YouVersion Logo
Search Icon

Ишаъё 2

2
БОБИ ДУЮМ
Ваъда дар бораи айёми охир.
1Каломе ки Ишаъё ибни Омӯс дар бораи Яҳудо ва Ерусалим дар рӯъё дидааст.
2Ва дар айёми охир воқеъ хоҳад шуд,
ки кӯҳи хонаи Худованд
бар сари кӯҳҳо барқарор хоҳад гардид,
ва аз теппаҳо баланд хоҳад шуд,
ва ҳамаи халқҳо сӯи он равона хоҳанд шуд.
3Ва қавмҳои бисьёр роҳсипор шуда, хоҳанд гуфт:
«Биёед, ба кӯҳи Худованд,
ба хонаи Худои Яъқуб бароем,
то ки Ӯ тариқҳои Худро ба мо таълим диҳад,
ва мо ба роҳҳои Ӯ равона шавем».
Зеро шариат аз Сион,
ва каломи Худованд аз Ерусалим хоҳад баромад.
4Ва Ӯ дар миёни халқҳо доварӣ хоҳад кард,
ва қавмҳои бисьёрро танбеҳ хоҳад намуд;
ва онҳо шамшерҳои худро ба амочҳо, ва найзаҳои
худро ба досколаҳо табдил хоҳанд дод;
ва халқе бар халқе шамшер нахоҳанд кашид,
ва ҷангро дигар таълим нахоҳанд гирифт.
Пеш аз баракат ҷазо меояд.
5Эй хонадони Яъқуб! Биеёд, дар нури Худованд
роҳ равем.
6Зеро Ту қавми Худ, хонадони Яъқубро тарк кардаӣ,
чунки онҳо аз расму оини шарқӣ пур шудаанд,
ва мисли фалиштиён фол мекушоянд,
ва бо зодагони бегонаҳо қонеъ мешаванд.
7Ва замини вай аз нуқра ва тилло пур шудааст;
ва хазоини вай интиҳо надорад;
ва замини вай аз аспон пур шудааст,
ва аробаҳои вай интиҳо надорад;
8Ва замини вай аз бутҳо пур шудааст:
онҳо ба амали дастҳои худ,
ба он чи ангуштҳошон сохтааст, саҷда мекунанд.
9Ва инсон сарпаст,
ва мард залил шудааст;
ва Ту онҳоро нахоҳӣ омурзид!
10Аз тарси Худованд ва аз шавкати кибриёи Ӯ ба
кӯҳпора дохил шав,
ва худро дар хок пинҳон кун.
11Чашмони ҳавобаланди инсон залил
ва ғурури мардон паст хоҳад шуд,
ва танҳо Худованд дар он рӯз баланд хоҳад буд.
12Зеро аз ҷониби Худованди лашкарҳо рӯзест,
ки бар ҳар чизи ҳавобаланд ва мағрур хоҳад омад,
ва бар ҳар чизи сарбаланд,
— ва он паст хоҳад шуд, —
13Ва бар ҳамаи арзҳои сиҳӣ ва сарбаланди Лубнон,
ва бар ҳамаи булутҳои Бошон,
14Ва бар ҳамаи кӯҳҳои саркаш,
ва бар ҳамаи теппаҳои сарбаланд,
15Ва бар ҳар бурҷи баланд,
ва бар ҳар ҳисори мустаҳкам,
16Ва бар ҳамаи киштиҳои Таршиш,
ва бар ҳамаи зеварҳои назаррабо.
17Ва ҳавобаландии инсон паст,
ва ғурури мардон залил хоҳад шуд,
ва танҳо Худованд дар он рӯз баланд хоҳад буд.
18Ва бутҳо тамоман маҳв хоҳад шуд.
19Ва мардум ба мағораҳои кӯҳпораҳо
ва ба сӯрохҳои хок дохил хоҳанд шуд,
аз сабаби тарси Худованд
ва аз шавкати кибриёи Ӯ,
вақте ки Ӯ бархезад, то заминро вожгун созад.
20Дар он рӯз инсон бутҳои нуқра ва бутҳои
тиллои худро,
ки барои парастиши худ сохтааст,
ба кӯрмушҳо ва кӯршабпаракҳо хоҳад партофт,
21То ки мардум ба ғорҳои кӯҳпораҳо
ва ба дутаҳиҳои байни сахраҳо дохил шаванд,
аз сабаби тарси Худованд ва аз шавкати кибриёи Ӯ,
вақте ки Ӯ бархезад, то заминро вожгун созад.
22Шумо аз инсон, ки нафаси ӯ дар бинии ӯст,
даст кашед,
зеро ки у чӣ чизе ҳисоб меёбад?

Currently Selected:

Ишаъё 2: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in