YouVersion Logo
Search Icon

Аъмоли Ҳаввориён 24

24
БОБИ БИСТУ ЧОРУМ
Павлус ба ҳузури Феликс.
1Баъд аз панҷ рӯз саркоҳин Ҳанониё бо пирон ва Тартуллӯс ном нотиқе омад, ва онҳо шикояти худро дар ҳаққи Павлус ба ҳоким супурданд.
2Вақте ки Павлусро даъват карданд, Тартуллӯс ба айбдор кардани ӯ шурӯъ намуда, гуфт:
3«Эй Феликси мӯҳтарам, мо ҳамеша ва дар ҳама ҷо бо камоли миннатдорӣ зътироф менамоем, ки дар сояи ту осоиши комил дорем, ва ба туфайли ғамҳӯрии ту ин қавм ба некӯаҳволӣ расидааст;
4Вале, барои он ки туро бисьёр заҳмат надиҳам, аз ту хоҳишмандам, ки илтифот намуда, мухтасаран арзи моро бишнавӣ:
5Зеро ки ин одамро фасодангез ёфтаем, ки ӯ дар миёни ҳамаи яҳудиёни рӯи олам ошӯб меандозад ва сардастаи бидъати носирӣ мебошад,
6Ва ҳатто саъю кӯшиш намудааст, ки маъбадро палид гардонад, ва мо ӯро дастгир кардем, то ки аз рӯи шариати худ бар ӯ доварӣ намоем,
7Аммо Лисиёси мириҳазор омада, ӯро бо зӯрӣ аз дасти мо гирифт
8Ва амр фармуд, ки даъвогарони ӯ назди ту биёянд; худат метавонӣ тафтиш намуда, ҳар он чиро, ки мо бар ӯ даъво дорем, аз худи ӯ бифаҳмӣ».
9Яҳудиён суханони ӯро тасдиқ карда, гуфтанд, ки чунин аст.
Худро сафед кардани Павлус.
10Чун ҳоким ба Павлус ишора кард, ки сухан гӯяд, ӯ ба ҷавоб гуфт: «Азбаски медонам, ки ту чандин сол боз довари ин қавм ҳастӣ, ман кори худро дилпурона муҳофизат менамоям;
11Ту метавонӣ бифаҳмӣ, ки аз дувоздаҳ рӯз зиёд нагузаштааст, ки ман барои ибодат ба Ерусалим рафта будам;
12Ва маро ҳеҷ кас надидааст, ки дар маъбад, ё дар куништҳо ва ё дар шаҳр бо касе мубоҳиса карда бошам ё ки дар байни мардум ошӯб андохта бошам;
13Низ он чиро, ки ҳоло бар ман даъво менамоянд, исбот карда наметавонанд;
14Лекин инро назди ту иқрор мекунам, ки аз рӯи тариқате ки онҳо бидъат меноманд, ман дар ҳақиқат Худои падаронро ибодат менамоям, дар ҳолате ки ба ҳар чи дар Таврот ва дар суҳафи анбиё навишта шудааст, эътиқод дорам
15Ва аз Худо умед дорам, чунон ки инҳо низ интизорӣ доранд, ки ҳам барои одилон ва ҳам барои золимон эҳьёи мурдагон дар пеш аст;
16Бинобар ин худам низ саъю кӯшиш менамоям, ки виҷдонам назди Худо ва одамон ҳамеша пок бошад;
17Баъд аз чандин сол ман омадам, то ки ба халқи худ садақот биёрам ва ҳадия пешкаш бикунам,
18Ва дар ҳолате ки таҳорат ёфта будам, ва дар гирду пешам на мардуме буд, на ғавғое, маро дар маъбад чанд нафар яҳудиёни вилояти Осиё диданд,
19Ки онҳо низ мебоист дар ин ҷо назди ту меистоданд ва, агар чизе бар зидди ман дошта бошанд, даъво мекарданд;
20Ё худи инҳо бигӯянд, ки аз ман, вақте ки назди шӯрои пирон истода будам, чӣ хатое дидаанд,
21Чуз он як сухан, ки дар миёни онҳо истода, бо овози баланд гуфтам, ки аз барои эҳьёи мурдагон имрӯз пеши шумо муҳокима карда мешавам».
22Феликс, ки аз ин тариқат ба ҳубӣ огоҳӣ дошт, муҳокимаро ба таъхир андохта, гуфт: «Вақте ки Лисиёси мириҳазор биёяд, кори шуморо тафтиш хоҳам кард».
23Ва ба мирисад амр фармуд, ки Павлусро дар бандиҳона нигоҳ дорад, лекин ба ӯ сабукӣ диҳад ва ба ҳеҷ касе аз наздиконаш, ки барои ҳизмат ё мулоқоти ӯ меоянд, монеъ нашавад.
Павлус бори дуюм ба ҳузури Феликс.
24Баъд аз чанд рӯз Феликс бо ҳамсари ҳуд Друсила, ки занаки яҳудӣ буд, омад ва Павлусро даъват намуда, суханони ӯро дар бораи имон ба Масеҳ гӯш кард.
25Аммо вақте ки ӯ дар бораи адолат, парҳезгорӣ ва доварии оянда сухан меронд, Феликс ба ҳарос афтода, ҷавоб дод: «Алҳол бирав, ва ҳар гоҳ фурсат ёбам, боз туро даъват хоҳам кард».
26Дар айни ҳол вай умедвор буд, ки Павлус ба вай пул медиҳад, то ки ӯро озод кунад; бинобар ин ӯро дам ба дам даъват намуда, бо ӯ мусоҳиба мекард.
Ду соли оромӣ дар Қайсария.
27Лекин баъд аз гузаштани ду сол Поркиюс Фестус ба ҷои Феликс таъин шуд, ва Феликс, ки мехост яҳудиёнро хурсанд созад, Павлусро дар зиндон нигоҳ дошт.

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in