YouVersion Logo
Search Icon

Аъмоли Ҳаввориён 20

20
БОБИ БИСТУМ
Павлус дар Мақдуния ва Юнон.
1Пас аз он ки ин шӯру ғавғо ҳотима ёфт, Павлус шогирдонро даъват намуда, хайру маъзур кард ва ба Мақдуния равона шуд.
2Дар он ноҳия гашта, бисьёр насиҳат дод ва ба Юнон омад;
3Дар он ҷо се моҳ истод; азбаски яҳудиён ба муқобили ӯ ошӯб бардоштанд, ӯ азми сафари Сурия кард ва ба фикре омад, ки бо роҳи Мақдуния гашта равад.
4То ба вилояти Осиё ҳамроҳи ӯ инҳо рафтанд: Супотрус аз аҳли Бирия, Ористархус ва Секундус аз аҳли Таслӯникӣ, Ғоюс аз Дарба, Тимотиюс ва аз мардуми Осиё Тӯхиқӯс ва Трофимус.
5Инҳо аз мо пештар рафта, дар Трӯос мунтазири мо шуданд.
Павлус дар Трӯос.
6Лекин мо пас аз айёми иди фатир аз Филиппӣ бо киштӣ рафтем ва баъд аз панҷ рӯз ба Трӯос назди онҳо расидем ва дар он ҷо ҳафт рӯз истодем.
7Рӯзи якшанбе, вақте ки шогирдон барои нон шикастан ҷамъ шуданд, Павлус, ки фардояш аз он ҷо рафтанӣ буд, бо онҳо мусоҳиба намуд, ва суханаш то нисфи шаб давом кард.
8Дар болохонае ки мо ҷамъ шуда будем, чароғҳои бисьёре месӯхт.
9Офтихӯс ном чавоне ки бар остонаи тиреза нишаста буд, ба пинак рафт, ва ҳангоме ки мусоҳибаи Павлус тӯл мекашид, хоби сахташ бурда, баногоҳ аз ошьёнаи сеюм ба зер афтод, ва чун ӯро бардоштанд, мурда буд.
10Павлус поён фуромада, худро болои ӯ партофт ва ӯро дар оғӯш гирифта, гуфт: «Хавотир накашед, зеро ки ҷони ӯ дар ӯст».
11Баъд боло баромад ва нонро шикаста, хӯрд ва то субҳ гуфтугӯи бисьёре карда, ба роҳи худ равона шуд.
12Дар ин миён он ҷавонро зинда оварданд, ва ҳотирашон хеле осуда шуд.
Аз Трӯос ба Милитус.
13Мо зуд ба киштӣ савор шуда, ба Асӯс рафтем, то ки аз он ҷо Павлусро ҳамроҳи худ бигирем, зеро ки ҳамин тавр амр фармуда буд, ва ӯ ният дошт ба он ҷо пиёда равад.
14Вақте ки дар Асӯс бо мо вохӯрд, ӯро ҳамроҳи худ гирифта, ба Митилинӣ омадем.
15Аз он ҷо бо киштӣ равона шуда, рӯзи дигар дар рӯ ба рӯи Хиюс бозистодем; рӯзи сеюм ба Сомӯс расидем ва дар Труҷилиюн истода, фардои он вориди Милитус шудем,
16Зеро ки Павлус ният дошт аз паҳлуи Эфсӯс гузашта равад, то ки дар вилояти Осиё даранг накунад, чунки ӯ таъҷил менамуд, ки ба қадри имкон дар арафаи иди Пантикост дар Ерусалим бошад.
Павлус дар Милитус.
Видоъ бо пирони калисои Эфсӯс.
17Аз Милитус ба Эфсӯс кас фиристода, пирони калисоро даъват намуд,
18Ва ҳангоме ки назди ӯ омаданд, ба онҳо гуфт: «Шумо медонед, ки аз рӯзи аввали ба Осиё қадам монданам, дар тамоми вақте ки бо шумо будам, ман чӣ гуна рафтор кардам,
19Дар ҳолате ки бо камоли фурӯтанӣ, бо ашкҳои бисьёр ва бо машаққатҳое ки ба туфайли дасисаҳои яҳудиён ба сарам меомад, ба Худованд ҳизмат кардам,
20Ва чӣ гуна ман ҳар чизеро, ки фоиданок буд, аз шумо дареғ надоштам, балки дар пеши тамоми мардум ва хона ба ҳона гашта, ба шумо мавъиза намудам ва таълим додам
21Ва ба яҳудиён ва юнониён ҳотирнишон мекардам, ки назди Худо тавба кунанд ва ба Худованди мо Исои Масеҳ имон оваранд.
22Ва инак, ҳоло бо тақозои Рӯҳ ба Ерусалим меравам ва аз он чи дар он ҷо ба сарам ҳоҳад омад, чизе намедонам,
23Ҷуз ин ки Рӯҳулқудс дар ҳар шаҳр шаҳодат дода, мегӯяд, ки занҷирҳои асорат ва уқубатҳо барои ман муҳайёст.
24Лекин ба ин чизҳо нигоҳ намекунам ва ҷони худро азиз намедорам, балки муроди ман фақат ин аст, ки вазифаи худро ва он ҳизматеро, ки Исои Худованд ба ман супурдааст, яъне мавъизаи Инҷили файзи Худоро ба хушӣ анҷом диҳам.
25Ва алҳол инро медонам, ки ҳамаи шумо, ки дар байнатон гашта, Малакути Худоро мавъиза намудаам, дигар рӯи маро нахоҳед дид.
26Бинобар ин имрӯз ба шумо шаҳодат медиҳам, ки ман аз хуни ҳамаатон мубарро ҳастам,
27Зеро ки ҳеҷ як фурсатро аз даст надодаам, ки ба шумо тамоми иродаи Худоро бифаҳмонам.
28Пас, нигаҳбони худатон ва нигаҳбони тамоми он рамае бошед, ки Рӯҳулқудс шуморо барои назорат кардани он таъин намудааст, то ки Калисои Худоро, ки Ӯ бо Хуни Худ харидааст, бичаронед.
29Зеро ман медонам, ки баъд аз рафтани ман гургҳои дарранда ба миёни шумо ҳоҳанд омад, ки ба рама раҳме наҳоҳанд кард;
30Аз миёни ҳудатон низ шахсоне пайдо ҳоҳанд шуд, ки суханони каҷ ҳоҳанд гуфт, то ки шогирдонро аз ақиби худ бикашанд.
31Бинобар ин ҳушьёр бошед ва дар ҳотир нигоҳ доред, ки чӣ гуна ман дар давоми се сол, рӯзонаю шабона ашк реҳта, ҳар яке аз шуморо таълим додам.
32Акнун, эй бародарон, шуморо ба Худо ва ба каломи файзи Ӯ месупорам, ки қодир аст шуморо обод гардонад ва дар миёни ҳамаи муқаддасон ба шумо меросе бибахшад.
33Ман ба симу зар ё пероҳани касе чашм надӯхтаам:
34Худатон медонед, ки ҳамин дастҳои ман барои таъмини эҳтиёҷоти худам ва ҳамроҳонам хизмат кардааст.
35Бо тамоми рафтори худ ман ба шумо нишон додаам, ки мо бояд ҳамин тавр меҳнат карда, нотавононро дастгирӣ намоем ва суханони Исои Худовандро дар хотир нигоҳ дорем, ки Ӯ гуфтааст: „Додан аз гирифтан беҳтар аст“».
36Баъд аз гуфтани ин суханон зону зада, бо ҳамаашон дуо гуфт.
37Ҳама гирьяи бисьёр карданд ва Павлусро ба оғӯш кашида, мебӯсиданд.
38Алалхусус аз чунин сухани ӯ хеле ғамгин шуданд, ки гуфта буд: «Рӯи маро дигар нахоҳед дид». Ва ӯро то киштӣ гуселониданд.

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in