YouVersion Logo
Search Icon

2 ба Қӯринтиён 1

1
БОБИ ЯКУМ
Худо — Падари марҳамат ва ҳар тасалло.
1Павлус, ки бо иродаи Худо ҳаввории Исои Масеҳ аст, ва бародари мо Тимотиюс, ба калисои Худо, ки дар Қӯринтӯс воқеъ аст, ба ҳамаи муқаддасоне ки дар тамоми Охоия мебошанд:
2Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.
3Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, Падари марҳаматҳо ва Худои ҳар тасалло,
4Ки моро дар ҳар андӯҳи мо тасалло медиҳад, то ки мо андӯҳгинонро дар ҳар андӯҳашон тасалло дода тавонем бо ҳамон тасаллое ки худамон аз Худо меёбем.
5Зеро ба андозае ки уқубатҳои Масеҳ дар мо зиёд мешавад, тасаллои мо низ ба воситаи Масеҳ меафзояд.
6Агар андӯҳгин шавем, ин барои тасалло ва наҷоти шумост, ки он ба воситаи дидани ҳамон уқубатҳое ба амал меояд, ки мо ҳам онҳоро аз сар мегузаронем; ва агар тасалло ёбем, ин ҳам барои тасалло ва наҷоти шумост;
7Ва умеди мо дар бораи шумо устувор аст, зеро медонем, ки ҳам дар уқубатҳо ва ҳам дар тасалло шумо шарик ҳастед.
8Зеро намехоҳем, ки шумо, эй бародарон, аз андӯҳе ки дар вилояти Осиё ба сари мо афтод, бехабар бошед, ки он бар мо аз ҳад зиёд, ба андозаи аз қувва берун гарон омад, ба тавре ки аз зиндагӣ ҳам умеди худро кандем;
9Ва мо дар дили худ ҳукмномаи мамотро доштем, то ки ба худамон таваккал накунем, балки ба Худои эҳьёкунандаи мурдагон,
10Ки Ӯ моро аз чунин мамот халос кард ва ҳанӯз халос мекунад, ва ба Ӯ умед мебандем, ки боз ҳам халос хоҳад кард,
11Бо мадади дуое ки шумо низ барои мо мегӯед, то ки барои он эҳсоне ки бо шафоати касони бисьёр ба мо ато шудааст, касони бисьёр барои мо шуқргузор бошанд.
12Зеро фахри мо ин аст, ки виҷдони мо шаҳодат медиҳад, ки нисбат ба ҷаҳон, алалхусус ба шумо дар беайбӣ ва самимияти илоҳӣ рафтор кардаем, ва ин ба воситаи ҳикмати ҷисмонӣ набуд, балки аз файзи Худо буд.
Ҳамаи ваъдаҳои Худо дар Исои Масеҳ аст.
13Ва мо маҳз онро ба шумо менависем, ки шумо мехонед ва мефаҳмед, ва умедворам, ки то ба охир хоҳед фаҳмид,
14Чунон ки ҳоло қисман фаҳмидаед, ки мо барои шумо мавриди фахр хоҳем буд, чунон ки шумо низ барои мо, дар рӯзи Масеҳи Худованди мо.
15Ва бо ҳамин эътимод ман ният доштам аввал назди шумо биёям, то ки дубора файз ёбед,
16Ва аз мавзеи шумо ба Мақдуния гузашта равам ва боз аз Мақдуния назди шумо биёям, ва шумо маро ба Яҳудо гусел кунед.
17Пас, модоме ки чунин ният доштам, оё бемулоҳиза рафтор кардам? Ё ки он чи ман иқдом менамоям, оё ба ҳасби ҷисм иқдом менамоям, ба тавре ки дар ман гоҳ «оре, оре», гоҳ «не, не» мешавад?
18Худо амин аст, ки сухани мо ба шумо гоҳ «оре», гоҳ «не» набуд.
19Зеро Писари Худо Исои Масеҳ, ки мо, яъне ман ва Силвонус ва Тимотиюс, дар миёни шумо Ӯро мавъиза намудаем, «оре» ва «не» набуд, балки дар Ӯ фақат «оре» буд, —
20Зеро ки ҳамаи ваъдаҳои Худо дар Ӯ «оре» буд ва дар Ӯ «омин» буд, — барои ҷалоли Худо, ба воситаи мо.
21Ва Он ки мову шуморо дар Масеҳ устувор мегардонад ва моро тадҳин намудааст, Худост,
22Ки Ӯ низ моро мӯҳр задааст ва гарави Рӯҳро дар дилҳои мо андохтааст.
23Ман Худоро ба шоҳидӣ бар ҷони худ даъват менамоям, ки шуморо амон дода, то ҳол ба Қӯринтӯс наомадаам,
24На ба он сабаб ки гӯё мо бар имони шумо ҳукмфармо мешуда бошем; балки мо ба шодмонии шумо мадад мерасонем, зеро ки шумо ба василаи имон устувор ҳастед.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy