфи назар аз фаровонии ҷодуҳоят
ва қуввати бузурги афсунҳоят,
онҳо ба андозаи комил бар ту фурӯд хоҳад омад.
10Ва ҳол он ки ту ба шарорати худ умед баста, гуфтӣ:
«Касе нест, ки маро бинад».
Ҳикматат ва донишат туро гумроҳ кард,
ва ту дар дили худ гуфтӣ:
«Ман ҳастам, ва ғайр аз ман дигаре нест!»
11Ва мусибате ба сари ту хоҳад омад,
ки дафъи онро нахоҳӣ донист;
ва фалокате бар ту фурӯд хоҳад омад,
ки ба пешгирии он қодир нахоҳӣ буд;
ва ҳалокате ногаҳон ба сари ту хоҳад омад,
ки илоҷи онро нахоҳӣ донист.
12Пас, дар афсунҳои худ
ва дар фаровонии ҷодуҳои худ,
ки барои онҳо аз ҷавонии худ ҷидду ҷаҳд
намудаӣ, қоим бош:
шояд, манфиате тавонӣ дид;
шояд, истодагӣ тавонӣ кард.
13Аз фаровонии мушовирони худ лакот шудаӣ;
бигзор расадбандони афлок, ситорашиносон
ва онҳое ки ба ҳасби ҳилолҳо
пешгӯӣ мекунанд,
бархоста, туро аз он чи ба сарат хоҳад омад,
наҷот диҳанд.
14Инак, онҳо мисли коҳрезаанд:
оташ онҳоро хоҳад сӯзонид;
онҳо ҷони худро аз аланга натавонанд раҳонид;
на ахгаре боқӣ хоҳад монд, ки гарм шаванд,
на оташе ки пеши он нишинанд.
15Онҳое ки барояшон ҷидду ҷаҳд намудаӣ,
барои ту чунин хоҳанд буд,
ва онҳое ки аз ҷавонии ту дар гирду пешат
мегаштанд,
ҳар яке ба худ саргардон хоҳанд шуд,
ва касе нахоҳад буд, ки туро наҷот диҳад.
Currently Selected:
Ишаъё 47: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.