Эстер 7
7
БОБИ ҲАФТУМ
Зиёфат назди Эстер. Қатли Ҳомон.
1Ва подшоҳ бо Ҳомон назди Эстери малика ба зиёфат омад.
2Ва подшоҳ дар рӯзи дуюм низ дар вақти шаробнӯшӣ ба Эстер гуфт: «Эй Эстери малика! Хоҳишат чист? Он қонеъ карда хоҳад шуд. Ва илтимосат чист? Ҳатто нисфи мамлакат бошад ҳам, ба ҷо оварда хоҳад шуд».
3Ва Эстери малика ҷавоб гардонда гуфт: «Эй подшоҳ! Агар дар назари ту илтифот пайдо карда бошам, ва агар подшоҳ салоҳ донад, бигзор ҷони ман мувофиқи хоҳиши ман ва қавми ман мувофиқи илтимоси ман ба ман бахшида шавад,
4Зеро ки ман ва қавми ман фурӯхта шудаем, то ки нобуд, кушта ва талаф шавем, ва агар ба ғуломӣ ва канизӣ фурӯхта мешудем, ман хомӯш мемондам, гарчанде ки аду ба зарари подшоҳ намеарзад».
5Ва подшоҳ Аҳашверӯш ба сухан оғоз намуда, ба Эстери малика гуфт: «Он кас кист, ва он кас куҷост, ки дилаш ҷуръат намудааст чунин амал кунад?»
6Ва Эстер гуфт: «Он шахси аду ва душман ҳамин Ҳомони шарир аст!» Ва Ҳомон ба хузури подшоҳ ва малика ба даҳшат афтод.
7Ва подшоҳ бо ғазаб аз шаробнӯшӣ хеста ба боғи қаср баромад, ва Ҳомон он ҷо монд, то ки аз Эстери малика барои ҷони худ илтимос намояд, зеро дид, ки аз ҷониби подшоҳ ба сараш балое хоҳад омад.
8Ва ҳангоме ки подшоҳ аз боғи қаср ба хонаи шаробнӯшӣ баргашт, Ҳомон бар нимкате ки болояш Эстер буд, фурӯ ғалтида буд, ва подшоҳ гуфт: «Оё ба номӯси малика низ ба ҳузури ман дар хона таҷовуз мекунад?» Ҳамин ки ин сухан аз даҳони подшоҳ баромад, рӯи Ҳомонро пӯшониданд.
9Ва Ҳарбӯно, яке аз хоҷасароёне ки ба хузури подшоҳ буданд, гуфт: «Инак доре низ ба баландии панҷоҳ зироъ дар хонаи Ҳомон истодааст, ки онро Ҳомон барои Мордахай, ки дар ҳаққи подшоҳ сухани некӯ гуфта буд, сохтааст». Ва подшоҳ гуфт: «Ӯро бар он биовезед!»
10Бинобар ин Ҳомонро бар доре ки ӯ барои Мордахай муҳайё карда буд, овехтанд, ва ғазаби подшоҳ таскин ёфт.
Currently Selected:
Эстер 7: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.