Ишаъё 3
3
БОБИ СЕЮМ
Доварӣ бар ғурур.
1Зеро, инак Худованд, Худованди лашкарҳо, мадад ва такьягоҳро аз Ерусалим ва Яҳудо дур хоҳад кард:
ҳар мадади нон ва ҳар мадади обро;
2Паҳлавон ва марди ҷангӣ,
довар ва набӣ,
ва соҳир ва муршидро;
3Мирипанҷоҳ ва шариф,
ва мушовир,
ва ҳунарвар ва азоимхонро.
4Ва амрадонро бар онҳо ба сарварӣ хоҳам дод,
ва кӯдакон бар онҳо ҳукмронӣ хоҳанд кард.
5Ва қавм гирифтори зулм хоҳанд шуд:
ҳар кас аз дасти каси дигар,
ва ҳар кас аз дасти ёри худ;
амрад ба пир,
ва пастфитрат ба олиҷаноб густохӣ хоҳад кард.
6Вақте ки касе дар хонаи падараш
ба бародари худ часпида, бигӯяд:
«Ту либосе дорӣ, пас ҳокими мо шав,
ва ин бесарусомонӣ зери дасти ту бошад», —
7Вай дар он рӯз овози худро баланд карда, хоҳад гуфт:
«Ман наметовонам чорасоз шавам,
зеро ки дар хонаи ман на ноне ҳаст, на либосе;
маро ҳокими қавм таъин накунед».
8Ба ин минвол Ерусалим бесару сомон шудааст,
ва Яҳудо фурӯ ғалтидааст,
зеро ки забони онҳо ва аъмоли онҳо бар зидди
Худованд аст,
то ки чашмони ҷалоли Ӯро ба хашм оваранд.
9Ифодаи рӯйҳои онҳо бар зидди худашон
гувоҳӣ медиҳад,
ва онҳо дар бораи гуноҳи худ мисли мардуми
Садӯм ошкоро сухан меронанд,
ва онро пинҳон намедоранд.
Вой бар ҷони онҳо!
Зеро ки худашон ба сари худ бадӣ меоваранд.
10Ба одил бигӯед, ки ӯ некӣ хоҳад дид,
зеро ки аз самараи аъмоли худ хоҳад хӯрд.
11Вой бар ҳоли шарир, ки вай бадӣ хоҳад дид,
зеро ки мукофоти амали дастҳои вай ба вай
дода хоҳад шуд.
12Бар қавми ман кӯдакон зулм мекунанд,
ва занон бар вай салтанат меронанд.
Эй қавми ман! Роҳбаронат туро дар иштибоҳ
меандозанд,
ва самти роҳҳои туро вайрон кардаанд.
13Худованд барои додгарӣ бархостааст,
ва рост истодааст, то ки қавмҳоро доварӣ намояд.
14Худованд бо пирони қавми Худ ва бо мирони он
ба мурофиа хоҳад омад:
«Шумо токзорро оташ задаед,
ва он чи аз бенаво ғорат карда шудааст,
дар хонаҳои шумост.
15Шумо чӣ ҳақ доред, ки қавми Маро мазлум созед,
ва рӯйҳои бенавоёнро поймол кунед?» —
мегӯяд Худованд, Худованди лашкарҳо.
16Ва Худованд гуфт: «Азбаски духтарони Сион
мағрур шудаанд,
ва гардан барафрохта роҳ мераванд,
ва бо ғамзаҳои чашм ба васваса меандозанд,
бо ишваю ноз мехироманд,
ва зангӯлачаҳои халхолҳоро бар пойҳошон
ҷарангос мезанонанд,
17Бинобар ин Худованд фарқи сари духтарони
Сионро кал хоҳад кард,
ва Худованд аврати онҳоро бараҳна хоҳад намуд».
18Дар он рӯз Худованд зебу зинати халхолҳо,
ва пешонабандҳо, ва тавқҳоро нест хоҳад кард;
19Ва гӯшвораҳо, ва дастпонаҳо, ва рӯйбандҳоро;
20Ва афсарҳо, ва занҷирҳо, ва камарбандҳо,
ва атрдонҳо, ва тӯморҳоро;
21Ва ангуштаринҳо, ва ҳалқаҳои биниро;
22Ва камзӯлҳо, ва ҷомаҳо, ва рӯймолҳо, ва ҳамьёнҳоро;
23Ва оинаҳо, ва пероҳанҳо, ва дасторҳо, ва ҳиҷобҳоро.
24Ва дар ивази роиҳаи атр тааффуни рим хоҳад буд;
ва дар ивази камарбанд — арғамчин;
ва дар ивази гесӯи пурпечу хам — калӣ;
ва дар ивази либоси фарох — фӯтае аз палос;
ва дар ивази зебоӣ — тамға.
25Мардони ту ба шамшер,
ва баҳодурони ту дар ҷанг хоҳанд афтод.
26Ва дарвозаҳои он нола хоҳад кард
ва мотам хоҳад гирифт,
ва он тиҳӣ гардида, бар замин хоҳад нишаст.
Currently Selected:
Ишаъё 3: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.