Ишаъё 14
14
БОБИ ЧОРДАҲУМ
Аз нав барқарор шудан ва бузургӣ ёфтани салтанати Исроил.
1Зеро ки Худованд ба Яъқуб раҳм хоҳад кард, ва Исроилро боз хоҳад баргузид, ва онҳоро дар заминашон ҷойгир хоҳад кард; ва аҷнабиён ба онҳо ҳамроҳ шуда, ба хонадони Яъқуб хоҳанд пайваст.
2Ва қавмон онҳоро гирифта, ба маконашон хоҳанд овард, ва хонадони Исроил онҳоро дар замини Худованд ҳамчун ғуломон ва канизон ба тасарруфи худ хоҳанд даровард, ва асиркунандагони худро асир карда, бар ситамгарони худ ҳукмронӣ хоҳанд кард.
3Ва дар рӯзе ки Худованд туро аз андӯҳат ва аз изтиробат ва аз меҳнати сахте ки маҷбуран ба ҷо меовардӣ, бираҳонад, чунин воқеъ хоҳад шуд,
4Ки ту ин масалро бар подшоҳи Бобил зада, бигӯӣ:
чӣ гуна он ситамгар маҳв шуд,
ва он зулм барҳам хӯрд!
5Худованд асои шарирон
ва чӯбдасти ҳокимонро шикаст,
6Ки он бо ғазаб қавмонро зарбаҳои паёпай мезад,
ва бар халқҳо бо хашм, бо таъқиботи муттасил
ҳукмронӣ мекард.
7Тамоми замин ором ёфта, фароғат менамояд;
ба тараннум овоз баланд мекунанд.
Ҳайвони дарранда ба дӯзах сарнагун шуд.
8Сарвҳо низ дар ҳаққи ту шодӣ мекунанд,
ва арзҳои Лубнон мегӯянд:
«Аз замоне ки ту фурӯ ғалтидаӣ,
дарахтбуре ба сари мо наомадааст».
9Дӯзах аз барои ту
музтариб шудааст, то ки туро
ҳангоми омаданат истиқбол намояд;
арвоҳи мурдагонро, ҳамаи пешвоёни дуньёро
барои ту бедор кардааст;
ҳамаи подшоҳони халқҳоро аз тахтҳошон
бархезонидааст;
10Ҳамаашон ба ту хитоб намуда, хоҳанд гуфт:
«Ту низ мисли мо бемаҷол шудаӣ!
Монанди мо гардидаӣ!»
11Кибриёи ту, садои барбатҳои ту
ба дӯзах фурӯд омадааст;
дар таги ту кирмҳо густурда шудааст,
ва болопӯши ту кирмҳост.
12Эй зӯҳраи субҳидам,
чӣ гуна аз осмон афтодаӣ!
Эй, ки халқҳоро поймол мекардӣ,
чӣ гуна ба замин бархӯрдаӣ!
13Ва ҳол он ки ту дар дили худ мегуфтӣ:
«Ман ба осмон сууд карда,
курсии худро болотар аз ситорагони Худо хоҳам гузошт,
ва бар кӯҳи анҷумани худоён,
дар ақсои шимол хоҳам нишаст;
14Бар баландиҳои абрҳо сууд намуда,
монанди Ҳаққи Таоло хоҳам шуд».
15Аммо ту ба дӯзах,
ба ақсои ҷаҳаннам сарнагун хоҳӣ шуд.
16Онҳое ки туро мебинанд, ба ту назар дӯхта
ва дар ҳаққи ту фикру хаёл карда, хоҳанд гуфт:
«Оё ин ҳамон кас аст, ки заминро ба ҷунбиш меовард,
мамлакатҳоро ба ларза меандохт,
17Дуньёро мисли биёбон гардонид,
ва шаҳрҳои онро хароб мекард,
ва асирони худро ба хонаҳошон ҷавоб намедод?»
Доварӣ бар Бобил.
18Ҳамаи подшоҳони халқҳо саросар,
ҳар яке дар оромгоҳи худ бо ҷалол хобидаанд,
19Валекин ту берун аз қабри худ
мисли шохаи зиште партофта шудаӣ,
— мисли либоси мақтулоне ки шамшер хӯрда,
дар миёни сангҳои хандак фурӯ рафта бошанд,
мисли ҷасаде ки поймол шуда бошад.
20Ту бо онҳо дар қабр нахоҳӣ пайваст,
зеро ки ту замини худро хароб кардаӣ,
қавми худро куштаӣ;
насли бадкешон то абад зикр нахоҳад ёфт.
21Барои писарони вай,
ба сабаби гуноҳи падарашон, қатлро муҳайё намоед,
то ки қиём накунанд, ва заминро мусаххар накунанд
ва рӯи дуньёро аз шаҳрҳо пур насозанд.
22«Ва Ман бар зидди онҳо қиём хоҳам намуд, — мегӯяд Худованди лашкарҳо, — ва номи Бобил ва бақияи онро: ҳам писар ва ҳам набераро маҳв хоҳам кард», — мегӯяд Худованд.
23«Ва онро мероси хорпуштҳо ва ботлоқзор хоҳам гардонид, ва онро бо ҷорӯби ҳалокат хоҳам рӯфт», — мегӯяд Худованди лашкарҳо.
24Худовани лашкарҳо қасам хӯрда, мегӯяд: «Ба яқин, чунон ки салоҳ дидаам, ончунон хоҳад шуд, ва чунон ки қарор додаам, ончунон ба амал хоҳад омад:
25Ашшурро дар замини Худ шикаст хоҳам дод, ва бар кӯҳҳои Худ поймол хоҳам кард; ва юги вай аз гардани онҳо дур хоҳад шуд, ва бори вай аз дӯши онҳо нест хоҳад шуд».
26Чунин аст қароре ки дар бораи тамоми дуньё қабул гардидааст, ва ин аст дасте ки бар ҳамаи халқҳо дароз карда шудааст.
27Зеро ки Худованди лашкарҳо қарор додааст, ва кист, ки онро тавонад ботил намояд? Ва дасти Ӯ дароз карда шудааст, ва кист, ки онро тавонад баргардонад?
28Дар соле ки подшоҳ Оҳоз вафот кард, ин ваҳй омадааст:
29Эй тамоми замини Фалиштӣ, шодӣ накун,
ки чӯбдасте ки туро мезад, шикастааст;
зеро ки аз решаи мор афъӣ мебарояд,
ва самараи он — аждаҳои паррон хоҳад буд.
30Ва мардуми бағоят бенаво ба серӣ хоҳанд хӯрд,
ва мискинон дар амният хоҳанд хобид;
вале решаи туро бо гуруснагӣ нобуд хоҳам кард,
ва бақияи туро ӯ хоҳад кушт.
31Эй дарвоза, вовайло намо! Эй шаҳр, фарьёд зан!
Эй тамоми замини Фалиштӣ, аз ҳам пош хоҳӣ хӯрд!
Зеро ки аз шимол дуд меояд,
ва аз ӯрдуи онҳо як нафар ҳам қафо нахоҳад монд.
32Пас, ба қосидони ин халқ ӯ чӣ ҷавобе хоҳад дод?
Ин ки Худованд Сионро буньёд кардааст,
ва мискинони қавми Ӯ дар он паноҳ хоҳанд бурд.
Currently Selected:
Ишаъё 14: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.