1
Аъмоли Ҳаввориён 20:35
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
Бо тамоми рафтори худ ман ба шумо нишон додаам, ки мо бояд ҳамин тавр меҳнат карда, нотавононро дастгирӣ намоем ва суханони Исои Худовандро дар хотир нигоҳ дорем, ки Ӯ гуфтааст: „Додан аз гирифтан беҳтар аст“».
Compare
Explore Аъмоли Ҳаввориён 20:35
2
Аъмоли Ҳаввориён 20:24
Лекин ба ин чизҳо нигоҳ намекунам ва ҷони худро азиз намедорам, балки муроди ман фақат ин аст, ки вазифаи худро ва он ҳизматеро, ки Исои Худованд ба ман супурдааст, яъне мавъизаи Инҷили файзи Худоро ба хушӣ анҷом диҳам.
Explore Аъмоли Ҳаввориён 20:24
3
Аъмоли Ҳаввориён 20:28
Пас, нигаҳбони худатон ва нигаҳбони тамоми он рамае бошед, ки Рӯҳулқудс шуморо барои назорат кардани он таъин намудааст, то ки Калисои Худоро, ки Ӯ бо Хуни Худ харидааст, бичаронед.
Explore Аъмоли Ҳаввориён 20:28
4
Аъмоли Ҳаввориён 20:32
Акнун, эй бародарон, шуморо ба Худо ва ба каломи файзи Ӯ месупорам, ки қодир аст шуморо обод гардонад ва дар миёни ҳамаи муқаддасон ба шумо меросе бибахшад.
Explore Аъмоли Ҳаввориён 20:32