YouVersion Logo
Search Icon

Ишаъё 38

38
БОБИ СИЮ ҲАШТУМ
Бемории Хизқиё ва шифо ёфтани ӯ.
1Дар он айём Ҳизқиё бемор шуда, наздик ба мурдан буд; ва набӣ, Ишаъё ибни Омӯс, назди ӯ омада, ба ӯ гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: барои аҳли байти худ васият намо, зеро ки ту хоҳӣ мурд ва шифо нахоҳӣ ёфт».
2Ва Ҳизқиё рӯи худро ба девор гардонида, сӯи Худованд дуо хонд,
3Ва гуфт: «Лутфан, эй Худованд, ба ёд овар, ки чӣ гуна ман ба ҳузури Ту бо ростӣ ва аз самими қалб рафтор намудаам, ва он чи дар назари Ту мақбул буд, ба амал овардаам». Ва Ҳизқиё зор‐зор гирист.
4Ва каломи Худованд бар Ишаъё нузул карда, гуфт:
5«Бирав ва ба Ҳизқиё бигӯй: Худованд, Худои падарат Довуд, чунин мегӯяд: дуои туро шунидам, ашкҳои туро дидам. Инак, Ман бар рӯзҳои ту понздаҳ сол илова менамоям.
6Ва туро ва ин шаҳрро аз дасти подшоҳи Ашшур раҳо хоҳам намуд, ва ин шаҳрро ҳимоят хоҳам кард.
7Ва аломат аз ҷониби Худованд дар бораи он ки Худованд каломеро, ки гуфтааст, ба амал хоҳад овард, барои ту чунин аст:
8Инак, Ман сояи зинаҳоро, ки аз офтоб бар зинаҳои Оҳоз#38:8 Зинаҳои Оҳоз — соати офтобие ки дар замони подшоҳ Оҳоз сохта буданд; он аз ду қатор зинаҳо иборат буда, назди ҳар қатор деворе буд, ва аз рӯи сояе ки аз девор бар зинаҳо меафтод, соатро мефаҳмиданд. фуромадааст, даҳ зина қафо мегардонам». Ва офтоб аз зинаҳое ки фуромада буд, даҳ зина қафо гашт.
9Таронаи Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, вақте ки ӯ бемор шуд ва аз бемории худ шифо ёфт:
10Ман гуфтам, ки дар миёнаи рӯзҳои худ
ба дарвозаи дӯзах хоҳам рафт:
ман аз бақияи солҳои худ маҳрум шудаам.
11Ман гуфтам, ки Худовандро дигар нахоҳам дид, —
Худовандро дар замини зиндаҳо;
дар миёни сокинони дуньё инсонро дигар нахоҳам дид;
12Маскани ман барканда шудааст
ва мисли хаймаи чӯпон аз ман дур рафтааст;
мисли бофандае ман риштаи умри худро
кӯтоҳ кардаам;
Ӯ маро аз навард хоҳад бурид;
аз рӯз то шаб Ту кори маро тамом хоҳӣ кард.
13То субҳ ман сокит будам;
мисли шер Ӯ ҳамаи устухонҳои маро хоҳад шикаст;
аз рӯз то шаб Ту кори маро тамом хоҳӣ кард.
14Мисли фароштурук, мисли лайлак ман садо
мебаровардам,
мисли кабӯтар нолиш мекардам;
чашмонам сӯи афроз баланд мешуд:
Худовандо! Гирифтори ситам ҳастам;
маро халосӣ бидеҳ.
15Чӣ метавонам бигӯям?
Ӯ ба ман гуфт — ва Ӯ ба ҷо овард.
Тамоми солҳои худро бо талхии ҷонам
оҳиста‐оҳиста ба сар хоҳам бурд.
16Худовандо! Бо ин чизҳо зиндагӣ мекунанд,
ва ҳаёти рӯхи ман бо ҳамаи инҳост;
ва Ту маро шифо бидеҳ ва ба ман ҳаёт бибахш.
17Инак, талхӣ барои ман ба саломатӣ мубаддал шуд,
ва Ту лутф намуда, ҷони маро аз чоҳи ҳалокат
баровардӣ,
чунки ҳамаи гуноҳҳои маро ба пушти Худ партофтӣ.
18Зеро ки дӯзах Туро ҳамд намегӯяд,
мамот Туро ситоиш намекунад,
ба гӯр фурӯ рафтагон ростии Туро интизор надоранд.
19Зинда, фақат зинда Туро ҳамд мегӯяд,
чунон ки ман имрӯз мегӯям;
падар ба писаронаш ростии Туро мефаҳмонад.
20Худованд маро наҷот медиҳад,
ва сурудҳоямро тамоми рӯзҳои ҳаёти худ
дар хонаи Худованд хоҳам хонд.
21Ва Ишаъё гуфт: «Бигзор кулӯлае аз анҷирқоқ биёранд, ва бар захм бимоланд, ва ӯ шифо хоҳад ёфт».
22Ва Ҳизқиё гуфт: «Аломати он ки ба хонаи Худованд хоҳам рафт, чист?»

Currently Selected:

Ишаъё 38: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in