1
Воиз 11:9
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
Эй ҷавон, дар наврасии худ айшу тараб намо, то ки дилат туро дар айёми ҷавонии ту шод гардонад; ва бо роҳҳои дили худ ва бо нигоҳи чашмони худ равона шав; вале бидон, ки барои ҳамаи ин туро Худо ба доварӣ хоҳад овард.
Compare
Explore Воиз 11:9
2
Воиз 11:10
Ва ғуссаро аз дили худ берун намо, ва бадиро аз ҷисми худ дур андоз, зеро ки наврасӣ ва ҷавонӣ ҳеҷу пуч аст.
Explore Воиз 11:10
3
Воиз 11:4
Касе ки ба бод нигоҳ мекунад, кишт нахоҳад кард, ва касе ки ба абрҳо назар медӯзад, дарав нахоҳад кард.
Explore Воиз 11:4
4
Воиз 11:5
Чунон ки ту намедонӣ, ки роҳи бод чӣ гуна аст, ё ҷанин дар батни зани ҳомила чӣ гуна ба вуҷуд меояд, ончунон амали Худоро, ки Офаринандаи ҳама аст, наметавонӣ бидонӣ.
Explore Воиз 11:5
5
Воиз 11:6
Субҳидам тухми худро бикор, ва то шом ба дасти худ осоиш надеҳ, зеро намедонӣ, ки кадоме аз онҳо, ин ё он, муваффақият хоҳад ёфт, ё ки ҳар дуи онҳо баробар некӯ хоҳанд буд?
Explore Воиз 11:6
6
Воиз 11:2
Насибае ба ҳафт нафар ва низ ба ҳашт нафар бидеҳ, зеро намедонӣ, ки бар замин чӣ мусибате рӯй хоҳад дод.
Explore Воиз 11:2