YouVersion Logo
Search Icon

Воиз 11

11
БОБИ ЁЗДАҲУМ
Тухми худро бармаҳал бикор ва ғуссаро аз дил дур кун.
1Нони худро ба об парто, чунки пас аз рӯзҳои бисьёр онро хоҳӣ ёфт.
2Насибае ба ҳафт нафар ва низ ба ҳашт нафар бидеҳ, зеро намедонӣ, ки бар замин чӣ мусибате рӯй хоҳад дод.
3Агар абрҳо аз борон пур шавад, онро бар замин меборонад; ва агар дарахте ба тарафи ҷануб ва ё ба тарафи шимол афтад, дар ҳамон ҷо, ки дарахт афтода бошад, хоҳад монд.
4Касе ки ба бод нигоҳ мекунад, кишт нахоҳад кард, ва касе ки ба абрҳо назар медӯзад, дарав нахоҳад кард.
5Чунон ки ту намедонӣ, ки роҳи бод чӣ гуна аст, ё ҷанин дар батни зани ҳомила чӣ гуна ба вуҷуд меояд, ончунон амали Худоро, ки Офаринандаи ҳама аст, наметавонӣ бидонӣ.
6Субҳидам тухми худро бикор, ва то шом ба дасти худ осоиш надеҳ, зеро намедонӣ, ки кадоме аз онҳо, ин ё он, муваффақият хоҳад ёфт, ё ки ҳар дуи онҳо баробар некӯ хоҳанд буд?
7Ва рӯшноӣ ширин аст, ва дидани офтоб барои чашмон хуш аст.
8Пас, ҳар чанд одамизод солҳои бисьёр зиндагӣ кунад, бояд дар ҳамаи онҳо айшу тараб намояд, вале айёми торикиро, ки бисьёр хоҳад буд, дар хотир дошта бошад: ҳар он чи хоҳад омад, ҳеҷу пуч аст!
9Эй ҷавон, дар наврасии худ айшу тараб намо, то ки дилат туро дар айёми ҷавонии ту шод гардонад; ва бо роҳҳои дили худ ва бо нигоҳи чашмони худ равона шав; вале бидон, ки барои ҳамаи ин туро Худо ба доварӣ хоҳад овард.
10Ва ғуссаро аз дили худ берун намо, ва бадиро аз ҷисми худ дур андоз, зеро ки наврасӣ ва ҷавонӣ ҳеҷу пуч аст.

Currently Selected:

Воиз 11: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in