Ишаъё 43
43
БОБИ ЧИЛУ СЕЮМ
Қавми баргузида фидия дода гирифта шуд ва аз нав ба вуҷуд омад.
1Вале акнун Худованд, ки туро, эй Яъқуб,
офардидааст,
ва туро, эй Исроил, ба вуҷуд овардааст,
чунин мегӯяд:
«Натарс, зеро ки Ман туро раҳонидаам,
туро ба исми ту хондаам; ту аз они Ман ҳастӣ.
2Вақте ки аз обҳо бигзарӣ, Ман бо ту хоҳам буд,
ва аз наҳрҳо бигзарӣ, онҳо туро ғарқ нахоҳад кард;
вақте ки аз миёни оташ қадамгузор шавӣ,
нахоҳӣ сӯхт,
ва аланга туро нахоҳад сӯзонид,
3Зеро ки Ман Худованд Худои ту,
Қуддуси Исроил, Наҷотдиҳандаи ту ҳастам;
Мисрро барои ту фидия додаам,
Ҳабаш ва Саборо — дар ивази ту.
4Азбаски ту дар назари Ман азиз ва гаронбаҳо ҳастӣ,
ва Ман туро дӯст доштаам,
бинобар ин мардуми дигарро дар ивази ту,
ва қабилаҳоро дар бадали ҷони ту хоҳам дод.
5Натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам;
насли туро аз шарқ хоҳам овард,
ва туро аз ғарб ҷамъ хоҳам кард.
6Ба шимол хоҳам гуфт: бидеҳ;
ва ба ҷануб: монеъ нашав;
писарони Маро аз дурдаст,
ва духтарони Маро аз ақсои замин биёр,
7Яъне ҳар киро, ки ба исми Ман номида шудааст,
ва Ман ӯро барои ҷалоли Худ офаридаам,
ӯро ба вуҷуд овардаам ва ӯро сохтаам».
8Қавмеро берун ор, ки кӯр ҳастанд,
гарчанде ки чашм доранд,
ва кар ҳастанд, гарчанде ки гӯш доранд.
9Бигзор ҳамаи халқҳо бо ҳам фароҳам оянд,
ва қабилаҳо ҷамъ шаванд.
Кист аз миёни онҳо, ки инро баён намояд,
ва паёмҳои пешинаро ба мо бирасонад?
Бигзор шоҳидони худро биёранд, то ки худро
сафед кунанд,
ва ё он шоҳидон бишнаванд ва бигӯянд:
«Ҳақ асту рост!»
10«Аммо шумо, — мегӯяд Худованд, —
ва бандаи Ман, ки ӯро баргузидаам,
шоҳидони Ман мебошед, то шумо бидонед
ва ба Ман имон оваред
ва дарк намоед, ки ин Ман ҳастам,
ва пеш аз Ман Худое набуд,
ва баъд аз Ман нахоҳад буд.
11Ман, Ман Худованд ҳастам,
ва ғайр аз Ман Наҷотдиҳандае нест.
12Ман пешакӣ гуфтаам, ва наҷот додаам,
ва паём расонидаам,
ва дар миёни шумо Худои дигаре нест;
ва шумо шоҳидони Ман мебошед,
— мегӯяд Худованд, —
ва Ман Худо ҳастам!
13Аз имрӯз низ Ман ҳамонам,
ва касе нест, ки аз дасти Ман раҳо кунад:
Ман амал хоҳам кард, ва кист, ки инро
ботил намояд?»
14Худованд, ки Раҳокунандаи шумо ва Қуддуси
Исроил аст, чунин мегӯяд:
«Ба хотири шумо Ман ба Бобил фиристодам,
ва ҳамаи онҳоро ҳамчун гурезаҳо фурӯд овардам,
ва калдониёнро дар киштиҳое ки мояи вачди онҳо буд.
15Ман Худованд Қуддуси шумо ҳастам,
Офаринандаи Исроил ва Подшоҳи шумо».
16Чунин мегӯяд Худованд,
ки Ӯ роҳе дар баҳр,
ва ҷоддае дар обҳои азим кушодааст;
17Аробаҳо ва аспон, лашкар ва қувватро
берун овардааст,
то ки якҷоя хобида, дигар нахезанд;
ва онҳо торафт беҳол гардида,
мисли пилтаи катонӣ хомӯш шуданд.
18«Аммо вақоеи пешинаро ба хотир наоваред,
ва ба мӯъҷизоти қадимӣ диққат надиҳед.
19Инак, Ман чизи наве месозам,
ки он алҳол ба зуҳур меояд.
Магар аз он воқиф нестед?
Ба яқин, роҳе дар бодия,
ва наҳрҳо дар биёбон ба вуҷуд хоҳам овард.
20Ҳайвоноти саҳро,
шағолон ва шутурмурғон Маро мадҳ хоҳанд кард,
зеро ки Ман об дар бодия,
ва наҳрҳо дар биёбон ба вуҷуд овардаам,
то ки қавми баргузидаи Худро сероб намоям,
21Ки ин қавмро Ман барои Худ ба миён овардаам,
то ҳамду санои Маро бихонанд.
22Вале ту, эй Яъқуб, Маро нахондӣ,
ва ту, эй Исроил, аз ибодати Ман ба танг омадӣ:
23Барраҳои қурбонии сӯхтании худро барои Ман
наовардӣ,
ва бо забҳҳои худ Маро ҷалол надодӣ.
Ман туро бо ҳадияҳо ба заҳмат наандохтам,
ва бо лебӯно ба ту гаронӣ накардам.
24Ту барои Ман ба нуқра наи атрогин нахаридӣ,
ва бо чарбуи забҳҳои худ Маро сер накардӣ,
балки бо хатоҳои худ Маро заҳмат додӣ,
ва бо гуноҳҳои худ ба Ман гаронӣ кардӣ.
25Ман, Ман ҳамонам, ки гуноҳҳои туро
ба хотири Худам маҳв менамоям,
ва хатоҳои туро ба ёд нахоҳам овард.
26Маро хотиррасон намо; бо ҳамдигар муҳокима
хоҳем кард;
далелҳои худро биёр, то ки сафед шавӣ.
27Падари аввалини ту гуноҳ кард,
ва шафоатгарони ту ба Ман осӣ шуданд.
28Бинобар ин Ман сарварони қудсро аз қудсият
маҳрум намудам,
ва Яъқубро ба ҳалокат, ва Исроилро ба таҳқир
маҳкум кардам».
Currently Selected:
Ишаъё 43: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.