YouVersion Logo
Search Icon

ба Ибриён 1

1
БОБИ ЯКУМ
Ваҳйи хотимавии Худо дар Писар.
1Худое ки аз қадимулайём борҳо ва ба тарзи гуногун ба падарони мо ба василаи анбиё сухан рондааст,
2Дар ин айёми охир ба мо ба василаи Писараш сухан ронд, ки Ӯро вориси ҳама чиз таъин намуд ва оламҳоро низ ба воситаи Ӯ ба вуҷуд овард.
3Писараш, ки дурахши ҷалол ва мазҳари моҳияти Ӯ буда, ҳама чизро бо каломи қуввати Худ нигоҳ доштааст, чун татҳири гуноҳҳои моро ба амал овард, ба ямини Кибриё дар афроз нишаст,
Бартарии Исо аз фариштагон.
4Ва чӣ қадаре ки аз фариштагон бартарӣ пайдо кард, ҳамон қадар аз онҳо исми аълотаре мерос гирифтааст.
5Зеро ба кадоме аз фариштагон Худо ягон вақт гуфтааст:
«Ту Писари Ман ҳастӣ;
Ман имрӯз Падари Ту шудаам»?
Ва боз:
«Ман ба Ӯ Падар хоҳам буд,
ва Ӯ ба Ман Писар хоҳад буд»?
6Ва боз, вақте ки Нахустзодаро ба ҷаҳон дохил мекунад, мегӯяд:
«Ва бигзор ҳамаи фариштагони Худо Ӯро парастиш кунанд».
7Дар бораи фариштагон гуфта шудааст:
«Фариштагони Худро ба бодҳо табдил медиҳад
ва хизматгорони Худро ба оташи сӯзон».
8Аммо дар бораи Писараш гуфта шудааст:
«Тахти Ту, эй Худо, то абад аст,
ва асои садоқат асои салтанати Туст.
9Адолатро дӯст дошта, аз шарорат нафрат дорӣ.
Бинобар ин Худо, Худои Ту, Туро бо равғани шодмонӣ бештар аз рафиқонат тадҳин кардааст».
10Ва боз:
«Дар замони қадим Ту, эй Худованд, заминро буньёд кардаӣ, ва осмон амали дастҳои Туст.
11Онҳо фано хоҳанд шуд, валекин Ту қоим хоҳӣ буд;
ва ҳамаашон мисли ҷомае
ҷиғда‐ҷиғда хоҳанд шуд,
12Мисли пероҳане онҳоро хоҳӣ печонид,
ва онҳо мубаддал хоҳанд шуд.
Валекин Ту айни ҳамон ҳастӣ,
ва солҳои Ту тамом нахоҳад шуд».
13Ба кадоме аз фариштагон Худо ягон вақт гуфтааст:
«Ба ямини Ман бинишин,
то душманони Туро зери пои Ту андозам»?
14Оё ҳамаи онҳо рӯҳҳои хизматгузор нестанд, ки барои хизмати онҳое фиристода мешаванд, ки вориси наҷот хоҳанд шуд?

Currently Selected:

ба Ибриён 1: KM92

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy