Ишаъё 28
28
БОБИ БИСТУ ҲАШТУМ
Вой бар Эфроим. Пешгӯӣ дар бораи асирии он.
1Эй вой бар афсари ғурури сармастони Эфроим
ва бар гули пажмурдаи зинати шукӯҳи он,
ки бар сари водии ҳосилхези
майзадагон аст!
2Инак, зӯровар ва ҷасури Худованд
мисли сели жола ва тундбоди ҳалокатовар,
мисли сели обҳои азими саршор
онро бо тамоми қувват ба замин хоҳад афканд.
3Афсари ғурури сармастони Эфроим
ба зери пойҳо поймол хоҳад шуд.
4Ва гули пажмурдаи зинати шукӯҳи он,
ки бар сари водии ҳосилхез аст,
мисли анҷири пешпазаке хоҳад буд,
ки чун бинандае онро бинад,
зуд ба дасташ гирифта, онро фурӯ мебарад.
5Дар он рӯз Худованди лашкарҳо афсари зинат
ва тоҷи шавкат барои бақияи қавми Худ хоҳад буд,
6Ва рӯҳи адлу инсоф барои онҳое ки бар курсии
доварӣ менишинанд,
ва қудрат барои онҳое ки ҷангро сӯи дарвоза
бармегардонанд.
7Ва инҳо низ аз шароб гумроҳ гардидаанд
ва аз арақ дар иштибоҳ афтодаанд;
коҳин ва набӣ аз арақ гумроҳ гардидаанд,
аз шароб саргаранг шудаанд,
аз арақ дар иштибоҳ афтодаанд,
дар рӯъё хато кардаанд,
дар доварӣ пешпо хӯрдаанд.
8Зеро ки ҳамаи суфраҳо аз қай ва наҷосат
пур шудааст, ҷои тозае намондааст.
9«Вай донишро ба кӣ меомӯзад?
Ва пайғомро ба кӣ мефаҳмонад?
Оё ба онҳое ки аз шир бароварда
ва аз пистон ҷудо карда шудаанд?
10Зеро ки фармон бар фармон, фармон бар фармон,
дастур бар дастур, дастур бар дастур,
андаке ин ҷо, андаке он ҷо мебошад».
11Ба яқин, Ӯ бо лабҳои бегона
ва бо забони дигар ба ин қавм хоҳад гуфт
12Он чиро, ки пештар гуфта буд:
«Фароғат ҳамин аст; хастаро ба ҳоли худ вогузоред;
оромӣ ҳамин аст».
Валекин онҳо нахостанд гӯш кунанд.
13Пас, каломи Худованд барои онҳо
фармон бар фармон, фармон бар фармон,
дастур бар дастур, дастур бар дастур,
андаке ин ҷо, андаке он ҷо хоҳад буд,
то ки пуштнокӣ рафта, фурӯ ғалтанд, ва шикаст
хӯранд, ва ба дом афтанд, ва мубтало шаванд.
Қисмати Эфроим — таҳдид барои Яҳудо.
14Бинобар ин, эй мардуми масхарабоз
ва эй ҳокимони ин қавме ки дар Ерусалиманд,
каломи Худовандро бишнавед.
15Азбаски гуфтаед: «Мо бо марг иттифоқ бастаем,
ва бо дӯзах сулҳ кардаем,
ва агар тозиёнаи ҳалокатовар бигзарад,
ба мо нахоҳад расид,
зеро ки кизбро паноҳгоҳи худ сохтаем
ва андаруни дурӯғ ниҳон гаштаем»,
16Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд:
«Инак, Ман дар Сион санге барои буньёд
гузоштам, ки санги озмуда,
санги зовия ва гаронбаҳост,
ва асоси мустаҳкаме дорад;
ҳар кӣ имон оварад, таъҷил нахоҳад намуд.
17Ва Ман инсофро меъёр гардонидаам,
ва адолатро — шоқул;
ва жола паноҳгоҳи кизбро хоҳад рӯфт,
ва об ниҳонхонаро хоҳад бурд».
18Ва иттифоқи шумо бо марг ботил хоҳад шуд,
ва сулҳи шумо бо дӯзах поянда нахоҳад монд.
Вақте ки тозиёнаи ҳалокатовар бигзарад,
шумо ба зери он поймол хоҳед шуд.
19Ҳар бор, ки он бигзарад, шуморо дастгир
хоҳад кард,
зеро ки ҳар субҳ, ҳар рӯз ва шаб хоҳад гузашт,
ва фақат фаҳмонидани пайғом боиси даҳшат
хоҳад шуд.
20Зеро бистар кӯтоҳтар аст аз он ки касе бар он
дароз кашад,
ва кампал тангтар аст аз он ки касе худро
бо он пӯшонад.
21Зеро Худованд ҳамон тавре ки бар кӯҳи
Просим воқеъ шуда буд,
қиём хоҳад кард, ҳамон тавре ки дар водии
Ҷибъӯн воқеъ шуда буд,
ба ғазаб хоҳад омад, то ки амали Худро,
амали аҷиби Худро ба ҷо оварад,
ва кори Худро, кори ғариби Худро анҷом диҳад.
22Ва акнун масхарабозӣ накунед,
ки мабодо бандҳои шумо маҳкамтар шавад;
зеро шунидам, ки аз ҷониби Худованд,
Худои лашкарҳо,
таҳлука ва ҳукми қатъӣ барои тамоми замин
муқаррар гардидааст.
23Гӯш диҳед ва овози маро бишнавед,
диққат намоед ва суханони маро бишнавед!
24Оё зироаткор тамоми рӯз барои кишт ронда,
замини худро огард ва мола мекунад?
25Вай, охир, баъд аз ҳамвор кардани сатҳи он,
кунҷитро мекорад, ва зираро мепошад,
ва гандумро дар қаторҳо, ва ҷавро дар ҷои муайян,
ва ҷувориро дар канори саҳро кишт мекунад.
26Ва ин тартибро Худояш ба ӯ омӯхта,
ӯро ҳидоят менамояд.
27Зеро кунҷитро бо ғаллакӯбаки дандонадор намекӯбанд,
ва чархи аробаи ғаллакӯбро бар зира намегардонанд,
балки кунҷитро бо асо, ва зираро бо чӯбдаст мекӯбанд.
28Оё ғалларо кӯфта, гард‐гард мекунанд?
Не, чунки онро пай дар пай намекӯбанд,
балки чархи аробаи ғаллакӯбро бо аспҳояш
бар он мегардонанд,
аммо онро гард‐гард намекунанд.
29Ин низ аз ҷониби Худованди лашкарҳо
ба амал меояд,
ки қарордоди Ӯ аҷоиб аст, ва ҳикмати Ӯ бузург аст.
Currently Selected:
Ишаъё 28: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.