Ишаъё 23
23
БОБИ БИСТУ СЕЮМ
Нубувват дар бораи Сӯр.
1Ваҳй дар бораи Сӯр.
Эй киштиҳои Таршиш, вовайло кунед,
зеро ки он хароб шудааст: на хонае боқӣ мондааст,
на ҷое ки кас тавонад вориди он гардад;
аз замини Киттим ба онҳо хабар расидааст.
2Эй сокинони соҳил, ки онро тоҷирони Сидӯн,
дарьёнавардон пур мекарданд,
хомӯш нишинед!
3Ва ғаллаи Шиҳӯр,
дарави атрофи наҳр бо обҳои бисьёр
ба он дохил мешуд,
ва он бозоргоҳи халқҳо гардида буд.
4Эй Сидӯн, таассуф намо,
зеро ки баҳр, яъне қалъаи баҳр, ба забон омада,
мегӯяд:
«Гӯё ки ман дарди зоиш накашидаам, ва назоидаам,
ва ҷавононро парвариш накардаам,
ва духтаронро ба воя нарасонидаам!»
5Вақте ки овозаи ин ба мисриён бирасад,
аз шунидани аҳволи Сӯр ба ҳарос хоҳанд афтод.
6Эй сокинони соҳил,
ба Таршиш кӯчида равед, вовайло кунед.
7Оё ҳамин аст он шаҳри пурсурури шумо,
ки ибтидояш аз қадимулайём буд,
ва пойҳояш онро ба кишварҳои дур мебурд,
то ки дар он ҷо иқомат намояд?
8Кист, ки инро дар ҳаққи Сӯри тоҷбахш,
ки савдогаронаш мисли мирон,
ва тоҷиронаш акобири рӯи замин буданд,
қарор додааст?
9Худованди лашкарҳо инро қарор додааст,
то ки кибриёи ҳар ҳашаматро поймол кунад
ва ҳамаи мӯҳтарамони заминро ба залолат андозад.
10Эй духтари Таршиш, бар замини худ
мисли наҳр убур намо:
дигар бандубасте нест.
11Ӯ дасти Худро бар баҳр дароз карда,
мамлакатҳоро ба ларза овардааст;
Худованд дар ҳаққи Канъон амр фармудааст,
ки қалъаҳояшро хароб кунанд,
12Ва гуфтааст: «Ту, эй бокираи ситамдида,
духтари Сидӯн, дигар димоғчоқӣ нахоҳӣ кард!
Бархоста, ба Киттим бирав, лекин дар он ҷо низ
барои ту оромӣ нахоҳад буд».
13Инак замини калдониён, ки ин қавм ҳоло вуҷуд надоранд. Ашшур онро барои биёбоннишинон буньёд кард. Бурҷҳои дидбонии худро барпо намуданд, қасрҳояшро вайрон карданд, онро ба харобазор табдил доданд.
14Эй киштиҳои Таршиш, вовайло кунед,
зеро ки қалъаи шумо хароб шудааст.
15Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки Сӯр ҳафтод сол, ба андозаи рӯзҳои як подшоҳ фаромӯш хоҳад шуд. Баъд аз итмоми ҳафтод сол ба Сӯр ҳамон чиз рӯй хоҳад дод, ки дар суруди фоҳиша тасвир ёфтааст:
16«Эй фоҳишаи фаромӯшшуда, барбатро бигир,
дар шаҳр гардиш намо! Нағз бинавоз, бисьёр бисарой,
то ки туро ба ёд оваранд!»
17Ва воқеъ хоҳад шуд, ки баъд аз итмоми ҳафтод сол Худованд Сӯрро тафаққуд хоҳад намуд, ва он аз нав ба гирифтани музди зинои худ хоҳад баргашт, ва бо ҳамаи мамлакатҳои дуньё, ки бар рӯи замин мебошанд, зино хоҳад кард.
18Вале тиҷорати он ва музди зинои он барои Худованд бахшида хоҳад шуд: захира карда ва дар махзан гузошта нахоҳад шуд, балки тиҷораташ барои онҳое ки ба ҳузури Худованд зиндагӣ мекунанд, хоҳад буд, то ки ба серӣ бихӯранд ва либоси нағз бипӯшанд.
Currently Selected:
Ишаъё 23: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.