YouVersion Logo
Search Icon

Ишаъё 42

42
БОБИ ЧИЛУ ДУЮМ
Масеҳ — бандаи Худо.
1Инак, Бандаи Ман, ки Ӯро Ман дастгирӣ мекунам,
баргузидаи Ман, ки ҷони Ман ба Ӯ таваҷҷӯҳ менамояд.
Ман рӯҳи Худро бар Ӯ ниҳодаам,
ва Ӯ инсофро барои халқҳо ҷорӣ мекунад.
2Ӯ фарьёд нахоҳад зад, ва овози Худро баланд
нахоҳад кард,
ва онро дар кӯчаҳо нахоҳад шунавонид;
3Наи нимшикастаро нахоҳад шикаст,
ва пилтаи катонии камнурро
хомӯш нахоҳад кард;
инсофро аз рӯи ростӣ ҷорӣ хоҳад намуд;
4Лакот нахоҳад шуд, ва бемаҷол нахоҳад гардид,
то даме ки инсофро бар замин барқарор намояд;
ва ҷазираҳо дар интизори таълимоти Ӯ хоҳанд буд.
5Худованд Худо,
ки афлокро офарида, барафроштааст,
заминро бо ҳар чи аз он ба вуҷуд меояд, густурдааст,
ба қавме ки дар он ҳастанд, нафасро,
ва ба махлуқоте ки дар он қадамгузор мебошанд,
рӯҳро бахшидааст, чунин мегӯяд:
6«Ман, ки Худованд ҳастам, Туро барои адолат
даъват намудаам,
ва дасти Туро хоҳам гирифт, ва Туро
нигаҳбонӣ хоҳам кард,
ва Туро аҳди қавм ва нури халқҳо хоҳам гардонид,
7То ки чашмони кӯронро бикшоӣ,
бандиёнро аз ҳабс,
дар зулмот нишастагонро аз зиндон берун оварӣ.
Исроил, ки қавми баргузида аст, гуноҳ кард, ҷазо кашид, омурзида шуд.
8Ман Худованд ҳастам, ва исми Ман ҳамин аст,
ва ҷалоли Худро ба дигаре,
ва ҳамду санои Худро ба санамҳо нахоҳам дод.
9Инак, паёмҳои пешина ба амал омадааст;
ва нави онҳоро Ман эълон менамоям:
пеш аз он ки ба вуқӯъ оянд, онҳоро ба шумо мешунавонам».
10Дар шаъни Худованд суруди наве бисароед,
ва ҳамду санои Ӯро аз ақсои замин бихонед,
эй баҳрпаймоён ва ҳар он чи дар баҳр аст,
эй ҷазираҳо ва сокинони онҳо!
11Бигзор биёбон ва шаҳрҳои он,
ва қасабаҳое ки банӣ‐Қедор дар онҳо сокинанд,
овози худро баланд кунанд;
сокинони Солаъ тараннум карда,
аз қуллаи кӯҳҳо ҷор зананд;
12Худовандро ҷалол диҳанд,
ва ҳамду санои Ӯро дар ҷазираҳо бихонанд.
13Худованд мисли ҷаббор берун хоҳад омад,
мисли марди майдон рашки Худро хоҳад барангехт,
ҷор хоҳад зад ва наъра хоҳад кашид,
бар душмани Худ музаффар хоҳад шуд.
14Ман дер вақт хомӯш мондам,
сокит будам, худдорӣ намудам;
акнун мисли зане ки мезояд, фарьёд хоҳам зад;
канда‐канда нафас хоҳам кашид.
15Кӯҳҳо ва теппаҳоро хароб хоҳам кард,
ва тамоми набототи онҳоро хоҳам хушконид,
ва наҳрҳоро ба ҷазираҳо табдил хоҳам дод,
ва кӯлҳоро хоҳам хушконид.
16Ва кӯронро бо роҳе ки намедонанд, хоҳам бурд;
онҳоро бо тариқҳое ки балад нестанд,
ҳидоят хоҳам намуд;
торикиро пеши онҳо ба рӯшноӣ,
ва каҷукилебиҳоро ба роҳи рост
табдил хоҳам дод.
Ин корҳоро Ман барояшон ба ҷо хоҳам овард,
ва онҳоро тарк нахоҳам кард.
17Онҳое ки ба санамҳо таваккал мекунанд,
ва ба бутҳо мегӯянд:
«Шумо худои мо ҳастед»,
қафо гашта, бағоят хиҷил хоҳанд шуд.
18Эй карон, бишнавед!
Ва эй кӯрон, назар андозед, то бубинед!
19Кист, ки мисли бандаи Ман кӯр бошад?
Ва мисли элчии Ман, ки Ман мефиристам,
кар бошад?
Кист, ки мисли мусаллами Ман кӯр бошад?
Ва мисли бандаи Худованд кӯр бошад?
20Ту чизҳои бисьёре дидаӣ, вале маҳфуз надоштаӣ;
гӯшҳоят кушода буд, вале нашнидаӣ.
21Ба Худованд писанд афтодааст,
ки ба хотири адолати Худ шариатро интишор намояд ва ҷалол диҳад.
22Валекин онҳо қавме ҳастанд, ки тороҷ
ва яғмо шудаанд;
ҳамаашон дар ғорҳо бандубаст
ва дар зиндонҳо пинҳон карда шудаанд:
гирифтори тороҷ гардидаанд, ва раҳокунандае нест;
гирифтори яғмо гардидаанд, ва касе нест,
ки гӯяд: «Гардонда деҳ!»
23Кист дар миёни шумо, ки ба ин гӯш диҳад,
ва диққат намуда, барои замони оянда бишнавад?
24Кист, ки Яъқубро ба яғмо, ва Исроилро
ба тороҷгарон супурдааст?
Оё Худованд набуд, ки пеши Ӯ мо гуноҳ кардаем?
Ва онҳо нахостанд бо роҳҳои Ӯ қадамгузор шаванд,
ва ба шариати Ӯ гӯш надоданд.
25Ва Ӯ оташи хашми Худ
ва шиддати ҷангро бар онҳо рехт,
ва алангаи он аз ҳар тараф онҳоро иҳота намуд,
вале дарк накарданд;
ва онҳоро сӯзонид, вале диққат надоданд.

Currently Selected:

Ишаъё 42: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in