YouVersion Logo
Search Icon

Аъмоли Ҳаввориён 23

23
БОБИ БИСТУ СЕЮМ
Павлус ба ҳузури шӯрои пирон.
1Павлус ба шӯрои пирон назар дӯхта, гуфт: «Эй бародарон! Ман то имрӯз дар хузури Худо бо виҷдони пок рафтор кардаам».
2Саркоҳин Ҳанониё ба онҳое ки назди ӯ истода буданд, фармон дод, ки ба даҳонаш як торсакӣ зананд.
3Павлус ба вай гуфт: «Худо туро хоҳад зад, эй девори сафедшуда! Ту нишастаӣ, ки маро аз рӯи шариат доварӣ кунӣ, вале бар хилофи шариат амр медиҳӣ, ки маро бизананд».
4Онҳое ки назди ӯ истода буданд, гуфтанд: «Саркоҳини Худоро дашном медиҳӣ?»
5Павлус гуфт: «Эй бародарон, ман надонистам, ки вай саркоҳин аст; зеро ки навишта шудааст: „Ба пешвои қавми худ носазо нагӯй“».
6Вақте ки Павлус фаҳмид, ки як қисми онҳо саддуқиён ва қисми дигарашон фарисиён мебошанд, дар шӯрои пирон нидокунон гуфт: «Эй бародарон! Ман фарисӣ ва фарзанди фарисӣ ҳастам, ва аз барои умеди эҳьёи мурдагон дар ин ҷо муҳокима карда мешавам».
7Ҳамин ки ин суханонро гуфт, дар миёни фарисиён ва саддуқиён низоъ афтод, ва аҳли ҷамъомад ду тақсим шуданд;
8Зеро саддуқиён мегӯянд, ки на эҳьё вуҷуд дорад, на фаришта ё рӯҳ, аммо фарисиён ин ҳар дуро зътироф менамоянд.
9Ғавғои азиме ба амал омад, ва китобдонони фирқаи фарисиён бархоста, баҳскунон гуфтанд: «Мо дар ин шахс ҳеҷ бадӣ намебинем; ва агар рӯҳе ё фариштае ба вай сухан гуфта бошад, ба Худо муқобилат нахоҳем кард».
10Аммо азбаски ихтилофот қувват гирифт, мириҳазор аз хавфи он ки Павлусро тикка‐тикка кунанд, ба сарбозон фармон дод, ки ӯро аз миёни онҳо гирифта, ба қалъа дароранд.
11Ҳамон шаб Худованд ба ӯ зоҳир шуда, гуфт: «Устувор бош, Павлус, ва чӣ тавре ки дар Ерусалим дар ҳаққи Ман шаҳодат додӣ, дар Рум низ бояд ҳамон тавр шаҳодат диҳӣ».
Суиқасди яҳудиён ба муқобили Павлус.
12Чун чашми рӯз кушода шуд, баъзе аз яҳудиён забон як карда, қасам хӯрданд, ки то Павлусро накушанд, ба ҳеҷ хӯрданӣ ва нӯшиданӣ лаб назананд;
13Шумораи онҳое ки чунин аҳд карда буданд, бештар аз чиҳил нафар буд;
14Онҳо назди саркоҳинон ва пирон рафта, гуфтанд: «Мо савганд ёд кардем, ки то Павлусро накушем, чизе начашем;
15Акнун шумо ва шӯрои пирон ба мириҳазор ҳабар диҳед, ки фардо ӯро назди шумо бароварад, гӯё ки меҳоҳед кори ӯро аниқтар дида бароед; ва мо тайёр ҳастем, ки ӯро, пеш аз наздик омаданаш, бикушем».
16Аммо ҳоҳарзодаи Павлус аз қасди онхо воқиф шуд ва рафта, ба қалъа даромад ва Павлусро хабардор кард.
17Павлус яке аз мирисадҳоро даъват намуда, гуфт: «Ин ҷавонро назди мириҳазор бибар, зеро чизе дорад, ки ба ӯ бигӯяд».
18Вайро гирифта, назди мириҳазор бурд ва гуфт: «Павлуси бандӣ маро даъват намуда, ҳоҳиш кард, ки ин ҷавонро назди ту биёрам, зеро чизе дорад, ки ба ту бигӯяд».
19Мириҳазор дасти вайро гирифта, ба ҳилватгоҳе бурд ва пурсид: «Чӣ чиз аст, ки меҳоҳӣ ба ман бигӯӣ?»
20Гуфт: «Яҳудиён маслиҳатро ба як ҷо мондаанд, ки аз ту хоҳиш кунанд, то Павлусро фардо назди шӯрои пирон барорӣ, гӯё ки онҳо меҳоҳанд кори ӯро аниқтар тафтиш намоянд;
21Аммо ту ба онҳо гӯш надеҳ, зеро ки бештар аз чиҳил нафарашон дар сари роҳи ӯ камин сохтаанд ва савганд ёд кардаанд, ки то ӯро накушанд, чизе нахӯранд ва нанӯшанд; ва ҳоло онҳо тайёр шуда, мунтазири фармоиши ту истодаанд».
22Мириҳазор ҷавонро ҷавоб дода, гуфт: «Ба ҳеҷ кас нагӯ, ки маро аз ин роз ҳабардор кардаӣ».
Павлус ба Қайсария назди Феликс фиристода шуд.
23Сонӣ ду мирисадро даъват намуда, гуфт: «Дусад сарбоз ва ҳафтод савора ва дусад найзаандозро омода кунед, то ки имшаб соати сеюм ба Қайсария бираванд.
24Инчунин маркабҳо ҳозир созед, то ки Павлусро савор карда, ба саломатӣ назди Феликси ҳоким равона намоед».
25Ӯ номае ба ин мазмун навишт:
26«Клавдиюс Лисиёс ба мӯҳтарам Феликси ҳоким салом мерасонад;
27Ин одамро яҳудиён дастгир карда буданд ва қасди куштани ӯро доштанд;
чун фаҳмидам, ки фуқарои Рум аст, бо сарбозон рафта, аз дасташон раҳонидам;
28Азбаски ҳостам бидонам, ки бар ӯ чӣ даъво доранд,
ӯро ба шӯрои пирони онҳо овардам
29Ва донистам,
ки ӯро дар ақидаҳои баҳсноки оид ба шариаташон айбдор мекунанд,
вале ӯ ҳеҷ коре накардааст, ки сазовори марг ё ҳабс бошад;
30Чун ба гӯшам расид, ки яҳудиён қасди ҷони ин одам доранд,
фавран ӯро назди ту фиристодам ва ба даъвогаронаш низ амр фармудам,
ки даъвоҳои худро дар ҳаққи ӯ дар ҳузури ту баён кунанд;
вассалом».
31Сарбозон мувофиқи дастуре ки ба онҳо дода шуд, Павлусро гирифта, шабона ба Антипотрис бурданд.
32Ва рӯзи дигар ба саворон вогузор карданд, ки бо ӯ бираванд, ва худашон ба қалъа баргаштанд.
33Ҳамин ки онҳо ба Қайсария расиданд, номаро ба дасти ҳоким супурда, Павлусро низ назди ӯ ҳозир сохтанд.
34Ҳоким номаро ҳонда, пурсид, ки ӯ аз кадом вилоят аст, ва чун фаҳмид, ки аз Қилиқия аст, гуфт:
35«Вақте ки даъвогарони ту ҳозир шаванд, сухани туро ҳоҳам шунид». Ва амр фармуд, ки ӯро дар сарбозхонаи Ҳиродус нигоҳ доранд.

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in