YouVersion Logo
Search Icon

Аъмоли Ҳаввориён 22

22
БОБИ БИСТУ ДУЮМ
Ба ҳузури мардуми бисьёр худро ҳимоят кардани Павлус.
1«Эй бародарон ва эй падарон! Он чиро, ки пеши шумо барои муҳофизати худ арз менамоям, гӯш кунед».
2Чун шуниданд, ки ба онҳо ба забони ибронӣ сухан мекунад, боз зиёдтар хомӯш шуданд. Ӯ гуфт:
3«Ман яҳудӣ ҳастам, ки дар Тарсуси Қилиқия таваллуд шудаам ва дар ин шаҳр дар хизмати Ҷамлиил тарбият ёфтаам ва шариати падаронро бодиққат омӯхтаам ва дар роҳи Худо ғаюр будам, чунон ки ҳамаи шумо имрӯз ҳастед;
4Ва ин тариқатро то ба дараҷаи марг таъқиб менамудам ва мардону занонро побанд карда, дар зиндон меандохтам;
5Дар бораи ман саркоҳин ва ҳамаи пирон низ шаҳодат хоҳанд дод, ки ман аз онҳо номаҳо гирифта, ба Димишқ назди бародарон рафта будам, то ки дар он ҷо масеҳиёнро бандӣ карда, барои ҷазо ба Ерусалим биёрам;
6Аммо дар аснои роҳ, вақте ки ба Димишқ наздик меомадам, қариби пешин баногоҳ нури азиме аз осмон давродаври ман дурахшид;
7Бар замин афтодам ва овозе шунидам, ки ба ман мегуфт: „Шоул, Шоул! Барои чӣ Маро таъқиб мекунӣ?“
8Ба ҷавоб гуфтам: „Худовандо, Ту кистӣ?“ Ӯ ба ман гуфт: „Ман он Исои Носирӣ ҳастам, ки ту Ӯро таъқиб мекунӣ“.
9Онҳое ки ҳамроҳи ман буданд, нурро дида, ҳаросон шуданд, вале овози Он Касро, ки бо ман сухан мегуфт, намешуниданд.
10Он гоҳ ман гуфтам: „Худовандо! Чӣ кунам!“ Худованд ба ман гуфт: „Бархез ва ба Димишқ бирав, ва дар он ҷо ҳар коре ки бояд бикунӣ, ба ту гуфта ҳоҳад шуд“.
11Азбаски ман аз дурахши он нур нобино шуда будам, ҳамроҳонам аз дастам гирифта, маро ба Димишқ бурданд.
12Ҳанониё ном марди порсои мутеи шариат, ки дар миёни ҳамаи яҳудиёни сокини Димишқ некном буд,
13Назди ман омада, истоду ба ман гуфт: „Эй бародар Шоул! Бино шав“. Дарҳол чашмонам кушода шуду ман ӯро дидам.
14Ӯ гуфт: „Худои падарони мо туро баргузидааст, то ки иродаи Ӯро дарк намоӣ ва Он Одилро бубинӣ ва аз забонаш сухане бишнавӣ,
15Чунки аз он чи дидаӣ ва шунидаӣ, дар пеши тамоми мардум шоҳиди Ӯ хоҳӣ шуд;
16Пас, чаро таъхир мекунӣ? Бархез ва таъмид бигир ва исми Ӯро хонда, аз гуноҳҳои ҳуд пок шав“.
17Вақте ки ба Ерусалим баргашта, дар маъбад дуо мегуфтам, дар ҳолати бехудӣ афтодам
18Ва Ӯро дидам, ки мегуфт: „Шитоб намо ва аз Ерусалим зудтар равона шав, чунки шаҳодати туро дар ҳаққи Ман қабул нахоҳанд кард“.
19Гуфтам: „Худовандо! Онҳо медонанд, ки ман мӯъминони Туро дар зиндон меандохтам ва дар куништҳо шаллоқ мезадам,
20Ва ҳангоме ки хуни шоҳиди Ту Истефанусро мерехтанд, ман дар он ҷо истода, қатли ӯро таҳсин менамудам ва либосҳои қотилони ӯро посбонӣ мекардам“.
21Аммо Ӯ ба ман гуфт: „Равона шав, зеро ки Ман туро ба ҷойҳои дур сӯи ғайрияҳудиён хоҳам фиристод“».
22о ҳамин суханаш ба ӯ гӯш доданд; сонӣ фарьёд зада, гуфтанд: «Чунин шахсро аз рӯи замин маҳв кунед! Зеро ки набояд ӯ зинда бимонад».
23Дар ҳамон вақте ки онҳо дод мезаданд, ҷомаҳои худро мепартофтанд ва чангу ғубор ба ҳаво мебардоштанд,
24Мириҳазор амр фармуд, ки ӯро ба қалъа дароварда, тозиёна зананд, то фаҳманд, ки аз чӣ сабаб бар ӯ ин қадар фарьёд мезананд.
25Вақте ки ӯро бо тасмаҳо мебастанд, ба мирисаде ки наздаш истода буд, гуфт: «Оё бар шумо ҷоиз аст, ки табааи Румро, бе он ки маҳкум шуда бошад, тозиёна занед?»
26Чун мирисад инро шунид, назди мириҳазор рафта, хабар дод ва гуфт: «Оё медонӣ, чӣ мекунӣ? Ин шахс табааи Рум аст».
27Мириҳазор назди ӯ омада, пурсид: «Ба ман бигӯй, ки оё ту табааи Рум ҳастӣ?» Гуфт: «Оре».
28Мириҳазор гуфт: «Ман ин табаиятро ба бадали маблағи калон ба даст овардаам». Павлус гуфт: «Аммо ман бо он ба дуньё омадаам».
29Дарҳол онҳое ки ӯро шиканҷа карданӣ буданд, аз ӯ даст кашиданд; мириҳазор низ, румӣ будани ӯро фаҳмида, ҳаросон шуд, ки ӯро занҷир зада буд.
30Рӯзи дигар, бо мақсади донистани он ки барои чӣ яҳудиён ӯро айбдор мекунанд, ӯро аз завлона озод кард ва амр фармуд, ки саркоҳинон ва тамоми шӯрои пирон ҷамъ шаванд, ва Павлусро бароварда, назди онҳо ба по хезонд.

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in