YouVersion Logo
Search Icon

Ишаъё 39

39
БОБИ СИЮ НӮҲУМ
Хатои Ҳизқиё. Пешгӯӣ дар бораи асирии Бобил.
1Дар он замон Мерӯдак Балъадон ибни Балъадон, подшоҳи Бобил, ба Ҳизқиё нома ва ҳадия фиристод, зеро шунида буд, ки вай бемор будааст ва сиҳат ёфтааст.
2Ва Ҳизқиё аз онҳо хурсанд шуд, ва хазинахонаи худро: нуқра ва тилло, ва атриёт ва равғани аъло, ва тамоми қӯрхонаи худ, ва ҳар чиро, ки дар хазоини ӯ ёфт мешуд, ба онҳо нишон дод; ҷизе набуд, ки Ҳизқиё ба онҳо дар хонаи худ ва дар тамоми қаламрави худ нишон надода бошад.
3Ва Ишаъёи набӣ назди подшоҳ Ҳизқиё омад, ва ба ӯ гуфт: «Ин одамон чӣ гуфтанд? Ва аз куҷо назди ту омадаанд?» Ва Ҳизқиё гуфт: «Аз кишвари дур, аз Бобил онҳо назди ман омадаанд».
4Ва Ишаъё гуфт: «Дар хонаи ту чӣ диданд?» Ва Ҳизқиё гуфт: «Ҳар он чи дар хонаи ман ҳаст, диданд; чизе дар хазоини ман намонд, ки ба онҳо нишон надода бошам».
5Ва Ишаъё ба Ҳизқиё гуфт: «Каломи Худованди лашкарҳоро бишнав:
6Инак, рӯзҳо меояд, ва ҳар он чи дар хонаи туст, ва он чи падаронат то имрӯз андӯхтаанд, ба Бобил бурда хоҳад шуд; чизе боқӣ нахоҳад монд, — мегӯяд Худованд.
7Ва аз писаронат, ки аз ту ба вуҷуд оянд, ва ту онҳоро ба дуньё оварӣ, хоҳанд гирифт, — ва онҳо дар қасри подшоҳи Бобил хоҷасаро хоҳанд шуд».
8Ва Ҳизқиё ба Ишаъё гуфт: «Каломи Худованд, ки ту ба забон рондӣ, барҳақ аст». Ва гуфт: «Бигзор дар рӯзҳои ман осоиштагӣ ва пояндагӣ бошад!»

Currently Selected:

Ишаъё 39: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in