Ишаъё 17
17
БОБИ ҲАФДАҲУМ
Пешгӯӣ дар бораи Димишқ ва Исроил.
1Ваҳй дар бораи Димишқ.
Инак, Димишқ аз миёни шаҳрҳо маҳв гардида,
ғарами харобаҳо хоҳад шуд.
2Шаҳрҳои Арӯэр тарк карда хоҳад шуд,
— маконе барои рамаҳо хоҳад гардид, ва онҳо
дар он ҷо хоҳанд хобид,
ва касе нахоҳад буд, ки онҳоро хӯсонад.
3Ва ҳисор аз Эфроим барҳам хоҳад хӯрд,
ва салтанат аз Димишқ
ва аз бакияи Арам;
ҳолашон мисли ҷалоли банӣ‐Исроил хоҳад буд,
— мегӯяд Худованди лашкарҳо.
4Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд,
ки ҷалоли Яъқуб заиф гардида,
фарбеҳии баданаш ба лоғарӣ табдил хоҳад ёфт;
5Ва мисли он хоҳад буд, ки даравгар пояҳоро
ҷамъ мекунад,
ва дасташ хӯшаҳоро медаравад;
ва мисли он хоҳад буд,
ки дар водии Рафоим хӯшаҳоро мечинанд;
6Ва мисли меваҳое ки бар дарахти зайтун
баъд аз зада афшондани он боқӣ мемонад,
дар ӯ ду‐се донае бар сари шохаи баландаш,
ва чор‐панҷ донае бар навдаҳои боровараш
боқӣ хоҳад монд,
— мегӯяд Худованд, Худои Исроил.
7Дар он рӯз инсон ба Офаринандаи худ
рӯй хоҳад овард,
ва чашмонаш сӯи Қуддуси Исроил дӯхта хоҳад шуд;
8Ва ӯ ба қурбонгоҳҳое ки бо дастҳои худ
бино кардааст, рӯй нахоҳад овард,
ва ба он чи ангуштҳои ӯ сохтааст,
яъне ба бутҳои Ашера ва Ҳамон назар нахоҳад кард.
9Дар он рӯз шаҳрҳои истеҳкомдори он
мисли харобаҳое хоҳад шуд, ки дар ҷангалҳо
ва бар қуллаҳои кӯҳ воқеъ аст, ва онҳоро
пеши банӣ‐Исроил тарк карда буданд;
ва он ба харобазор табдил хоҳад ёфт.
10Зеро ки ту Худои наҷоти худро фаромӯш кардӣ,
ва кӯҳпораи паноҳгоҳи худро ба ёд наовардӣ;
бинобар ин ту ниҳолҳои дилпазир шинондӣ,
ва қаламчаҳои бегонаро кишт кардӣ.
11Дар рӯзе ки ниҳол шинондӣ, онҳоро
сабзу хуррам гардондӣ,
ва саҳаргоҳон кишти худро шукуфондӣ,
аммо ҳосилаш дар рӯзи беморӣ
ва дарди бедармон барбод хоҳад рафт.
12Эй вой аз ғиреви қавмони бисьёр,
ки мисли ғалаёни баҳрҳо талотум мекунанд!
Ва аз хурӯши қабилаҳо,
ки мисли хурӯши обҳои азим мехурӯшанд!
13Қабилаҳо мисли хурӯши обҳои азим мехурӯшанд;
вале Ӯ ба онҳо итоб намуд, ва онҳо
ба ҷойҳои дур гурехтанд,
ва мисли коҳрезае аз бод бар кӯҳҳо ронда шуданд,
ва мисли ғуборе аз гирдбод.
14Шомгоҳ — ва инак даҳшат аст,
вале пеш аз субҳидам он нест мешавад.
Чунин аст насиби тороҷгарони мо,
ва қисмати харобкунандагони мо.
Currently Selected:
Ишаъё 17: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.