1
Ишаъё 26:3
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
Дили боматонатро Ту дар осоиштагии комил нигоҳ медорӣ, зеро ки вай ба Ту таваккал мекунад.
Compare
Explore Ишаъё 26:3
2
Ишаъё 26:4
Ба Худованд то абад таваккал кунед, зеро ки Худованд Худо сахраи ҷовидонист.
Explore Ишаъё 26:4
3
Ишаъё 26:9
Шабонгаҳ ман бо ҷони худ муштоқи Ту ҳастам, ва саҳаргоҳон ман бо рӯҳи худ дар андарунам Туро металабам; зеро вақте ки довариҳои Ту бар замин ба амал ояд, сокинони дуньё инсофро таълим хоҳанд гирифт.
Explore Ишаъё 26:9
4
Ишаъё 26:12
Худовандо! Осоиштагиро барои мо барқарор намо; зеро ки ҳамаи корҳои моро низ Ту барои мо ба амал овардаӣ.
Explore Ишаъё 26:12
5
Ишаъё 26:8
Ва дар роҳи довариҳои Ту, эй Худованд, мо ба Ту умед бастаем, ва ҷони мо иштиёқманди исми Ту ва зикри Ту мебошад.
Explore Ишаъё 26:8
6
Ишаъё 26:7
Роҳи одил рост аст; Ту, эй Росткор, тариқи одилро ҳамвор мекунӣ.
Explore Ишаъё 26:7
7
Ишаъё 26:5
Зеро ки Ӯ болонишинонро вожгун намудааст, шаҳри олишонро фурӯ ғалтонидааст, онро то ба замин фурӯ ғалтонида, ба хок яксон кардааст.
Explore Ишаъё 26:5
8
Ишаъё 26:2
Дарвозаҳоро бикшоед, то халқи одиле ки имонашонро нигоҳ медоранд, ворид шаванд.
Explore Ишаъё 26:2