YouVersion Logo
Search Icon

Воиз 3

3
БОБИ СЕЮМ
Вақту соат доштани аъмоли инсон.
1Барои ҳар чиз замоне ҳаст, ва барои ҳар кор дар таҳти осмон вақте ҳаст:
2Вақте барои таваллуд шудан, ва вақте барои мурдан;
вақте барои дарахт шинондан, ва вақте барои решакан кардани он чи шинонда шудааст.
3Вақте барои куштан, ва вақте барои шифо додан;
вақте барои хароб кардан, ва вақте барои бино кардан.
4Вақте барои гиристан, ва вақте барои хандидан;
вақте барои мотам гирифтан, ва вақте барои рақсидан.
5Вақте барои партофтани сангҳо, ва вақте барои ҷамъ кардани сангҳо;
вақте барои оғӯшкашӣ, ва вақте барои дурӣ аз оғӯш.
6Вақте барои пайдо кардан, ва вақте барои гум кардан;
вақте барои нигоҳ доштан, ва вақте барои партофтан.
7Вақте барои даррондан, ва вақте барои дӯхтан;
вақте барои хомӯш мондан, ва вақте барои сухан рондан.
8Вақте барои дӯст доштан, ва вақте барои нафрат кардан;
вақте барои ҷанг, ва вақте барои сулҳ.
9Пас, чӣ суд аст барои коркун аз меҳнате ки мекунад?
10Бореро, ки Худо насиби банӣ‐одам кардааст, то ки онро бардоранд, дидам.
11Ҳама чизро Ӯ дар вақташ ба хубӣ ба вуҷуд овардааст; ҳамчунин фикри абадиятро дар дили одамизод ҷо додааст, ба тавре ки онҳо кореро, ки Худо кардааст, аз ибтидо ва то интиҳо наметавонанд дарьёбанд.
12Донистам, ки барои онҳо чизе хубтар аз ин нест, ки айшу тараб намоянд ва дар ҳаёти худ некӣ кунанд.
13Ва агар ҳар одам бихӯрад ва бинӯшад ва аз ҳар меҳнати худ некӣ бинад, — ин низ атои Худост.
14Донистам, ки ҳар он чи Худо кардааст, то абад хоҳад монд; чизе бар он илова намудан ва аз он кам кардан мумкин нест; ва Худо чунин кардааст, то ки аз Ӯ битарсанд.
15Он чи ҳаст, аз қадим аст, ва он чи хоҳад шуд, пештар низ буд; ва Худо гузаштаро толиб аст.
16Ва боз дар таҳти офтоб макони довариро дидам, ки он ҷо шарорат аст, ва макони адолатро, ки он ҷо ноинсофист.
17Ман дар дили худ гуфтам: «Одил ва шарирро Худо доварӣ хоҳад кард, зеро ки барои ҳар чиз ва барои ҳар кор дар он ҷо вақте ҳаст».
18Ман дар дили худ дар ҳаққи банӣ‐одам гуфтам, ки Худо ба онҳо имтиҳоне дод, то бубинанд, ки онҳо ба худии худ мисли чорпоёнанд,
19Зеро ки воқеаи банӣ‐одам мисли воқеаи чорпоён аст — барои онҳо айни як воқеа аст: чунон ки инҳо мемиранд, онҳо низ мемиранд, ва барои ҳама айни як рӯҳ аст, ва одамизод аз чорпоён бартарӣ надорад; дар асл ҳама ҳеҷу пуч аст!
20Ҳама ба як ҷо меравад: ҳама аз хок аст, ва ҳама ба хок бармегардад.
21Кист, ки бидонад, ки оё рӯҳи банӣ‐одам ба боло сууд мекунад, ва рӯҳи чорпоён ба поён, ба сӯи замин нозил мешавад?
22Ва дидам, ки чизе хубтар аз ин нест, ки одамизод бо аъмоли худ айшу тараб намояд, чунки ин насибаи ӯст; зеро кист, ки ӯро гардонда оварад барои дидани он чи баъд аз сари ӯ воқеъ хоҳад шуд?

Currently Selected:

Воиз 3: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in