YouVersion Logo
Search Icon

Воиз 10

10
БОБИ ДАҲУМ
Ҳикмат ва беандешагӣ дар касони бузург ва касони ночиз.
1Магасҳои мурда равғани атторро бадбӯй ва фосид мекунанд; андак ҳамоқат аз ҳикмат ва ҷалол гаронтар аст.
2Дили хирадманд ӯро ба тарафи рост моил мекунад, вале дили аблаҳ — ба тарафи чап.
3Ва ҳамчунин, вақте ки аҳмақ роҳсипор мешавад, ақлаш камӣ мекунад, ва ӯ ба ҳар кас нишон медиҳад, ки ӯ аҳмақ аст.
4Агар ғазаби ҳоким бар ту аланга занад, макони худро тарк накун, зеро ки нармӣ хатоҳои бузургро ором мекунад.
5Бадие ҳаст, ки дар таҳти офтоб дидам, аз қабили саҳве ки аз ҷониби ҳоким содир мешавад.
6Ҳамоқат ба мартабаҳои баланд мерасад, вале сарватдорон дар поён менишинанд.
7Ғуломонро бар аспон дидам, ва миронро, ки мисли ғуломон бар замин пиёда мегаштанд.
8Касе ки чоҳ меканад, дар он меафтад, ва касе ки тавораро рахна мекунад, мор ӯро мегазад.
9Касе ки сангҳоро мекашонад, аз онҳо захмдор мешавад; касе ки ҳезум мекафонад, аз онҳо ба сари худ хатар меоварад.
10Агар оҳан кунд шавад, ва дами онро тез накунанд, бештар зӯр задан лозим меояд; вале ҳикмат барои муваффақият судманд аст.
11Агар мор пеш аз афсун газида бошад, афсунгар суд надорад.
12Суханони даҳони хирадманд хуш аст, вале лабҳои аблаҳ худи ӯро фурӯ мебарад.
13Ибтидои суханони даҳонаш ҳамоқат аст, ва интиҳои даҳонаш — ҷунуни сахт.
14Ва аҳмақ бисьёр сухан мегӯяд; одамизод он чиро, ки рӯй хоҳад дод, намедонад, ва кист, ки ӯро аз он чи баъд аз ӯ рӯй хоҳад дод, хабардор кунад?
15Меҳнати аблаҳ ӯро хаста мекунад, ва ӯ намедонад, ки бо кадом роҳ ба шаҳр мераванд.
16Вой бар ҳоли ту, эй замин, вақте ки подшоҳи ту ҷавон аст, ва мирони ту тамоми шаб хӯрок мехӯранд!
17Хушбахт ҳастӣ, эй замин, вақте ки подшоҳи ту аз авлоди наҷибон аст, ва мирони ту дар сари вақт хӯрок мехӯранд, чунон ки мардони олимақомро муносиб аст, ва на аз рӯи одати бадмастон!
18Аз боиси коҳилӣ сақф фурӯ меравад, ва ҳангоме ки дастҳоро дар бағал зада нишинанд, боми хона чак‐чак мечакад.
19Барои кайфу сафо базм мекунанд, ва шароб ҳаёташонро шод мегардонад, ва нуқра ҳар чизро барояшон муҳайё менамояд.
20Ҳатто дар хаёли худ ба подшоҳ лаънат нагӯй, ва дар хонаи хоби худ ба сарватдор лаънат нахон, чунки мурғи ҳаво овозатро хоҳад бурд, ва болдор суханонатро хабар хоҳад дод.

Currently Selected:

Воиз 10: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in