YouVersion Logo
Search Icon

Ишаъё 16

16
БОБИ ШОНЗДАҲУМ
Давоми нубувват.
1Гӯсфандони парвориро барои ҳокими замин
аз Салъ бо роҳи биёбон ба кӯҳи духтари Сион
бифиристед.
2Ва духтарони Мӯоб назди маъбарҳои Арнӯн
мисли мурғи оворае ки аз лонааш ронда шуда
бошад, хоҳанд буд.
3«Машварат бидеҳ, додгарӣ бикун,
сояи худро пешингоҳон мисли шаб бар мо биафкан,
рондашудагонро пинҳон намо, оворагонро
таслим накун.
4Бигзор мӯобиёни рондашудаи ман назди ту
маскан гиранд:
барои онҳо аз дасти тороҷгар паноҳгоҳ бош,
то даме ки золим нест шавад, тороҷ хотима ёбад,
ва ситамгарон аз рӯи замин маҳв гарданд.
5Ва бигзор тахт бо марҳамат устувор бошад,
ва бар он дар хаймаи Довуд доваре
дар садоқат нишинад,
ки толиби инсоф
ва роғиби адолат бошад».
6Дар бораи ғурури Мӯоб, ки вай бағоят мағрур аст,
дар бораи кибр ва ғурур ва хашми вай шунидаем:
лофу газофи вай пуч аст.
Вовайлои духтарони Мӯоб.
7Бинобар ин аҳли Мӯоб ба ҳоли Мӯоб вовайло
мекунанд, саросар вовайло мекунанд.
Ба ёди кулчаҳои мавизии Қир‐Ҳарешет
аз дили пурхун нолиши ҷонсӯз хоҳед кард!
8Киштзорҳои Ҳешбӯн хароб шудааст, токзори
Сибмо низ:
ҳокимони халқҳо разҳои онро шикастаанд,
ки то Яъзир расида, дар биёбон паҳн шуда буд;
навдаҳои он вусъат ёфта, ба тарафи баҳр гузашта буд.
9Бинобар ин ман ҳамроҳи Яъзир ба ҳоли
токзори Сибмо гирья мекунам;
шуморо, эй Ҳешбӯн ва Элъоле, бо ашкҳои худ
сероб менамоям,
зеро ки бар ғунучини меваи тобистони ту
ва бар мавсими ангуркании ту гулбонг афтодааст.
10Ва аз саҳроҳо хурсандӣ ва сурур барҳам хӯрдааст
ва дар токзорҳо садоҳои тараннум ва шодмонӣ
шунида намешавад;
токдоре ангурро дар чархуштҳо пахш намекунад:
гулбонги шодиро Ман барҳам додаам.
11Бинобар ин амъои ман ба ҳоли Мӯоб,
ва ботини ман ба ҳоли Қир‐Ҳарешет
мисли барбат нолиш мекунад.
12Ва ҳарчанд Мӯоб ҳозир шуда,
бар минбарҳо заҳмат кашад
ва ба макони муқаддаси худ барои дуо биёяд,
манфиате нахоҳад дид.
13Ин аст каломе ки Худованд дар ҳаққи Мӯоб
аз қадимулайём гуфтааст.
14Ва алҳол Худованд чунин мегӯяд:
«Баъд аз се сол, мисли солҳои муздур,
ҷалоли Мӯоб бо тамоми оммаи сершумори он
ба залолат хоҳад афтод, ва бақияи он
бағоят хурд ва беқувват хоҳад буд».

Currently Selected:

Ишаъё 16: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in