YouVersion Logo
Search Icon

Ишаъё 21

21
БОБИ БИСТУ ЯКУМ
Пешгӯиҳо дар бораи Бобил, Адӯм ва Арабистон.
1Ваҳй дар бораи биёбони назди баҳр.
Мисли гирдбодҳое ки дар ҷануб мевазад,
вай аз биёбон, аз замини пурдаҳшат меояд.
2Рӯъёи мудҳише ба ман аён шудааст:
хоин хиёнат менамояд, ва тороҷгар тороҷ мекунад.
Эй Элом, баро! Эй Модай, муҳосира намо!
Ба тамоми оҳу нолаи он хотима хоҳам дод.
3Аз ин рӯ камари маро ларза гирифтааст;
дарде, мисли дарди зане ки мезояд,
маро дар бар гирифтааст;
аз он чи мешунавам, печутоб мехӯрам,
ва аз он чи мебинам, ҳаросон шудаам.
4Ошуфтадил шудаам; тарсу бим маро мадҳуш кардааст;
шоми фароғати ман ба тарсу ларз мубаддал шудааст.
5Суфраро оростаанд; ҷойпӯшҳоро густурдаанд;
ба хӯрдану нӯшидан машғуланд.
«Эй мирон, бархезед, сипарҳоро равған молед!»
6Зеро ки Худованд ба ман чунин гуфтааст:
«Бирав, дидбоне бимон, то он чиро, ки бинад,
хабар диҳад,
7Ва чун фавҷҳои саворонро:
ҷуфт‐ҷуфт саворони асп, саворони улоғ,
саворони шутурро бинад,
ба онҳо бо диққати тамом гӯш андозад».
8Ва ӯ мисли шер садо баровард:
«Эй оғои ман! Рӯзона ман доимо
бар дидбонгоҳ меистам,
ва тамоми шабҳо дар посбонии худ мебошам.
9Ва инак, савори ароба бо ҷуфт‐ҷуфти асп меоянд».
Ва ӯ хитоб намуда, гуфт: «Бобил фурӯ
ғалтидааст, фурӯ ғалтидааст,
ва тамоми санамҳои худоёнашро ба замин
зада шикастаанд».
10Эй хирмангоҳи ман ва писари хирмани ман!
Он чи аз Худованди лашкарҳо,
Худои Исроил шунидаам, ба шумо гуфтам.
11Ваҳй дар бораи Думо.
Маро аз Сеир фарьёд мекунанд:
«Эй посбон! Чӣ посе аз шаб аст?
Эй посбон! Чӣ посе аз шаб аст?»
12Посбон гуфт: «Субҳ меояд,
вале ҳанӯз шаб аст.
Агар боз пурсидан хоҳед, бипурсед:
бори дигар биёед».
13Ваҳй дар бораи банӣ‐араб.
Эй қофилаҳои дадониён!
Дар сангзори Арабистон манзил кунед.
14Эй сокинони замини Темо!
Ба пешвози ташнагон об биёред,
гурезагонро бо нонашон истиқбол намоед.
15Зеро ки онҳо аз шамшерҳо гурехтаанд:
аз шамшери бараҳна, ва аз камони кашида,
ва аз гаронии ҷанг.
16Зеро ки Худованд ба ман чунин гуфтааст: «Баъд аз як сол, мисли солҳои муздур, тамоми ҷалоли Қедор маҳв хоҳад шуд;
17Ва бақияи шумораи баҳодурони камондори банӣ‐Қедор кам хоҳад шуд, зеро ки Худованд, Худои Исроил чунин гуфтааст».

Currently Selected:

Ишаъё 21: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in