YouVersion Logo
Search Icon

Ишаъё 22

22
БОБИ БИСТУ ДУЮМ
Нубувват дар бораи водии рӯъё.
1Ваҳй дар бораи водии рӯъё.
Пас туро чӣ шудааст, ки саросар ба бомҳо
баромадаӣ?
2Эй шаҳри пурҷӯшу хурӯш, ки пурҳаяҷон ҳастӣ,
эй шаҳри пурсурур!
Мақтулони ту мақтулони шамшер нестанд
ва дар ҷанг талаф нашудаанд.
3Ҳамаи саркардаҳои ту якҷоя гурехтаанд,
вале бе он ки аз камон истифода баранд,
ба асирӣ гирифта шудаанд;
ҳамаи онҳое ки андаруни ту ёфт шудаанд,
ҳарчанд ба ҷойҳои дур гурехта бошанд ҳам,
якҷоя ба асирӣ афтодаанд.
4Бинобар ин мегӯям: «Аз ман дур шавед,
ман зор‐зор хоҳам гирист;
барои тасаллӣ додани ман дар бораи таҳлукаи
духтари қавми ман саъю кӯшиш накунед».
5Зеро ки рӯзи ҳаяҷон ва мағлубият ва парешонӣ
аз ҷониби Худованди лашкарҳост дар водии рӯъё:
ҳисорро вайрон мекунанд,
ва фарьёд дар кӯҳҳо танинандоз мешавад.
6Ва Элом бо аробаҳои ҷангии
пур аз одам ва бо саворон тирдонро бардоштааст,
ва Қир сипарро бараҳна кардааст.
7Ва инак, водиҳои беҳтарини ту аз аробаҳои
ҷангӣ пур шудааст,
ва саворон дар рӯ ба рӯи дарвоза мавқеъ гирифтаанд.
8Ва болопӯши Яҳудо бардошта шудааст,
ва ту дар он рӯз ба аслиҳаи қӯрхонаи ҷангал
назар дӯхтаӣ.
9Ва шумо рахнаҳои шаҳри Довудро,
ки бисьёр аст, дидаед,
ва оби ҳавзи поёнро ҷамъ кардаед;
10Ва хонаҳои Ерусалимро дар шумор овардаед,
ва хонаҳоро вайрон кардаед, то ки ҳисорро
мустаҳкам намоед;
11Ва дар миёни ду ҳисор обанборе барои оби
ҳавзи кӯҳна сохтаед;
валекин ба Ӯ, ки инро ба амал овардааст,
назар надӯхтаед, ва Ӯро, ки аз қадимулайём
инро муқаррар намудааст, надидаед.
12Ва Худованд, Худованди лашкарҳо,
дар он рӯз шуморо ба гиристан ва навҳа кардан
ва мӯйсар гирифтан ва палос пӯшидан даъват
намудааст.
13Вале инак, хурсандӣ ва димоғчоқӣ!
Гов мекушанд ва гӯсфанд забҳ мекунанд,
гӯшт мехӯранд ва шароб менӯшанд:
«Бихӯрем ва бинӯшем, зеро ки фардо хоҳем мурд!»
14Ва Худованди лашкарҳо дар гӯши ман
ошкор кардааст:
«Ба яқин, ин гуноҳи шумо омурзида нахоҳад шуд
то даме ки бимиред!» — гуфтааст Худованд,
Худованди лашкарҳо.
15Худованд, Худованди лашкарҳо, чунин гуфтааст:
«Бирав ва назди ин гумошта,
яъне Шебно, ки нозири боргоҳ аст, дохил шав,
ва бигӯй:
16„Дар ин ҷо туро чӣ кор аст,
ва дар ин ҷо ту кистӣ,
ки барои худ дар ин ҷо мақбарае месозӣ?“»
Вай дар ҷои баланд барои худ мақбара месозад,
дар сахра барои худ маскан метарошад.
17«„Инак, эй шахси ҷоҳталаб, Худованд туро
дур хоҳад андохт,
ва туро печутоб хоҳад дод,
18Ва туро сахт фушурда,
мисли тӯбе бар замини фарох хоҳад ғелонид,
ва ту дар он ҷо хоҳӣ мурд,
ва дар он ҷо аробаҳои боҳашамати ту
боиси нанги хонадони оғоят хоҳад шуд.
19Ва Ман туро аз маконат бадар хоҳам ронд,
ва аз мартабаи худ фурӯ хоҳӣ ғалтид.
20Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки Ман бандаи
Худ — Элъёқим ибни Ҳилқиёро даъват хоҳам намуд,
21Ва ӯро бо либоси ту пӯшонида,
бо камарбанди ту маҳкам хоҳам кард,
ва ҳокимияти туро ба дасташ хоҳам супурд,
ва ӯ барои сокини Ерусалим ва хонадони
Яҳудо падар хоҳад буд.
22Ва калиди хонадони Довудро бар дӯши ӯ хоҳам гузошт,
ва ӯ чун кушояд, ҳеҷ кас нахоҳад баст,
ва чун бандад, ҳеҷ кас нахоҳад кушод.
23Ва ӯро мисли мехе дар ҷои сахт устувор хоҳам кард,
ва ӯ барои хонадони падари худ курсии ҷалол
хоҳад буд“».
24Ва тамоми ҷалоли хонадони падарашро, аз фарзандонаш то ақрабояш, ва тамоми олоти хурдро, аз косаю кӯзаҳои гаронбаҳо то ҳамаи сафолпораҳо, бар ӯ хоҳанд овехт.
25«Дар он рӯз, — мегӯяд Худованди лашкарҳо, — он мехе ки дар ҷои сахт устувор гардида буд, лиққонак хоҳад шуд, ва шикаста, фурӯ хоҳад ғалтид, ва боре ки бар он овезон аст, талаф хоҳад шуд; зеро ки Худованд гуфтааст».

Currently Selected:

Ишаъё 22: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in