Аъмоли Ҳаввориён 25
25
БОБИ БИСТУ ПАНҶУМ
Павлус ба ҳузури Фестус.
1Чун Фестус ба вилоят омад, баъд аз се рӯз аз Қайсария ба Ерусалим рафт.
2Саркоҳин ва бузургони яҳудиён даъвои худро нисбат ба Павлус ба вай фаҳмонданд ва гапи худро маъқул карданд.
3Ва илтимос карданд, ки ба онҳо илтифот намуда, ӯро ба Ерусалим биёрад; онҳо қасд доштанд, ки ӯро дар роҳ ба қатл расонанд.
4Аммо Фестус ба ҷавоб гуфт, ки «Павлус дар Қайсария маҳбус аст, ва худи ман ба қарибӣ ба он ҷо бармегардам».
5«Бинобар ин», гуфт вай, «онҳое ки аз шумо метавонанд, ҳамроҳи ман биёянд, ва агар ин шахс айбе дошта бошад, бар ӯ даъво кунанд».
6Дар миёни онҳо аз ҳашт ё даҳ рӯз зиёд намонда, ба Қайсария баргашт, ва рӯзи дигар бар курсии доварӣ нишаста, амр фармуд, ки Павлусро биёранд.
7Вақте ки ӯ ҳозир шуд, яҳудиёне ки аз Ерусалим омада буданд, даври ӯро гирифта, бисьёр айбҳои гаронро ба гардани ӯ бор карданд, ки онҳоро исбот карда наметавонистанд.
8Вале ӯ худро муҳофизат намуда, гуфт: «Ман на бар зидди шариати яҳудиён, на бар зидди маъбад ва на бар зидди қайсар ҳеҷ ҷинояте накардаам».
9Фестус, ки мехост дили яҳудиёнро ёбад, дар ҷавоби Павлус гуфт: «Оё мехоҳӣ ба Ерусалим биравӣ, то ки ман туро дар он ҷо дар ин бобат доварӣ намоям?»
Павлус доварии қайсарро талаб мекунад.
10Павлус гуфт: «Ман дар маҳкамаи қайсар истодаам, ва муҳокимаи ман бояд дар ҳамин ҷо ба амал ояд; ман ба яҳудиён ҳеҷ бадӣ накардаам, чунон ки худат ҳам инро ба хубӣ медонӣ;
11Агар бадие ё ягон кори сазовори марг карда бошам, аз мурдан ибое надорам; лекин агар аз он айбҳое ки инҳо ба гардани ман мемонанд, дар ман ҳеҷ чизе набошад, касе ҳақ надорад маро ба дасти онҳо бисупорад; ман доварии қайсарро талаб мекунам».
12Фестус бо мушовиронаш маслиҳат карда, дар ҷавоби ӯ гуфт: «Модоме ки доварии қайсарро талаб мекунӣ, назди қайсар хоҳӣ рафт».
Павлус ба ҳузури подшоҳ Ағрипос.
Беайб донистани Павлус.
13Баъд аз чанд рӯз подшоҳ Ағрипос ва Бернико ба Қайсария омаданд, то ки Фестусро муборакбод кунанд.
14Чун рӯзҳои зиёде дар он ҷо истоданд, Фестус ба подшоҳ кори Павлусро ҳикоят карда, гуфт: «Шахсе ҳаст, ки Феликс ӯро дар зиндон нигоҳ доштааст,
15Ва ҳангоме ки дар Ерусалим будам, саркоҳинон ва пирони яҳудӣ дар бораи ӯ ба ман гап заданд ва маҳкумияти ӯро талаб карданд.
16Дар ҷавоби онҳо гуфтам, ки расму таомули румиён ин нест, ки касеро ба марг таслим кунанд, бе он ки аввал айбдорро бо даъвогаронаш рӯ ба рӯ карда, ба вай имконият диҳанд, ки худро аз айбҳо сафед кунад.
17Бинобар ин, вақте ки онҳо ба ин ҷо омаданд, ман бе таъхир, фардои он, бар курсии доварӣ нишастам ва амр фармудам, ки он шахсро биёранд.
18Аммо даъвогарон бархоста, аз он чи ман гумон доштам, ҳеҷ як айберо ба гардани ӯ монда натавонистанд,
19Балки бо ӯ фақат дар бораи парастиши Худои худ ва дар бораи Исо ном шахсе ки мурдааст, вале Павлус мегуфт, ки Ӯ зинда аст, ихтилофи ақида доштанд.
20Чун дар ҳалли ин масъала душворӣ кашидам, ман гуфтам: „Оё ӯ мехоҳад ба Ерусалим биравад, то ки муҳокимаи ӯ дар он ҷо ба амал ояд?“
21Аммо Павлус талаб кард, ки ӯро барои доварии Авғустус маҳфуз дорам, бинобар ин ман амр фармудам, ки то вақте ки ӯро назди қайсар бифиристам, ӯ дар ҳабс нигоҳ дошта шавад».
22Ағрипос ба Фестус гуфт: «Ман ҳам мехостам суханони ин шахсро бишнавам». Дар ҷавоб гуфт: «Фардо хоҳӣ шунид».
23Рӯзи дигар, вақте ки Ағрипос ва Бернико бо ҳашамати бузурге омада, бо мириҳазорон ва бузургони шаҳр ба маҳкама дохил шуданд, бо фармони Фестус Павлусро оварданд.
24Фестус гуфт: «Эй подшоҳ Ағрипос ва эй ҳамаи мардумоне ки дар ин ҷо ҳузур доред! Инак, шумо ҳамон шахсро мебинед, ки тамоми ҷамоати яҳудиён, чи дар Ерусалим ва чи дар ин ҷо, ба ман аз ӯ шикоят қардаанд ва фарьёд зада гуфтаанд, ки ӯ набояд дигар зинда бимонад;
25Лекин ман, чун дидам, ки ӯ ҳеҷ кори сазовори марг накардааст ва худаш низ доварии Авғустусро талаб намуд, ба ин сабаб қарор додам, ки ӯро ба он ҷо бифиристам;
26Азбаски ҳеҷ чизи дурусте надорам, ки дар ҳаққи ӯ ба олиҳазрат бинависам, бинобар ин ӯро назди шумо ва алалхусус назди ту, подшоҳ Ағрипос, овардам, то ки дар натиҷаи таҳқиқ чизе барои навиштанам пайдо кунам;
27Зеро ба назарам хилофи ақл менамояд, ки бандиеро фиристонаму айбҳои ба гарданаш мондашударо нишон надиҳам».
Currently Selected:
Аъмоли Ҳаввориён 25: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.