Аъмоли Ҳаввориён 26
26
БОБИ БИСТУ ШАШУМ
Ба ҳузури Ағрипос худро ҳимоят кардани Павлус.
1Ағрипос ба Павлус гуфт: «Ба ту иҷозат дода мешавад, ки барои ҳимояти худ сухан гуӣ». Он гоҳ Павлус дасти худро дароз карда, барои муҳофизати худ гуфт:
2«Эй подшоҳ Ағрипос! Барои худ камоли хушбахтӣ медонам, ки имрӯз имконият дорам дар ҳузури ту худро аз ҳамаи айбҳое ки яҳудиён ба гардани ман бастаанд, муҳофизат намоям,
3Хусусан ки ту аз ҳамаи расму таомулҳо ва ихтилофоти байни яҳудиён ба хубӣ воқиф ҳастӣ. Бинобар ин аз ту хоҳишмандам, ки ҳиммат намуда, суханони маро бишнавӣ.
4Зиндагии маро, ки аз аввали ҷавониам онро дар миёни қавми худам ва дар Ерусалим гузарондаам, ҳамаи яҳудиён медонанд;
5Онҳо аз рӯзҳои аввал маро мешиносанд ва, агар бихоҳанд, метавонанд гувоҳӣ диҳанд, ки ман мувофиқи порсотарин тариқати мазҳаби мо фарисӣ шуда рафтор мекардам.
6Ва ҳоло барои умед бастанам ба он ваъдае, ки Худо ба падарони мо додааст, ман муҳокима карда мешавам,
7Дар сурате ки дувоздаҳ сибти мо шабу рӯз бо ҷидду ҷаҳд ибодат мекунанд ба умеди он ки иҷрои ҳамон ваъдаро бубинанд: аз барои ҳамин умед, эй подшоҳ Ағрипос, яҳудиён маро айбдор мекунанд.
8Чаро ба назари шумо аз ақл берун менамояд, ки Худо мурдагонро эҳьё мекунад?
9Оре, ман ҳам пештар барои худ воҷиб медонистам, ки бар зидди исми Исои Носирӣ ҳар чи зиёдтар амал кунам,
10Чӣ тавре ки дар Ерусалим мекардам: аз саркоҳинон изн гирифта, бисьёр муқаддасонро дар зиндон меандоҳтам, ва ҳангоме ки онҳоро мекуштанд, бар зиддашон фатво медодам;
11Дар ҳамаи куништҳо ҳар дам онҳоро азоб медодам ва маҷбур мекардам, ки куфр бигӯянд, ва азбаски хашму ғазабам нисбат ба онҳо пурзӯр буд, ҳатто дар шаҳрҳои бегона онҳоро таъқиб менамудам.
12Боре барои чунин амалиёт бо изн ва супориши саркоҳинон ба Димишқ мерафтам;
13Ва инак, эй подшоҳ, дар нисфи рӯз дар роҳ нуреро аз осмон дидам, ки равшантар аз офтоб буд, ва давродаври ман ва ҳамроҳонам дураҳшид.
14Ҳамаамон бар замин афтодем, ва ман овозе шунидам, ки ба забони ибронӣ ба ман мегуфт: „Шоул, Шоул! Барои чӣ маро таъқиб мекунӣ? Лагад заданат ба сиҳак душвор аст“.
15Ман гуфтам: „Худовандо, Ту кистӣ?“ Гуфт: „Ман он Исо ҳастам, ки ту Ӯро таъқиб мекунӣ;
16Аммо бархез ва бар пои худ биист; зеро барои он ба ту зоҳир шудаам, ки туро ҳодим ва шоҳид таъин намоям бар он чи дидаӣ ва бар он чи ба ту ошкор ҳоҳам кард;
17Ва туро раҳоӣ ҳоҳам дод аз дасти ин қавм ва аз дасти ҳалқҳое ки холо туро назди онҳо мефиристам,
18То ки чашмони онҳоро воз кунӣ, ва онҳо аз зулмот ба рӯшноӣ бароянд ва аз чанголи шайтон раҳо шуда, ба Худо руҷӯъ намоянд ва ба василаи имоне ки ба Ман меоваранд, омурзиши гуноҳҳо ва насибе дар миёни муқаддасон пайдо кунанд“.
19Бинобар ин, эй подшоҳ Ағрипос, ба рӯъёи осмонӣ беимонӣ накардам,
20Балки дар навбати аввал ба сокинони Димишқ ва Ерусалим ва тамоми сарзамини Яҳудо ва низ ба ғайрияҳудиён мавъиза менамудам, ки тавба карда, ба Худо руҷӯъ намоянд ва корҳое кунанд, ки сазовори тавба бошад.
21Аз барои ҳамин маро яҳудиён дар маъбад дастгир карданд ва куштанӣ шуданд.
22Аммо Худо ба ман ёр шуд, ва ман то имрӯз зинда мондаам ва ба хурду калон шаҳодат медиҳам ва гапе намезанам ҷуз он чи анбиё ва Мусо гуфтаанд, ки бояд ба вуқӯъ ояд,
23Яъне Масеҳ бояд азобу уқубат кашад ва аввалин касе бошад, ки аз мурдагон эҳьё шуда, ба ин қавм ва ба халқҳо аз тулӯи нур хабар расонад».
24Чун ӯ ба ин тарз худро муҳофизат мекард, Фестус бо овози баланд гуфт: «Эй Павлус, ту аз ақл бегона шудаӣ! Дониши бисьёр туро девона кардааст».
25Гуфт: «Эй Фестуси мӯҳтарам, ман аз ақл бегона нашудаам, балки суханони ҳақиқатро бо ақли солим баён менамоям:
26Зеро подшоҳе ки дар ҳузураш далерона сухан меронам, аз ин воқиф аст; ман яқин дорам, ки чизе дар ин бора аз ӯ пӯшида нест, зеро ки ин дар хилватгоҳе воқеъ нашудааст;
27Эй подшоҳ Ағрипос, оё ба анбиё имон дорӣ? Медонам, ки имон дорӣ».
28Ағрипос ба Павлус гуфт: «Кам мондааст маро тарғиб намоӣ, ки масеҳӣ шавам».
29Павлус гуфт: «Аз Худо мехостам, ки ба андозаи кам ё зиёд на танҳо ту, балки ҳамаи онҳое ки сухани маро мешунаванд, мисли ман гарданд, чуз аз ин занҷирҳо».
30Чун инро гуфт, подшоҳ ва ҳоким, Бернико ва дигар касоне ки бо онҳо нишаста буданд, бархостанд.
31Ва онсӯтар рафта, ба якдигар гуфтанд: «Ин одам ҳеҷ коре накардааст, ки сазовори марг ё ҳабс бошад».
32Ағрипос ба Фестус гуфт: «Агар ин одам доварии қайсарро талаб намекард, метавонист озод шавад».
Currently Selected:
Аъмоли Ҳаввориён 26: KM92
Highlight
Share
Compare
Copy
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.