Аъмоли Ҳаввориён 21
21
БОБИ БИСТУ ЯКУМ
Аз Милитус ба Сӯр.
1Бо онҳо хайру маъзур карда, бо киштӣ равона шудем ва рост ба Кос омадем; рӯзи дигар ба Рудс ва аз он ҷо ба Потра расидем;
2Дар он ҷо киштие ёфтем, ки ба Финиқия рафтанӣ буд, ва ба он савор шуда, ҳаракат кардем.
3Қаприсро, ки аз дур намоён шуд, ба тарафи чап монда, сӯи Сурия равона шудем ва дар Сӯр лангар андохтем, зеро ки дар он ҷо мебоист бори киштиро мефуроварданд;
Рӯҳулқудс Павлусро аз сафари Ерусалим нигоҳ медорад.
4Дар он ҷо шогирдонро пайдо карда, ҳафт рӯз истодем; онҳо аз Рӯҳ илҳом ёфта, ба Павлус гуфтанд, ки ба Ерусалим наравад.
5Чун вақти мо ба охир расид, боз ба роҳ даромадем, ва ҳама бо занону бачаҳошон моро то беруни шаҳр гусел карданд; мо дар соҳили баҳр зону зада, дуо гуфтем
6Ва бо ҳамдигар хайру хуш карда, ба киштӣ даромадем, ва онҳо ба хонаҳои худ баргаштанд.
7Аз Сӯр сафари худро бо киштӣ давом дода, ба Птолимус расидем ва дар он ҷо бо бародарон мулоқот карда, як рӯз дар наздашон истодем.
Павлус дар Қайсария.
8Рӯзи дигар Павлус ва мо, ки ҳамроҳаш будем, он ҷоро тарк карда, ба Қайсария омадем ва ба хонаи Филиппуси башоратдиҳанда, ки яке аз ҳафт нафар буд#21:8 Ниг. боби шашуми «Аъмоли ҳаввориён»., даромада, назди ӯ мондем.
9Ӯ чор дуҳтари бокира дошт, ки нубувват мекарданд.
10Баъд аз чандин рӯзе ки дар он ҷо будем, Оғобус ном набие аз Яҳудо омад
11Ва назди мо даромада, камарбанди Павлусро гирифту дастҳо ва пойҳои худро бо он баст ва гуфт: «Рӯҳулқудс мегӯяд, ки яҳудиён дар Ерусалим соҳиби ин камарбандро ҳамин тавр баста, ба дасти ғайрияҳудиён хоҳанд супурд».
12Вақте ки инро шунидем, мо ва аҳли он ҷо илтимос кардем, ки ӯ ба Ерусалим наравад.
13Аммо Павлус дар ҷавоб гуфт: «Ин чӣ корест, ки шумо мекунед? Чаро бо гирьяи худ дили маро мешиканед? Зеро ки ман тайёрам на танҳо бандӣ шавам, балки дар Ерусалим ба хотири исми Исои Худованд бимирам».
Павлус дар Ерусалим.
14Чун ба гапи мо надаромад, ба ҷуз ин сухан: «Он чи хости Худованд аст, бишавад!» — чизи дигар нагуфтем.
15Баъд аз он рӯзҳо мо тадоруки сафарро дида, сӯи Ерусалим равона шудем;
16Баъзе аз шогирдони сокини Қайсария низ ҳамроҳи мо омада, моро ба хонаи Маносӯн ном шаҳсе ки аз аҳли Қаприс ва шогирди дерина буд, оварданд, то ки назди ӯ манзил кунем.
17Вақте ки вориди Ерусалим шудем, бародарон моро бо хурсандӣ пазироӣ карданд.
Павлус мувофиқи шариати яҳудиён назр мекунад ва ҳадияи таҳоратро меоварад.
18Рӯзи дигар Павлус ҳамроҳи мо назди Яъқуб омад; ҳамаи пирон низ ҳозир шуданд.
19Пас аз салому аҳволпурсӣ аз он чи Худо ба василаи хизмати ӯ дар миёни ғайрияҳудиён ба амал оварда буд, муфассал нақл кард.
20Чун шуниданд, Худоро ҳамду сано хонданд ва ба ӯ гуфтанд: «Эй бародар, чунон ки мебинӣ, чандин ҳазор яҳудиён имон овардаанд ва ҳамаашон ғаюрони шариат мебошанд;
21Онҳо дар бораи ту шунидаанд, ки ба ҳамаи яҳудиёне ки дар миёни халқҳо умр ба сар мебаранд, таълим медиҳӣ, ки аз Мусо дур шаванд, ва мегӯӣ, ки писарони худро хатна накунанд ва қоидаҳои шариатро ба ҷо наоваранд.
22Пас, чӣ бояд кард? Албатта мардум ҷамъ хоҳанд шуд, зеро ки аз омаданат хабар хоҳанд ёфт.
23Бинобар ин он чи ба ту мегӯем, ба ҷо овар: назди мо чор одам ҳастанд, ки назре кардаанд;
24Онҳоро бо худ гирифта, ҳамроҳашон таҳорат намо ва харҷашонро ба гарданат бигир, то ки онҳо мӯйсари худро битарошанд, — ва ҳама хоҳанд фаҳмид, ки он чи дар бораи ту шунидаанд, асосе надорад, балки худат ҳам мувофиқи шариат рафтор мекунӣ.
25Лекин дар хусуси онҳое ки аз байни ғайрияҳудиён имон овардаанд, мо навишта ва амр фармуда будем, ки ба чизе риоя накунанд, балки фақат аз қурбониҳои бутҳо, аз хун, аз гӯшти ҳайвоноти буғишуда ва аз зино парҳез намоянд».
26Павлус он одамонро бо худ гирифта, ҳамроҳашон таҳорат намуд ва рӯзи дигар ба маъбад даромад ва анҷоми рӯзҳои таҳоратро, ки бояд барои ҳар яке аз онҳо ҳадияе пешкаш карда шавад, эълон кард.
Павлусро яҳудиён дар маъбад дастгир карданд.
27Вақте ки ҳафт рӯз ба охир мерасид, яҳудиёни аҳли вилояти Осиё ӯро дар маъбад дида, тамоми мардумро ба шӯр оварданд ва ба ӯ дасти тааддӣ дароз карданд
28Ва фарьёд зада, гуфтанд: «Эй мардони Исроил, мадад кунед! Ин ҳамон касест, ки ҳамаро дар ҳар ҷо бар зидди қавм ва шариат ва бар зидди ин макон таълим медиҳад, дар айни ҳол юнониҳоро низ ба маъбад дароварда, ин макони муқаддасро палид кардаст».
29Зеро ки пеш аз ин онҳо Трофимуси эфсӯсиро бо ӯ дар шаҳр дида буданд ва гумон карданд, ки Павлус вайро ба маъбад овардааст.
30Тамоми шаҳр ба ҷунбиш омад, мардуми бисьёре ҷамъ шуданд ва Павлусро дастгир карда, аз маъбад берун бароварданд ва дарҳол дарҳоро бастанд.
31Вақте ки онҳо қасди ҷони ӯ мекарданд, ба мириҳазори сипоҳ ҳабар расид, ки тамоми Ерусалим ба ошӯб омадааст;
32Вай дарҳол сарбозон ва мирисад ҳоро бо худ гирифта, сӯи онҳо шитофт, ва ҳангоме ки онҳо мириҳазор ва сарбозонро диданд, аз задани Павлус даст кашиданд.
Павлусро бо ду занҷир мебанданд.
33Мириҳазор наздик омада, ӯро дастгир кард ва амр фармуд, ки ӯро бо ду занҷир бибанданд, ва пурсид, ки ин кист ва чӣ гуноҳе кардааст?
34Аз байни издиҳом дод зада, баъзеҳо як чиз ва баъзеҳо чизи дигар мегуфтанд, ва азбаски вай аз боиси шӯру ғавғо ҳақиқати ҳолро фаҳмида натавонист, фармон дод, ки ӯро ба қалъа баранд.
35Вақте ки ӯ ба зинапоя расид, сарбозонро лозим омад, ки ба сабаби хашми мардум ӯро бардошта баранд,
36Зеро ки мардуми бисьёре аз қафо омада, фарьёд мезаданд, ки «ӯро бикушед!»
37Пеш аз он ки вориди қалъа шаванд, Павлус ба мириҳазор гуфт: «Оё ҷоиз аст ба ту чизе бигӯям?» Гуфт: «Оё забони юнониро медонӣ?
38Оё ту ҳамон мисрие нестӣ, ки якчанд рӯз пеш аз ин, фитнае барангехта, чор ҳазор одамкушро бо худ ба биёбон бурд?»
39Павлус гуфт: «Ман яҳудӣ ҳастам, аз Тарсус, табааи Қилиқия, ки шаҳри машҳур аст; хоҳишмандам иҷозат бидеҳ, то ки ба мардум суҳане гӯям».
40Вақте ки иҷозат дод, Павлус дар болои зина истода, бо дасташ ба мардум ишора кард, ва ҳамин ки хомӯшии том барқарор гашт, ба забони ибронӣ ба сухан шурӯъ намуда, чунин гуфт:
Currently Selected:
Аъмоли Ҳаввориён 21: KM92
Highlight
Share
Compare
Copy
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.