YouVersion Logo
Search Icon

Ишаъё 13

13
БОБИ СЕЗДАҲУМ
Нубувват дар бораи Бобил дар рӯзи Худованд иҷро хоҳад шуд.
1Ваҳй дар бораи Бобил, ки онро Ишаъё ибни
Омӯс дидааст.
2Бар кӯҳи бараҳна ливое бардоред,
бо овози баланд онҳоро даъват намоед
ва бо даст ишора кунед,
то ки сӯи дарвозаҳои мирон биёянд.
3Ман ба муқаддасони Худ амр фармудам,
ва ин зӯроварони Худро,
ки бо кибриёи Ман ваҷд мекунанд,
ба рехтани ғазабам даъват намудам.
4Садои ҳаёҳу дар кӯҳҳо
мисли ғиреви қавми сершумор аст;
садои ғавғои мамлакатҳо
ва халқҳоест, ки ҷамъ омадаанд:
Худованди лашкарҳо сипоҳи ҷангиро
аз назар мегузаронад.
5Онҳо аз замини дурдаст,
аз ақсои осмон меоянд,
— яъне Худованд ва олоти ғазаби Ӯ, —
то ки тамоми заминро несту нобуд кунанд.
6Вовайло кунед, зеро ки рӯзи Худованд наздик аст:
мисли таҳлукае аз ҷониби Қодир меояд.
7Бинобар ин ҳамаи дастҳо суст мешавад,
ва ҳамаи дилҳои мардум бемаҷол мегардад,
8Ва онҳоро воҳима мегирад,
ба дарду озорҳо гирифтор мешаванд,
мисли зане ки мезояд, азоб мекашанд,
ба якдигар бо ҳайрат нигоҳ мекунанд,
рӯйҳошон аз ҳаяҷон шӯълавар аст.
9Инак рӯзи Худованд меояд,
ки рӯзи бераҳм ва пур аз шиддати хашм ва
ғазаб аст,
то ки заминро харобазор гардонад,
ва гуноҳкорони онро маҳв намояд.
10Зеро ки ситорагони осмон ва сайёраҳои он
аз худ рӯшноӣ нахоҳанд дод;
офтоб дар вақти тулӯи худ хира хоҳад шуд,
ва моҳ бо рӯшноии худ нахоҳад дурахшид.
11Ва Ман дуньёро барои шарорат,
ва шариронро барои гуноҳҳошон
ба ҷазо гирифтор хоҳам кард,
ва ба кибри бадқасдон хотима хоҳам дод,
ва ғурури мустабидонро ба залолат хоҳам андохт.
12Инсонро аз зари холис,
ва одамро аз тиллои Ӯфир азизтар хоҳам гардонид.
13Бинобар ин осмонро ба ларза хоҳам овард,
ва замин аз ғазаби Худованди лашкарҳо
дар рӯзи шиддати хашми Ӯ
аз ҷои худ хоҳад ҷунбид.
14Ва ҳар кас мисли оҳуе ки гирифтори таъқиб
шуда бошад,
ва мисли гӯсфандоне ки чӯпон надошта бошанд,
ба сӯи қавми худ рӯ хоҳад овард,
ва ҳар кас ба сӯи замини худ хоҳад давид.
15Ҳар касе ки ёфт шавад, найза хоҳад хӯрд,
ва ҳар касе ки дастгир шавад, аз дами шамшер
хоҳад афтод.
16Ва кӯдакони онҳо дар пеши назари онҳо
ба деворҳо зада кушта хоҳанд шуд,
хонаҳои онҳо тӯъмаи тороҷ хоҳад гардид,
ва ба номӯси занони онҳо таҷовуз карда хоҳад шуд.
Дар бораи хароб шудани Бобил.
17Инак, Ман ба муқобили онҳо аҳли Модайро
хоҳам барангехт,
ки нуқраро писанд намекунанд, ва ба тилло
рағбат надоранд.
18Ва камонҳошон кӯдаконро нобуд хоҳад кард,
ва ба самараи батн раҳм нахоҳад дошт;
чашмонашон ба кӯдакон шафаққат нахоҳад намуд.
19Ва Бобил, ки шукӯҳи мамлакатҳо
ва шавкати ифтихори калдониён аст,
мисли Садӯм ва Амӯро хоҳад шуд,
ки онҳоро Худо вожгун карда буд.
20Вай ҳаргиз обод нахоҳад шуд, ва то абад
маскун нахоҳад гардид;
ва аъробӣ дар он ҷо хайма нахоҳад зад,
ва чӯпонон рамаҳои худро дар он ҷо нахоҳанд
хобонид,
21Балки даррандагони биёбон дар он ҷо хоҳанд хобид;
ва хонаҳои он аз бумҳо пур хоҳад шуд;
ва шутурмурғон дар он ҷо сукунат хоҳанд
дошт; ва ҷинҳои биёбонӣ дар он ҷо рақс
хоҳанд кард.
22Ва шағолон дар кӯшкҳои он,
ва кафторон дар тамошогоҳҳо нула хоҳанд кашид;
ва замони он наздик аст,
ва рӯзҳояш дер нахоҳад кашид.

Currently Selected:

Ишаъё 13: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in