Bible App logo
Search Icon

Эстер 6

6
БОБИ ШАШУМ
Ҳомон маҷбур шуд, ки Мордахайро иззат кунад.
1Дар он шаб хоби подшоҳ парид, ва ӯ амр фармуд, ки китоби ёддошти вақоеи айёмро биёранд, то ки онро ба хузури подшоҳ бихонанд.
2Ва навиштае ёфт шуд, ки Мордахай дар бораи ду хоҷасарои подшоҳ, Биғтон ва Тораш, ки аз посбонони остона буданд ва қасд доштанд ба подшоҳ Аҳашверӯш дасти тааддӣ дароз кунанд, хабар додааст.
3Ва подшоҳ гуфт: «Чӣ иззат ва сарафрозӣ барои ин ба Мордахай ато шудааст?» Навкарони подшоҳ, ки дар хузури ӯ хизмат мекарданд, гуфтанд: «Чизе ба вай ато нашудааст».
4Ва подшоҳ гуфт: «Кист дар саҳн?» Ва Ҳомон ба саҳни берунии хонаи подшоҳ омада буд, то ба подшоҳ бигӯяд, ки Мордахайро ба доре ки барояш сохта буд, биовезанд.
5Ва навкарони подшоҳ ба ӯ гуфтанд: «Инак, Ҳомон дар саҳн истодааст». Ва подшоҳ гуфт: «Бигзор биёяд».
6Ва Ҳомон омад, ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Ба шахсе ки подшоҳ мехоҳад сарафроз намояд, чӣ бояд кард?» Ва Ҳомон дар дили худ гуфт: «Ғайр аз ман кист, ки подшоҳ бихоҳад сарафроз намояд?»
7Ва Ҳомон ба подшоҳ гуфт: «Ба шахсе ки подшоҳ мехоҳад сарафроз намояд,
8Бигзор либоси хисравонае ки подшоҳ онро дар бар мекунад, ва аспе ки подшоҳ бар он савор мешавад, ва тоҷи хисравонае ки бар сари асп гузошта мешавад, биёваранд,
9Ва он либос ва аспро ба дасти яке аз мирони подшоҳ, ки аз аъёну ашроф бошад, бидиҳанд, ва шахсеро, ки подшоҳ мехоҳад сарафроз намояд, бипӯшонанд, ва ӯро ба асп савор карда дар майдони шаҳр бигардонанд, ва пешопеши ӯ нидо кунанд: „Ба шахсе ки подшоҳ мехоҳад сарафроз намояд, чунин карда хоҳад шуд!“»
10Ва подшоҳ ба Ҳомон гуфт: «Шитоб намуда он либос ва аспро, чунон ки гуфтӣ, бигир ва ба Мордахаи яхудӣ, ки назди дарвозаи подшоҳ нишастааст, чунин бикун; аз ҳар чи гуфтӣ, чизе кам нашавад».
11Ва Ҳомон он либос ва аспро гирифт, ва Мордахайро пӯшонид, ва ӯро ба асп савор карда дар майдони шаҳр гардонид, ва пешопеши ӯ нидо кард: «Ба шахсе ки подшоҳ мехоҳад сарафроз намояд, чунин карда хоҳад шуд!»
12Ва Мордахай ба дарвозаи подшоҳ баргашт, вале Ҳомон мотамзада ва рӯсиёҳ сӯи хонаи худ шитофт.
13Ва Ҳомон ба зани худ Зораш ва ба ҳамаи дӯстони худ ҳар он чиро, ки ба ӯ воқеъ шуда буд, ҳикоят кард, ва ҳакимонаш ва занаш Зораш ба ӯ гуфтанд: «Агар Мордахай, ки пеши вай ба фурӯ ғалтидан сар кардаӣ, аз насли яҳудиён бошад, бар вай ғолиб нахоҳӣ шуд, балки ҳатман пеши вай фурӯ хоҳӣ ғалтид».
14Ва ҳанӯз бо ӯ сухан меронданд, ки хоҷасароёни подшоҳ расиданд, то ки Ҳомонро шитоб кунонида, ба зиёфате ки Эстер муҳайё намуда буд, бибаранд.

Currently Selected:

Эстер 6: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in