YouVersion Logo
Search Icon

Нома ба Филемӯн 1

1
Таъсири неки Филемӯн ба имондорон.
1Павлус, бандаи Исои Масеҳ, ва Тимотиюси бародар, ба Филемӯни маҳбуб ва ҳамкори мо,
2Ва ба Апияи маҳбуба, ва ба Архипуси ҳамсафи мо, ва ба калисое ки дар хонаи туст:
3Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.
4Худои худро шукргузорӣ менамоям ва ҳамеша туро дар дуоҳои худ зикр мекунам,
5Чун дар бораи муҳаббати ту ба ҳамаи муқаддасон ва имоне ки ба Исои Худованд дорӣ, мешунавам, —
6Дуои ман ин аст, ки муоширати имони ту чунон таъсирбахш бошад, ки беҳтар бидонӣ ҳар некие ки дар мо барои Исои Масеҳ мебошад, чист.
7Зеро ки мо аз муҳаббати ту шодӣ ва тасаллои бузурге пайдо кардем, чунки ба туфайли ту, эй бародар, дилҳои муқаддасон осуда шудааст.
Шафоат барои Онисимуси ғулом, ки аз пеши Филемӯн гурехта буд, вале алҳол ислоҳ шудааст.
8Бинобар ин, агарчи дар Масеҳ ҷуръати зиёде дорам, ки вазифаатро ба ту амр фармоям,
9Аммо бештар аз рӯи муҳаббат хоҳиш менамоям, — гарчанде ки ман Павлуси пиронсол ва алҳол бандаи Исои Масеҳ низ ҳастам, —
10Аз ту дар хусуси фарзанди худ Онисимус хоҳиш менамоям, ки ӯро дар вақте ки дар занҷирҳо будам, ба дуньё овардаам,
11Ки як вақте ӯ барои ту муфид набуд, вале акнун ҳам барои ту муфид аст, ҳам барои ман; ӯро назди ту бармегардонам,
12Ва ту ӯро ҳамчун дили ман пазироӣ намо.
13Мехостам ӯро назди худ нигоҳ дорам, то ки ба ҷои ту ба ман дар занҷирҳои башорат хизмат кунад;
14Лекин бе розигии ту нахостам коре бикунам, то ки амали неки ту на ба таври маҷбурӣ, балки ба таври ихтиёрӣ бошад.
15Зеро, шояд, ӯ барои он муваққатан аз ту ҷудо шуда бошад, ки ту ӯро ба сурати абадӣ қабул кунӣ,
16Ва акнун на ҳамчун ғуломе, балки аз ғулом болотар, яъне ҳамчун бародари маҳбубе. Ӯ алалхусус барои ман, зиёдтар аз он ҳам барои ту, ҳам ба унвони ҷисм ва ҳам дар Худованд бояд маҳбуб бошад.
17Пас, агар ту маро шарики худ бидонӣ, ӯро мисли ман пазироӣ намо.
18Аммо агар ӯ осебе ба ту расонда бошад, ва ё чизе ба гарданаш дайн бошад, онро ба ман ҳисоб кун.
19Ман, ки Павлус ҳастам, бо дасти худ менависам: худам талофӣ хоҳам дод; ҳоло онро ба ту намегӯям, ки ту барои вуҷудат низ мадьюни ман ҳастӣ.
20Бале, эй бародар, бигзор, ки аз ту дар Худованд хурсанд шавам: дили маро дар Худованд осуда намо.
21Ба умеди фармонбардории ту ман ба ту менависам, чун медонам, ки аз гуфтаи ман зиёдтар ҳам хоҳӣ кард.
Салом ба имондорон.
22Дар баробари ин барои ман хонае низ муҳайё бикун, зеро умедворам, ки ба ҳасби дуоҳоятон ба шумо ато хоҳам шуд.
23Эпафрос, ки бо ман ба хотири Исои Масеҳ бандӣ мебошад, ва Марқӯс, ва Ористархус, ва Димос, ва Луқос, ки ҳамкорони мананд, ба ту салом мерасонанд.
24Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо рӯҳи шумо бод. Омин.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy