YouVersion Logo
Search Icon

Ишаъё 37

37
БОБИ СИЮ ҲАФТУМ
Бар тибқи дуои Ҳизқиё қуввати Санҳериб шикаст хӯрд.
1Ва воқеъ шуд, ки чун подшоҳ Ҳизқиё инро шунид, либоси худро чок зад, ва палос пӯшид, ва ба хонаи Худованд даромад.
2Ва Ильёқими нозири боргоҳ ва Шебнои мирзо ва коҳинони пиронсолро, ки палос пӯшида буданд, назди набӣ, Ишаъё ибни Омӯс, фиристод.
3Ва онҳо ба вай гуфтанд: «Ҳизқиё чунин мегӯяд: „Имрӯз рӯзи тангӣ ва ҷазо ва таҳқир аст, зеро ки кӯдакон ба дами валодат расидаанд, вале қуввати зоидан нест.
4Шояд, Худованд, Худои ту, суханони Рабшоқеро, ки оғояш подшоҳи Ашшур ӯро барои таҳқир кардани Худои Ҳай фиристодааст, бишнавад ва ӯро аз барои суханоне ки Худованд, Худои ту, шунидааст, ҷазо диҳад; пас, барои ин бақияе ки вуҷуд доранд, дуое бигӯй“».
Худованд иродаи Худро ба Ишаъё ошкор мекунад.
5Ва бандагони подшоҳ Ҳизқиё назди Ишаъё омаданд.
6Ва Ишаъё ба онҳо гуфт: «Ба оғои худ чунин бигӯед: „Худованд чунин мегӯяд: аз суханоне ки шунидаӣ, ки навкарони подшоҳи Ашшур Маро бо онҳо дашном додаанд, натарс.
7Инак, рӯҳе бар ӯ мефиристам, ва ӯ овозае шунида, ба замини худ хоҳад баргашт, ва ӯро дар заминаш бо дами шамшер нобуд хоҳам кард“».
Санҳериб бо Ҳизқиё ба гуфтушунид шурӯъ менамояд.
8Ва Рабшоқе баргашт, ва подшоҳи Ашшурро дар вазъияте ёфт, ки бо Либно ҷанг мекард, зеро шунида буд, ки аз Локиш ақиб рафтааст.
9Ва ӯ дар бораи Тирҳоқо, подшоҳи Ҳабаш, хабаре шунид, ки яъне: «Берун омадааст, то ки бо ту ҷанг кунад»; ва чун шунид, элчиён назди Ҳизқиё фиристода, гуфт:
10«Ба Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудия, чунин бигӯед: „Бигзор Худоят туро фирефта накунад, ки ту ба Ӯ таваккал намуда мегӯӣ: Ерусалим ба дасти подшоҳи Ашшур таслим нахоҳад шуд.
11Инак, ту шуниданӣ, ки подшоҳони Ашшур бо ҳамаи кишварҳо чиҳо кардаанд, то ки сокинонашонро маҳв намоянд; ва оё ту раҳо хоҳӣ шуд?
12Оё худоёни халқҳое ки падарони ман несту нобуд кардаанд, онҳоро, яъне: Ҷӯзон ва Ҳорон ва Расаф ва банӣ‐Аданро, ки дар Талассор буданд, раҳоӣ доданд?
13Подшоҳи Ҳамот ва подшоҳи Арпод ва подшоҳи шаҳри Сефарвоим, Ҳенаъ ва Ивво куҷоянд?“»
Дуои Ҳизқиё ва ҷавоби Худованд ба воситаи Ишаъё.
14Ва Ҳизқиё номаро аз дасти элчиён гирифт, ва онро хонд, ва ба хонаи Худованд даромад, ва онро ба ҳузури Худованд густаронид.
15Ва Ҳизқиё назди Худованд дуо хонда, гуфт:
16«Эй Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, ки бар каррубиён нишастаӣ! Туӣ, ки бар ҳамаи мамлакатҳои замин Худои ягона ҳастӣ; Ту осмон ва заминро офаридаӣ.
17Гӯши Худро, эй Худованд, хам карда, бишнав; чашмони Худро, эй Худованд, кушода, бубин; ва ҳамаи суханони Санҳерибро, ки барои таҳқир кардани Худои Ҳай фиристодааст, бишнав.
18Худовандо! Дуруст аст, ки подшоҳони Ашшур ҳамаи кишварҳо ва замини худашонро хароб кардаанд,
19Ва худоёни онҳоро дар оташ андохтаанд, зеро ки онҳо Худо набуданд, балки маснӯи дастҳои одам, ва чӯб ва санг буданд, бинобар ин онҳоро несту нобуд кардаанд.
20Ва акнун, эй Худованд Худои мо, моро аз дасти вай наҷот деҳ, то ҳамаи мамлакатҳои замин бидонанд, ки Ту Худованди ягона ҳастӣ».
21Ва Ишаъё ибни Омӯс назди Ҳизқиё кас фиристода, гуфт: «Худованд, Худои Исроил, чунин мегӯяд: азбаски назди Ман дар бораи Санҳериб, подшоҳи Ашшур, дуо гуфтӣ,
22Чунин аст сухане ки Худованд дар бораи вай гуфтааст:
духтари бокираи Сион аз ту нафрат намуда,
туро тамасхур кардааст,
ва духтари Ерусалим
аз қафои ту сар ҷунбонидааст!
23Киро ту таҳқир намудаӣ ва дашном додаӣ?
Ва дар ҳаққи кӣ овоз баланд кардаӣ
ва чашмони худро боло бардоштаӣ?
Дар ҳаққи Куддуси Исроил!
24Ба воситаи бандагони худ Худовандро таҳқир
намуда, гуфтаӣ:
„Бо анбӯҳи аробаҳои худ ман ба қуллаи кӯҳҳо,
бар ақсои Лубнон баромадаам,
ва арзҳои болобаланд ва сарвҳои гузини онро
буридаам,
ва ба қуллаи баландтарини он, ба боғистони
ҳосилхези он расидаам;
25Ва ман чоҳ канда, об нӯшидаам;
ва бо кафи пойҳои худ
ҳамаи наҳрҳои Мисрро хушк хоҳам кард“.
26Оё ту нашнидаӣ,
ки Ман аз замони пеш инро қарор додаам,
аз қадимулайём инро пешбинӣ намудаам,
ва ҳоло инро тавре ба амал овардаам,
ки ту шаҳрҳои истеҳкомдорро валангор карда,
ба харобазор табдил медиҳӣ?
27Ва сокинони онҳо камқувват, ҳаросон ва хиҷил шудаанд:
онҳо мисли алафи саҳро ва майсаи навхез,
ва сазбаи болои бомҳо, ва мисли киштзоре ки
пеш аз хӯша бастанаш хушк шуда бошад,
гардидаанд.
28Вале Ман нишастани туро,
ва баромадани туро, ва даромадани туро медонам;
ва адоватеро, ки ба Ман дорӣ.
29Азбаски адовате ки ба Ман дорӣ,
ва лоуболии ту ба гӯши Ман расидааст,
бинобар ин маҳори Худро ба бинии ту,
ва ҷилави Худро ба даҳони ту хоҳам зад,
ва туро бо роҳе ки омадаӣ, хоҳам баргардонид.
30Ва аломат барои ту, эй Ҳизқиё, чунин аст: имсол ғаллаи худрӯй хоҳед хӯрд, ва дар соли дуюм — он чи аз он бирӯяд; вале дар соли сеюм кишт кунед ва дарав намоед, ва токҳо шинонед ва меваи онҳоро бихӯред.
31Ва растагорони хонадони Яҳудо, ки боқӣ мондаанд, аз нав дар поён реша хоҳанд давонид, ва дар боло мева хоҳанд овард,
32Зеро ки бақия аз Ерусалим, ва растагорон аз кӯҳи Сион ба вуҷуд хоҳанд омад. Рашки Худованди лашкарҳо инро ба амал хоҳад овард.
33Бинобар ин Худованд дар бораи подшоҳи Ашшур чунин мегӯяд: вай ба ин шаҳр ворид нахоҳад шуд, ва ба он ҷо тир нахоҳад андохт, ва назди он бо сипар нахоҳад омад, ва дар муқобили он хокрез барпо нахоҳад кард.
34Бо кадом роҳе ки омадааст, бо ҳамон хоҳад баргашт, валекин ба ин шаҳр ворид нахоҳад шуд, — мегӯяд Худованд.
35Ва Ман ин шаҳрро ҳимоят хоҳам кард, то ки онро ба хотири Худам ва ба хотири бандаи Худ Довуд наҷот диҳам».
36Ва фариштаи Худованд берун омада, дар ӯрдуи Ашшур саду ҳаштоду панҷ ҳазор нафарро зарба зад; ва субҳидам бархостанд, ва инак, ҳамаашон ҷасадҳои мурда буданд.
37Ва Санҳериб, подшоҳи Ашшур, ақиб нишаста, раҳсипор шуд, ва бозгашта, дар Нинве сукунат кард.
38Ва воқеъ шуд, ки чун ӯ дар хонаи Нисрӯк, худои худ, саҷда мекард, писаронаш Адрмалик ва Шаросир ӯро бо шамшер куштанд, ва худашон ба замини Аророт гурехтанд; ва писараш Асарҳадӯн ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

Currently Selected:

Ишаъё 37: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in