YouVersion Logo
Search Icon

Ишаъё 15

15
БОБИ ПОНЗДАҲУМ
Нубувват дар бораи Мӯоб.
1Ваҳй дар бораи Мӯоб.
Ҳайҳот, ки дар як шаб Ор хароб гардида,
аҳли Мӯоб нобуд шудаанд!
Ҳайҳот, ки дар як шаб Қир хароб гардида,
аҳли Мӯоб нобуд шудаанд!
2Мардуми он ба буткада,
ва аҳли Дивӯн ба минбарҳо барои гиристан баромадаанд;
Мӯоб ба ҳоли Набӯ ва Медбо вовайло мекунад;
мӯйсари ҳама гирифта шудааст, риши ҳама
тарошида шудааст.
3Дар кӯчаҳои он мардум бар камари худ палос
бастаанд;
бар бомҳои он ва дар майдонҳои он ҳама
вовайло мекунанд,
зор‐зор мегирьянд.
4Ва Ҳешбӯн ва Элъоле фиғон мекашанд;
овозашон то Ёҳас шунида мешавад;
бинобар ин ҷанговарони Мӯоб низ навҳа мекунанд;
ҷони онҳо андарунашон меларзад.
5Дили ман ба ҳоли Мӯоб фиғон мекашад:
гурезаҳои он то ба Сӯор ва Эҷлот‐Илишиё расидаанд.
Ҳайҳот, ки ба фарози Луҳит гирьякунон мебароянд,
ва дар аснои роҳи Ҳӯрӯноим доду фарьёди
ҷонгудозе мебароранд!
6Ҳайҳот, ки обҳои Нимрим тамом шудааст,
чаманзор хушкидааст, наботот талаф гардидааст,
сабзае боқӣ намондааст!
7Бинобар ин сарвати андӯхтаи худ
ва пасандозҳои худро ба он соҳили наҳри
Аровим мебаранд.
8Ҳайҳот, ки ҳудуди Мӯобро фигон фаро гирифтааст!
Вовайлои он то Эҷлоим аст, вовайлои он
то Беэр‐Элим аст.
9Ҳайҳот, ки оби Димон аз хун пур шудааст!
Ва Ман бар Димон боз балоҳо хоҳам овард:
бар гурезаҳои Мӯоб ва бар боқимондагони
заминаш шерро хоҳам овард.

Currently Selected:

Ишаъё 15: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in