YouVersion Logo
Search Icon

ба Ибриён 2

2
БОБИ ДУЮМ
Агар ба шариати Аҳди Қадим мутеӣ муносиб омада бошад, он боз ҳам зиёдтар ба Каломи Масеҳ муносиб аст.
1Бинобар ин мо бояд ба он чи шунидаем, махсусан бодиққат бошем, то ки аз он дур нашавем.
2Зеро, агар каломе ки ба василаи фариштагон гуфта шудааст, матин буда, барои ҳар ҷиноят ва беитоатӣ подоши одилона дода шуда бошад,
3Чӣ гуна мо халос мешавем, агар ба чунин наҷоти бузург беэътиноӣ кунем, ки онро аввал Худованд мавъиза намуд ва баъд онҳое ки аз Ӯ шунидаанд, дар миёни мо тасдиқ кардаанд,
4Ва Худо низ ба он шаҳодат дод ба воситаи аломот ва мӯъҷизот, ва ҳар навъ қувваҳо, ва бахшоиши Рӯҳулқудс ба ҳасби иродаи Худ?
Масеҳ ба воситаи залолат ва мамот бар мамот ғолиб омад.
5Зеро олами ояндаро, ки дар бораи он сухан меронем, Худо ба фариштагон мутеъ накардааст,
6Балки касе дар ҷое шаҳодат дода, гуфтааст:
«Чист инсон, ки ӯро ёд кунӣ,
ва фарзанди одам, ки ӯро тафаққуд намоӣ?
7Ӯро аз фариштагон фақат андак кам кардаӣ;
ва тоҷи ҷалол ва шавкат бар сари ӯ гузоштаӣ;
ӯро бар аъмоли дастҳои Худ ҳукмфармо кардаӣ;
8Ҳама чизро зери пои ӯ гузоштаӣ». Модоме ки ҳама чизро ба ӯ мутеъ кардааст, пас ҳеҷ чизе намондааст, ки мутеи ӯ набошад. Вале ҳоло ҳанӯз намебинем, ки ҳама чиз мутеи ӯ бошад;
9Балки мебинем, ки Исо, ки аз фариштагон андак кам карда шуда буд, ба сабаби азоби мамот алҳол тоҷи ҷалол ва шавкат бар сар дорад, то ки ба ҳасби файзи Худо зоиқаи мамотро барои ҳама бичашад.
10Зеро лозим буд, ки Ӯ, ки ҳама чиз барои Ӯст ва ҳама чиз аз Ӯст, барои ин ки фарзандони бисьёрро ба ҷалол бирасонад, Пешвои наҷоти онҳоро ба воситаи уқубатҳо комил гардонад.
11Зеро ки ҳам Тақдискунанда ва ҳам тақдисшавандагон, ҳама аз Ягона ҳастанд; ба ин сабаб Ӯ ор намекунад, ки онҳоро бародар хонад, ва мегӯяд:
12«Исми Туро ба бародаронам шӯҳрат хоҳам дод,
дар миёни ҷамоат Туро мадҳ хоҳам кард».
13Ва боз:
«Ман ба Ӯ таваккал хоҳам кард».
Ва боз:
«Инак, Ман ва фарзандоне ки Худо ба Ман додааст».
14Ва азбаски фарзандон ба ҷисм ва хун шарокат доранд, Ӯ низ шарики инҳо гардид, то ки ба воситаи мамот соҳиби қудрати мамотро, яъне иблисро нобуд намояд.
15Ва онҳоеро, ки аз тарси мамот тамоми умри худ гирифтори ғуломӣ буданд, халосӣ диҳад.
16Зеро ки Ӯ фариштагонро дастгирӣ накардааст, балки насли Иброҳимро дастгирӣ кардааст.
17Бинобар ин Ӯ мебоист аз ҳар ҷиҳат ба бародарони Худ монанд мешуд, то ки Саркоҳини раҳим ва амине ба ҳузури Худо бошад, барои он ки гуноҳҳои қавмро кафорат кунад,
18Зеро, чӣ тавре ки Худи Ӯ аз озмоиш гузашта, уқубат кашидааст, ба озмудашавандагон низ метавонад мадад расонад.

Currently Selected:

ба Ибриён 2: KM92

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy