Дар он шаб хоби подшоҳ парид, ва ӯ амр фармуд, ки китоби ёддошти вақоеи айёмро биёранд, то ки онро ба хузури подшоҳ бихонанд.
Ва навиштае ёфт шуд, ки Мордахай дар бораи ду хоҷасарои подшоҳ, Биғтон ва Тораш, ки аз посбонони остона буданд ва қасд доштанд ба подшоҳ Аҳашверӯш дасти тааддӣ дароз кунанд, хабар додааст.